Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои муқобили "Фараж" пас гирифта шуд


Парвандаи алайҳи ҳафтаномаи «Фараж» дар додгоҳи ноҳияи Сомонӣ ба далели аз даъво гузаштани муддаӣ қатъ шудааст.

Хуршед Атовулло сардабири ҳафтаномаи "Фараж" ба радиои Озодӣ гуфт, ки мурофиаи ниҳоии қазия ҳафтаномаи «Фараж», 5-уми июн дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сурат гирифт ва ҷониби даъвогар аз идомаи баҳси худ даст кашид ва бо ҳамин баҳси додгоҳии мазкур қатъ карда шуд.

Ба гуфтаи ӯ, баъди гуфтушуниди тарафҳо, намояндаи ваколатдори даъвогар Азизов Файзиддин ба суд муроҷиат карда гуфтааст, ки онҳо бо ҷавобгарон Шарипов Даврон, Шарипов Собирҷон ва Шарипова Зевар ба мувофиқа омаданд. Аз ин рӯ, бо сабаби барқарор гардидани зарари расонидашуда, зарурияти баррасии парвандаи гражданӣ бо даъвои ӯ нисбати Шарипова Зевар ва нашрияи «Фараж» дар бораи ҳимояи шаъну шараф, эътибори корӣ ва рӯёнидани зарари маънавӣ аз байн рафтааст. Барои ҳамин, Бобошеров Урунбой ҳамчун намояндаи ваколатдор аз додгоҳ хоҳиш кард, ки парвандаи номбурда, бинобар аз даъво даст кашидани ӯ қатъ карда шавад.

Ин қазия тайи паҷ соли ахир мавриди баҳси ду шаҳрванд қарор дошт, аммо
пас аз он ки ҳафтаномаи «Фараж» дар саҳифаи худ муроҷиати шаҳрванд Шарипова Зевар яке аз тарафҳои баҳсро дар як мақола таҳти унвони «Даҳшат дар суди Рудакӣ: «Мерседес»-22000 доллар!!!«, 17 августи соли 2011 ба нашр расонид, нашрия вориди ин баҳс шуд.

Файзиддин Азизов сокини ноҳияи Рӯдакӣ, муовини раиси яке аз ҷамоатҳои ин ноҳия, ҳамчун ҷабрдида ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавриди ин ки гуё ҳафтаномаи «Фараж» ба паст задани шаъну эътибор ва мартабаи кории ӯ айбдор аст, аризаи даъвогӣ ирсол намуд ва барои зарараи маънавии худ аз додгоҳ талаб кард, ки аз нашрияи Фараж 500000 сомонӣ руёнида шавад.

Дар ин навишта сухан дар бораи садамаи нақлиётӣ ва осеб дидани «Мерседес»-и сохти соли 1990 меравад. Суди ноҳияи Рӯдакӣ аризаи шикоятии Файзиддин Азизов соҳиби "Мерседес"-ро баррасӣ карда, ронандаи автомашинаи дигарро барои расонидани зарар дар ҳаҷми 22 ҳазор доллари ИМА ҷарима бастааст.

Пас аз панҷ мурофиа тарафҳои баҳс ба созиш омаданд ва додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ парвандаи мазкурро аз идомаи баҳс боздошт ва бо ҳамин мусолиҳа, ки ҷузъиёти он шарҳ дода намешавад, поён ёфт.
XS
SM
MD
LG