Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ҷумҳурии исломӣ дар дидор бо ҷамъе аз фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ таҳдиди дигар кишварҳоро нишондиҳандаи қудрат ва таъсиргузории Эрон донист.
Вай рӯзи чаҳоршанбе (чоруми апрел) бо ишора ба ҷанги Эрону Ироқ гуфт, "дар ин ҳашт сол, дар воқеъ, қудратҳои дунё аз Шарқу Ғарб ва кишварҳои вобаста ба онҳо дар муқобили ҷумҳурии исломӣ эҳсоси заъф карда буданд.”
Ӯ афзуда, ки “аксари таҳдидҳо нишондиҳандаи қудрати низоми Эрон аст. Зеро агар ҷумҳурии исломӣ қудрат ва таъсиргузорӣ надошт, бадхоҳони миллат ин гуна саросема худро ба обу оташ намезаданд.”
Ин изҳоррот дар ҳоле аст, ки Иёлоти Муттаҳида ва Исроил борҳо гуфтаанд, барои мутаваққиф кардани барномаи ҳастаии Эрон ҳама гузина (интихоб)-ҳоро дар мадди назар доранд. Дар вокуниш ба ин таҳдидҳо Оятуллоҳ Хоманаӣ низ бо таҳдид посух гуфта ва таъкид намудааст, ки "Эрон ба ҳар гуна ҳамла дар ҳамон сатҳ посух хоҳад дод."
Бо ин ҳол, он гуна ки мақомҳои низомӣ ва сиёсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико борҳо гуфтаанд, ҳар гуна ҳамлаи низомӣ ба Эрон паёмадҳои вахиме дар минтақа хоҳад дошт ва манфиатҳои Амрикоро бо хатар рӯбарӯ мекунад. Ин аст, ки шуморе аз расонаҳо ва таҳлилгарон мегӯянд, Амрико натанҳо моил нест, ки бо Эрон даргирии низомӣ сурат бигирад, балки аз иқдоми якҷонибаи Исроил бар зидди Теҳрон ҳам нигарон аст.
Ахиран нашрияи Foreign Policy дар як гузориш ба нақл аз дипломатҳо ва мақомҳои баландпояи иттилоотии Амрико навишт, ки ҷумҳурии Озарбойҷон пойгоҳи ҳавоии худ дар марзи шимолӣ бо Эронро дар ихтиёри Исроил қарор додааст. Дар ин мақола ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ иброз шуда, ки Вашингтон эҳтимоли густариши ҷанг ба минтақаи Қафқозро низ дар дасти баррасӣ дорад. Мақомҳои Озарбойҷон ин гузоришро рад карданд.