Мақомоти пулиси вилояти Ҷалолобод мегӯянд, ҳоло дар ҳамкорӣ бо пулиси Маскав онҳо ин ҷавононро ошкор кардаанд.
Айнаро тибқи суннатҳои миллии қирғизҳо дар 17 солагӣ ҷавоне рабуд ва вайро ба занӣ гирифт. Вале зиндагии якҷояи онҳо се моҳ давом кард. Дар ҷӯстуҷӯи кор дар зодгоҳаш муваффақ нашуд ва роҳи муҳоҷират ба Русияро пеш гирифт.
Дар ин навори видеоӣ ҷавононе, ки худро аз гурӯҳи “Патриот” ном мебаранд, Айнаи бараҳнаро бозпурсӣ ва муттаҳам мекунанд, ки вай бо мардҳо ва ҷавонони миллатҳои ғайр алоқаи ҷинсӣ доштааст ва миллати худро дар кишвари бегона беобрӯ кардааст. Баъд аз бозгашти Айна ба деҳааш дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ба хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ муйясар шуд, ки вайро пайдо кунад ва дар бораи саргузашташ дар Маскав бипурсад. Дар сӯҳбат Айна гуфт, ки ҳамаи моҷаро аз метрои Маскав оғоз ёфтааст. Дар он ҷо вайро як ҷавони қирғиз боздошт кардааст.
Саҳнаи моҷарои метроро Айна ин гуна ба хотир меорад: “Вай аз дасти ман дошт ва гуфт, ки ту бо дигарон ҳамхобагӣ мекунӣ. Бо тасма маро мезад, бо телефонаш аксбардорӣ мекард, гапҳои қабеҳ мегуфт. Ба дӯстонаш занг зад. Онҳо омаданд ва маро таҳқир мекарданд, мезаданд, Пурсиданд, ки дар куҷо зиндагӣ мекунӣ. Баъд бо ман ба ҷои зистам омадем. Дар он ҷо зану шавҳар зиндагӣ мекарданд. Занаш дар хона набуд, агар вай дар хона мебуд, маро мефаҳмид, вале шавҳараш хомӯш буд, гап намезад. Ҷавонон ду нафар буданд. Фармон доданд, ки либосҳоямро кашам. Маро бӯғӣ карданд. Аз ҳуш рафтам. Вақте, ки ба ҳуш омадам, дар танам либос набуд”.
Айна дар идомаи суханонаш мегӯяд, онҳо дар ҳолати урёнӣ вайро бозпурсӣ кардаанд, ҳар вақт мезаданд ва бо корд таҳдид мекарданд. Айна иқрор мекунад, ки аз тарс дар ин навор ҳар чӣ мегӯяд ва аз зиндагӣ умедашро меканад. Фикр мекунад, ки дигар зинда намемонад. Вале акнун, ки он шиканҷаву азияти ногувор паси сар шудааст, Айна фикр мекунад, ки гӯё ҳамаи он дар хоб будааст. Ин ҷавонон вайро аз хонаи зисташ ба ҷои дигар мебаранд, то масъалаи ба ватан фиристоданашро маслиҳат кунанд. Вале Айна он вақт пул надоштаст. Дар аснои маслиҳату машварат байни гурӯҳи ҷавонон моҷаро бархостааст. Баъзеҳо мегуфтанд, ки чаро барои бозгардонидани ин духтар пули беҳуда сарф кунанд, вале баъзеҳои дигар таъкид мекарданд, ки бояд вайро ба Қирғизистон фиристанд.
Ба гуфтаи Айна, дар ин муддат ба вай соҳибхоназан занг задааст ва таъкид кардааст, ки ин ҷавонон бояд вайро ба хона баргардонанд. Чун онҳо фаҳмидаанд, ки духтар бо соҳибхоназан сӯҳбат мекунад, аз вай талаб кардаанд, то бигӯяд, ки онҳо одамони хуб ҳастанд ва ба вай ҷои кор пайдо мекунанд: “Баъд аз ин яке аз ҷавонон фармон дод, ки ман бихобам. Дар он лаҳза ба ҷуз аз итоат ба амри онҳо ман чӣ кор карда метавонистам”.
Ҷавонони муҳоҷири қирғиз, ки худро аз гурӯҳи “Патриот” муаррифӣ карда буданд, навори видеоиро худро аз саҳнаҳои бозпурсӣ ва шиканҷа дар интернет ҷой доданд, то ба дигарон ба қавли худашон ибрат шавад. Айна низ ба Қирғизистон ҷон ба саломат бурд ва бо машварати дӯстонаш ба пулис муроҷиат кард.
Пулиси Ҷалолобод, парванда боз кард ва акнун маводи гирдовардаашро ба пулиси Маскав мефиристад.
Нурбек Алимбоев-бозраси доситонии вилояти Ҷалолобод ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ҳуҷҷатҳо барои фиристодан ба Русия омода аст: “Бо вуҷуди ин ки аз он замон хеле вақт гузаштааст, мо экспертизаи тиббиву додгоҳӣ анҷом додем. Натиҷаҳои онро ҳуҷҷат кардем ва бо маводи дигар ба Маскав мефиристем. Ин ҷавононро ошкор кардаанд. Ба эҳтимоли зиёд онҳо дар Маскав ба сар мебаранд. Онҳо аз рӯи аксу навор ошкор шудаанд. Тибқи қонун расидагӣ дар ҷое бояд анҷом бигирад, ки ҳодиса рух додааст. Барои ҳамин ҳамаи маводро ба ниҳодҳои он ҷо фиристодем”.
Ҳоло дар Маскав ҷараёни расидагӣ ба ин парвандаро сафорати Қирғизистон дар Русия бар ӯҳда гирифтааст. Ҷавонони қирғиз барои сар ба худ раво дидани ҳар навъ шиканҷа, таҳқир ва сар ба худ содир кардани фармон дар бораи сарнавишти Айна маҳкум хоҳанд шуд. Ин танҳо намунае нест, ки ҷавонони қирғиз дар Русия аз роҳи шиканҷаву таҳқир даст ба “ташаббус”-и тарбияи духтарону занони ҳамватани худ задаанд.
Соли гузашта низ як зани қирғиз бо номи Розия барои дарёфти маблағ маҷбур шуд ба Маскав муҳоҷират кунад. Вале дар давоми 4 моҳи ҷустуҷӯ коре пайдо накард ва аз навмедиву маҳрумиятҳои зист саранҷом худро аз табақаи 7 ба замин партофт.
Як духтари 19 солаи дигар бо номи Айнагул аз ҷавоне ҳомиладор шуд. Вале ҷавон дар остонаи таваллуд духтарро тарк кард. Баъд аз таваллуд Айнагул мехост кӯдаки навзодро ба оби рӯдхонаи “Маскав” партояд, вале пулис дар ин ҳангом вайро боздошт кард. Айнагул низ бо ниятҳои хуб барои кор ба Маскав омада буд.
Вақтҳои ахир дар бораи зиндагии носазои духтарони қирғиз сару садоҳо ба гӯш мерасад. Навори видеоии бозпурсиии Айна ҳамаро шигифтзада кардааст. Ҳатто парлумони Қирғизистон хост санадеро ба тасвиб расонад ва муҳоҷирати кории духтарони то 22 солаи қирғиз ба Русияро мамнӯъ эълон кунад.
Коршиносони қирғиз низ мегӯяд, ки мақомоти зидахл бояд ҳар чӣ зудтар аз ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ пешгирӣ кунанд, то фардо дер нашавад. Вале то ҳол бедодии гурӯҳҳои ҷинояткори қирғиз, аз қабили гурӯҳи “Патриот” дар се шаҳр Маскаву Санкт Петербург ва Екатеринбург идома дорад.