Тибқи ин гузориш, дар солҳои баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ бахши кишоварзӣ дар барқаррории иқтисоди кишвар нақши муҳим доштааст. Масалан, дар солҳои 1998-2004 тавлидоти кишоварзӣ нисбат ба 5 соли давраи ҷанг 65 дарсад боло рафтааст. Дар гузориш омадааст, ҳоло рушди кишоварзӣ ба соли 1990 баробар шудааст ва ҳар сол рушди он то 3 дарсадро ташкил медиҳад. Вале Бонки ҷаҳонӣ рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистонро устувор намедонад.
Бо вуҷуди чунин пешравиҳо Бонки Ҷаҳонӣ рушди кишоварзиро дар Тоҷикистон устувор намешуморад ва дар гузоришаш мегӯяд, ки он ба омилҳои берунӣ иртибот дорад, яъне омилҳое, ки ба худи кишоварзон тақрибан вобаста нест. Ин омилҳо ҳавсманд кардани кишоварз, бархӯрди нерӯҳои тасмимгиранда барои рафъи мушкили кишоварз ва бозори истеъмолӣ ба шумор мераванд. Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод кардааст, ки ин бахш ба барномарезиҳои ҳамаҷонибаи ислоҳот, ба вижа ба ислоҳот дар бахши моликият ба замин ниёз дорад. Чунин ислоҳот ба натиҷаи фаъолияти кормандони бахши кишоварзӣ, ки мустақиман бо кор дар мазореъ машғуланд, таъсири қавӣ хоҳад гузошт.
Доктори иқтисод Шавкат Бозоров, раиси Ассотсиатсияи менеҷерҳои маркетологи Тоҷикистон бо чунин нукот дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ розист ва чунин мегӯяд: “Пеш аз ҳама менеҷменти муосир дар ҳамин соҳа нест. Системаи солҳои Шӯравӣ, бигзор дар гузашта ҳам бошад, вале ҳамчун система вуҷуд дошт. Мо ҳоло идоракунии соҳаи кишоварзиро ҳамчун як ситемаи хаотикӣ ё беназм дида истодаем. Мо проблемаи қарзҳои хоҷагии деҳқониро ба навъе ҳал кардем. Аммо ҳавасмандии деҳқонро, ки сари замин меояд, таъмин накардаем. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамчун шакли нави хоҷагидорӣ дар Кодекси граждании Тоҷикистон сабт нашудааст.”
Ба ақидаи Бозоров, дар чунин вазъ тартиби ҳимояти қонунии хоҷагиҳои деҳқонӣ ё кишоварзӣ то ҳол номаълум боқӣ мондааст.
Солҳои ахир дар Тоҷикистон бо кӯмаки созмонҳои байналмиллалӣ ислоҳоти чашмгир ва судманд анҷом гирифтааст, вале механизми дар амал ҷорӣ кардани ин ислоҳот такмил нашудааст. Тавоноии содиротии хоҷагидорон то ҳол дар сатҳи паст қарор дорад. Миёнравон ё шахсони дигар бо чунин содирот машғул мешаванд ва дар сурате, ки аз чунин содирот кишоварз бояд суд ба даст орад ва ҳавасманд шавад, суди он бештар ба содиркунандаи маҳсулот тааллуқ мегирад.
Гузашта аз ин, дар бахши кишоварзии Тоҷикистон ҳоло аз навъҳои кооператсия камтар истифода мекунанд.
Коркарди маҳсулоти кишварзӣ, ки бояд давоми истеҳсол ва кори дасти худи кишоварзон бошад, аз онҳо гирифта шудааст. Бидуни коркарди хуб, бидуни танзими системаи нигаҳдории маҳсулот, бидуни донистан ва шинохти бозор Тоҷикистони наметавонад заминаҳои рушди устувори бахши кишоварзиро фароҳам орад ва кишоварз марҳила ба марҳила ба мушкилиҳо дучор хоҳад шуд.
Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ омадааст, рушди устувори кишварзӣ ба як шабакаи дақиқи сармоягузор низ ниёз дорад. Бозори истеъмолӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз заиф аст ва барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои рӯзафзун имконоти маҳдуд дорад.
Ваҳҳоб Воҳидов-вазири пешини кишоварзӣ мегӯяд, баъд аз тақсими замин ба баъзе хоҷагидорон замин дар баъзе минтақаҳо кишт нашуд ва ба рушди кишоварзӣ зарба зад.
“Заминҳоро ба хоҷагиҳо як-ду гектарӣ тақсим кардем. Аҳолӣ маблағ надорад. Агар ба онҳо ёрдам кунем, ҳоло ҳам аз ҳамон заминҳо ду баробар, се баробар зиёдтар маҳсулот гирифтан мумкин. Ҳоло ҳам барои шудгор кардан дар навбат меистанд. Ҳатто аз Узбакистону Қирғизистон трактор кироя мекунанд. Онҳо барои як рӯзи кор 300-400 сомонӣ мегиранд. 50-60 литр сӯзишворӣ мегиранд. Барои ҳамин мо агар деҳқонро бо техника, бо тухмиҳои босифат таъмин кунем ва вайро барои ҳосили рӯёндааш ҳавасманд кунем, вақти ғуну чин комбайнҳои ғалладарав кор кунад, дар он сурат дар 5-6 соли оянда ҳамаи проблемаҳо ҳал мешавад.”
Дар Тоҷикистон ҳоло 4,1 миллион ҳектор замини кишоварзӣ вуҷуд дорад, ки аз он 850 ҳазор заминҳои кишт ба шумор мераванд. 85 дарсади заминҳои кишт, яъне 720 ҳазори он ба заминҳои обёришаванда дохил мешаванд. 4,3 миллион нафар дар бахши кишоварзӣ машғули коранд ва бахши кишоварзӣ 39 дарсади молиёти Тоҷикистонро пардохт мекунад, ки он дар иқтисоди кишвар саҳми чашмгир ба шумор меравад.