Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модаре сегоник -- се духтарчаи дӯстрӯ ба дунё овард


Алифмоҳ Оймаҳмадова
Алифмоҳ Оймаҳмадова

Бонуи 24-сола аз ноҳияи Вахш сегоник -- Хадича, Фотима ва Зӯҳроро ба дунё овард.

Бо шунидани садои якбора се тифл пизишкону ҳамшираҳои шафқат ба ҳуҷраи хоби Алифмоҳ Оймаҳмадова мешитобанд. Зеро чанд рӯз қабл дар зоишгоҳи беморхонаи Қарияи болои шаҳри Қӯрғонтеппа Алифмоҳ, сокини 24-солаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, якбора се тифл ба дунё овард. Ба қавли мардум, «сегоник». Ва ҳар се духтар.

Чунин ба назар мерасад, ки шодии модарро ҳадду канор нест. «Шукронаи Худо мекунам. Миннатдорам аз духтурон, ки хуб нигаҳдорӣ мекунанд. Ба Душанбе рафта будам, гуфтанд, ки фишорат баланду вазъат ваҳим аст. Он ҷо қабул накарданд. Баргашта омадем. Ҳамин ҷо таваллуд кардам», - мегӯяд Алифмоҳ.
Ҳоло вазъи седухтараконро пизишкони момодоя мӯътадил арзёбӣ мекунанд. Ҳарчанд онҳо, каме барвақттар аз 9 моҳи интизорӣ таваллуд ёфта, вазни ҳар яке ҳудуди ду килост.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00
Линки мустақим

Оксана Азизова, пизишке, ки шоҳиди тавлиди сегоникҳо буд, мегӯяд, рӯзи аввал хавфи аз даст додани яке аз навзодон дар миён буд, чун онҳо ба қавле норасид зода шудаанд:

Навзодон дар хоби ноз
Навзодон дар хоби ноз
«Ин як рӯйдоди хурсандиовар буд барои тамоми пизишкони таваллудхона. Новобаста ба мушкилӣ, кӯдакон бе осеб таваллуд шуданд. Духтарчаи якум 2 кг вазн дошт, тифли дуюм 1 кг 700 грамм бо қадди 39 сантиметр ва тифли саввум 1 кг 400 грамм. Бо ҳомиладории 36 ҳафта зода шуданд, ҳол он ки тибқи таҳлилҳо, як ҳафтаи дигар боқӣ монда буд то ба моҳи 9-ум даромадан. Бинобар он ки норасид таваллуд шудаанд, мо кӯдаконро тайи як ҳафта зери назорати доимии худ қарор хоҳем дод…»

Модар навзодонро Хатича, Фотима ва Зӯҳро ном ниҳод. Пеш аз сегоникҳо Алифмоҳ ҳамчунин писарчае дошта, ҳамакнун якбора соҳиби чаҳор фарзанд гардид. Аммо ҳоло Алифмоҳ ғарқи ин андеша аст, ки то куҷо дар таъмини иҷтимоии фарзандон азият нахоҳад кашид. Зеро худи ӯ зани хонашин асту ҳамсараш низ ҷойи кори доимӣ надоштааст.

Худи Алифмоҳ аз сӯҳбат пиромуни мушкилони хонаводагиаш нахост ҳарф занад. Аммо Нодира Раззоқова, муовини сарпизишки бемористони Қарияи Болои шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, навзодон дар хонаводае ба дунё омадаанд, ки волидонашон манзили зисти худро надоранд: «Вазъи зиндагии Алифмоҳ бисёр вазнин аст. Вай келини саввуми хонадон буда, чаҳор оила дар як манзили танге дар совхози ба номи Кирови ноҳияи Вахш зиндагӣ мекунанд. Мо аз ҳисоби беморхонаи худамон ба навзодон баъзе ҳадяҳо додем, либосҳо ва дигар лавозимони аввалиндараҷаро ба модари тифлон расонидем. Умедворем, ки ҳукуматдорони ноҳияи Вахш ба ин оилаи ҷавон кӯмак мерасонад, зеро тарбияи чаҳор тифли хурд осон даст намедиҳад. Мо медонем, ки ду сол пеш дар Душанбе сегоник таваллуд шуду ба он оила хона дода буданд. Соли гузашта дар Кӯлоб низ барои оилаи ниёзманде, ки сегоник зода шуда буд, қитъаи замин дода буданд».

Ба гуфтаи хонум Раззоқова, тибқи қонунҳои ҷорӣ, барои онҳое, ки сегоник таваллуд мекунанд, ҳукуматҳои маҳаллӣ манзили зист ё ҳадди ақалл қитъаи замине барои бунёди манзил ихтисос медиҳанд.
Аммо мақомоти ҳукумати ноҳияи Вахш дар мавриди тавлиди сегоникҳо изҳори бехабарӣ мекунанд. Як намояндаи ҳукумати маҳаллӣ дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ки қонунгузории кишвар ҳатман ихтисос додани манзили зистро ба оилаҳое, ки дар он сегоникҳо ба дунё омадаанд, пешбинӣ намекунад. Вай афзуд, аммо агар волидони Хатича, Фотима ва Зӯҳро – навзодон муроҷиат кунанд, ҳукумати маҳаллӣ омадааст, ки ба онҳо кӯмакҳои молӣ расонад. Дар соли 2012-ум дар қаламрави вилояти Хатлон ин якумин мавриди ба дунё омадани сегоникҳо будааст.
XS
SM
MD
LG