Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Eurovison" ва имиҷсозии режими Илҳом Алиев


Рӯзи 22-юми май дар Боку- пойтахти Озарбойҷон даври ниманиҳоии озмуни "Евровидение" оғоз ёфт.

Дар ин давр, ки рӯзҳои 22-24 май давом мекунад, ҳунармандони 42 кишвар даъват шудаанд. Даври ниҳоии озмун 26 май баргузор ва дар поёни он ғолиби озмун аз роҳи раъйдиҳии телефонӣ маълум мешавад.

Дар озмуни соли 2011 Озарбойҷон бо таронаи дугонаи Ёдгор ва Нигор дар Олмон пирӯз шуд ва ҳақи кишвари мизбони "Евровидение-2012”-ро ба даст овард.
Маросимҳои озмуни "Евровидение-2012", ки даври 57-уми ин озмун ба шумор меравад, дар “Кохи булӯрин” ё "Baku Crystal Hall" барпо мешавад. Ин кохи муҷаллали булӯрин барои ҳамин озмун сохта шудааст.

Интизор меравад, ки ин озмунро дар саросари ҷаҳон 125 миллион нафар аз тариқи телевизионд тамошо кунанд. Намояндагони 42 кишварба он даъват шудаанд ва аз лиҳози шумораи ширкаткунандагон ин бузургтарин озмун ба шумор меравад.

Даври аввали ниманиҳоӣ рӯзи сешанбе ва даври дуввуми ниманиҳоӣ рӯзи панҷшанбе 24 май баргузор мешавад. Аммо даври ниҳоӣ бо ширкати ғолибони ду ниманиҳоӣ, 26-уми май дар назар дошта шудааст, ки аз тариқи телевизионҳо дар саросари ҷаҳон мустақиман пахш мешавад.

Ҳукумати Озарбойҷон дар остонаи ин озмун барои таҷдиди сохтмонҳо дар маркази Боку миллионҳо доллар сарф кард, то шаҳрро диданиву дилфиреб ҷилва диҳад ва бад-ин тариқ ба ҷаҳониён Озарбойҷонро кишвари пешрафтаву замонавӣ нишон диҳад. Аз сӯи дигар, давлати ин кишвар ин маросимро ба ҳади аксар истифода хоҳад кард, то барои таблиғи худ истифода кунад.

Вале ин талошҳоро танқиди созмонҳои ҳуқуқи башар аз нақзи ҳуқуқ дар ин кишвар тира кардааст. Ҳукумат баъзе хонаҳои сокинонро аз маркази шаҳр барои васеъ кардани роҳҳо барчидааст ва соҳибони ин хонаҳоро рондааст. Созмонҳои ҳуқуқи башар аз сарнавишти баъдии ин сокинон изҳори нигаронӣ кардаанд. Ниҳодҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ҳукумат ба баҳонаи "Евровидение" тадобири амниятиро ташдид бахшидааст, озодии баёнро маҳдуд кардааст ва ба саркӯбии мухолифони сисёсии худ идома медиҳад.

Дар ҳафтаҳои гузашта пулис бо баҳонаи чораҳои амниятӣ, тазоҳуроти эътирозии нерӯҳои сисёсиро пароканда кард. Чандин нафар боздошт шуданд ва мавриди лату кӯб қарор гирифтанд.

Дар остонаи ин озмун Маркази ғайридавлатии тиҷорат ва ҳуқуқи башари Лондон аз иддао дар ин бора, ки дар 7 меҳмонсарои Боку камераҳои пинҳонӣ насб шудааст, изҳори нигаронӣ кард. Бино ба ин хабар, “мизбонон” мехоҳанд барои ба истилоҳ “сиёҳ кардан”-и меҳмонон муносибатҳои хусусии онҳоро сабт кунанд. Кристофер Аверӣ-раиси ин марказ мегӯяд: “Оё меҳмонсароҳо дар ҳамоҳангӣ бо ҳукумат ин корро мекунанд? Ҳукумат ё каси дигар барои насби камераҳо ба онҳо фишор меорад ё соҳибони меҳмонсароҳо аз ин кор хабар надоранд? Мо чизе гуфта наметавонем”.

Аммо ҳукумати Озарбойҷон ин даъвоҳоро рад мекунад ва нақзи ҳуқуқи башарро беасос медонад. Ҳукумат мегӯяд, дар остонаи озмуни "Евровидение" созмонҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла Amnesty International ва Human Rights Watch дар бораи Озарбойҷон таблиғоти дурӯғин пахш мекунанд. Арманистони ҳамсоя барои моҷароҳои марзӣ бар сари Қарабоғи Кӯҳистонӣ, ин озмунро таҳрим кардааст.
XS
SM
MD
LG