Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё пулёбӣ дар Русия мақсади асосии ҳаёт аст?


Блогнависи тоҷик Некрӯз Исмоилов
Блогнависи тоҷик Некрӯз Исмоилов

Назари худро бигӯед: Роҳҳои муассири ҷавонон барои дарёфти маълумоту саводомӯзӣ кадомҳоянд?

«Касе, ки маълумоти беҳтаринро дар ихтиёр дорад, ба комёбии бештар ноил мегардад» - Бенҷамин Дизраэлӣ, нависандаи англис ва сиёсатмадори маъруфи қарни 19.

Бо ҷаноби Дизраэлӣ розӣ нашудан душвор аст, вале ман ба ин гуфтаҳо боз калимаи "фоиданок" ё "манфиатовар"-ро илова мекардам, яъне «маълумоти беҳтарину фоиданок». Аз як тараф, ҷараёни маълумот дар замони мо хеле калон буда, дар маҷрои барномаҳои моҳвораҳо, сомонаҳои интернетӣ, рӯзномаҳо ва китобҳо ғарқ шудан мумкин аст. Дар баробари ин, аксарияти чунин маълумот “кӯчагӣ”-ву бефоида ва бадтар аз ин, зараровар мебошанд. Аз ҷониби дигар, ба ҷавонони Тоҷикистон барои оғози бомуваффақияти ҳаёт маълумоти фоиданоку зарурӣ намерасад.

Пас аз хатми мактаби миёна аксарияти ҷавонон намедонанд чӣ кор кунанд. Тасаввурот надоранд, ки ҳаёти худро ба чиву баҳри чӣ бахшанд. Айни замон, мақсади ниҳоии аксари ҷавонон ёфтани кор дар Русия мебошад, ки далели ин ба ҳама маълум аст. Ман шахсан бо онҳое, ки ҳанӯз аз курсии мактабӣ ба «русикунонии» ояндаи худ омодагӣ медиданд, шиносам. Ба фикри ман, ин на хубу на бад аст. Дар ҳар ҳолат, маблағёбӣ дар Русия набояд мақсади асосии ҳаёт гардад.

Бовар дорам, ки ҷавонони мо метавонанд дар тамоми соҳаҳо ба комёбӣ ноил гашта аз ҷиҳати молиявӣ мустақил бошанд. Барои ин танҳо, дастрас будани маълумоти муфид, шавқовару талабгори вақт ва муҳимаш, бо забони модарии тоҷикӣ кофист. Мехостем, фикру андешахои шунавандагони Радиои Озодиро оиди ин масъалаҳо бифаҳмем:

Ба фикри Шумо чӣ гуна метавон насли ҷавонро барои гирифтани илму дониши мақсаднок ва зарурӣ фаро гирифт?

Бо кадом роҳ метавон муҳаррики онҳоро барои расидан ба ҳаёти муваффақ фаъол кард?

Барои гирифтани дониш кадом роҳу усулҳои муассирро мехостед ба соҳаи маориф пешниҳод кунед?

Фикру назарҳои худро ба ман фиристед:

Некрӯз Исмоилов
XS
SM
MD
LG