Дар иваз ҳазорон нафар ин аксу видеоҳоро мебинанд. Аммл чанд аксе низ фиристода шуд, ки маълум нест, ҳаққи муаллифии онҳо аз они кист. Лутфан, ба ин тарафи масъала таваҷҷӯҳ кунед ва беҳтар аст, аксеро фиристед, ки худ бардоштаед.
Бояд гуфт, аксҳо манзараҳои ҷолиберо ба бинандагон пешниҳод мекунанд. Монанди ин акс, ки "Лаби дарё" ном дорад. Дареғ, ки муаллиф номи худро нанавиштааст. Ба ҳар сурат, аз ӯ сипосгузорем.
Хонандаи азири мо Амирҷон Нуров акси ширкаткунандагони Маҳфизи зарифонро ба мо равон кардааст. Вале ончӣ сирри пинҳон мемонад, маълум нест ин ҷавонони зарифу донову хандон донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистонанд ё шогирдони Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон. Хеле хуб аст, ки муаллиф маконро зикр кардааст -- Кохи Ҷомӣ дар шаҳри Душанбе.
Муаллифи дигар, ки ҳамчунин номи худро нанавиштааст, акси ҷолиби Кӯли калон дар кӯҳҳои Фонро фиристода, ҳамаи моро як сония ба ин ҷои хушманзар бурдааст, ки барои ин аз ӯ сипосгузорем.
Акси дигар бо номи шӯхиомези "Кабкинисо" кабкеро нишон медиҳад, ки дар қафаси ғайриодӣ ба сар мебарад. Ин аксро ба мо Шӯҳрат равон кардааст. Саломат бошад. Фақат нагуфтааст, ки Кабкинисоро дар куҷо дидан мумкин аст.
Ва як видео низ ин ҷо ҳаст, ки низ ҳазломез, аммо баҳсбарангез аст. Раҳмон менависад, ҳарчанд овозхон нест, машқ мекунад ва ин бор бо садои овозхони машҳури эронӣ Андӣ таронае хондааст. Умедворем, Андӣ, ки мардуми Тоҷикистонро хеле дӯст медорад, аз ин ҳазл нахоҳад ранҷид.
Интизори аксу видео ва матну садоҳои нав аз якояки Шумоем. Дари торнамои мо ба рӯяи ҳамаи Шумо боз аст. Ҳарчӣ доред, бифиристед. Мо ташаккур мекунем.