Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва ниҳодҳои дигари байнулмилалии тандурустӣ бори аввал дар таърихи мавҷудияти худ гузориши кишвар-ба-кишвари зоишҳои пешрасро дар 184 мамлакат ба нашр расонда, гуфтаанд, солона дар саросари ҷаҳон аз ҳар 10 нафар як кӯдак пеш аз мӯҳлат таваллуд мешавад.
Дар гузориш гуфта мешавад, ҳар сол дар ҷаҳон 15 миллион кӯдак норасида ба дунё меоянд ва аксарияти онҳо мемиранд ё аз бемориҳои гуногуни ҷисмиву равонӣ ранҷ мекашанд.
Дар Покистон аз миёни ҳар 100 кӯдак 16 нафари онҳо норасид таваллуд мешудааст, ки болотарин нишондиҳанда дар ҷаҳон аст. Аз кишварҳои минтақа Афғонистон аз рӯи таваллудҳои пешрас ва маргумири атфол дар мавқеи 9-уми қарор дорад.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ асосан дар нимаҷои феҳраст қарор дошта, дар миёни онҳо вазъ бештар дар Узбакистон ташвишовар будааст. Ин кишвар дар ҷойи 41-ум аст. Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон мутаносибан дар ҷойҳои 63, 79 ва 68 буда, авзоъ дар Қирғизистон, ки ҷои 81-умро гирифтааст, беҳтар ба шумор меравад.
Шамсиддин Қурбонов, мудири Маркази миллии модару кӯдак дар бораи нишондодҳои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар Тоҷикистони мо агар солона 205 -210 ҳазор кӯдак таваллуд шавад, 2100 ё 2150 кӯдаки норасид таваллуд мешавад. Аз ин миён ҳудуди 700 нафараш кӯдаконе ҳастанд, ки камтар аз як кило вазн доранд. Агар аз 1 кило камтар бошанд, ҳудуди 90 дар сади онҳо мемиранд.”
Ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, то кунун ба масъалаи таваллуди кӯдакҳои норасида, беэътиноӣ шудааст ва дар сурати муроқибати хуби занони ҳомила метавонистанд, ҷони бештар 75 дар сади бештар аз як миллион кӯдаки норасидро, ки мемиранд, аз марг наҷот диҳанд.