Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ораш дар канори фарзандонаш - Дунё ва Дориён


Ораш, овозхони маъруфи эронӣ, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунад, аз таваллуди фарзандонаш - Дунё ва Дориён хушҳолӣ кард.

Ораш, овозхони шинохтаи эронӣ, ки 35-солагии худро таҷлил кард, соҳиби дугоник шудааст. Ӯ дар саҳифаи Фейсбуки худ навишта, ки “беҳтарин ҳадя дар зодрӯзам ҳамин атфол буд.”

Ҳамсари Ораш, Беҳноз Ансорӣ, як писару як духтар ба дунё овардааст ва онҳо ба духтар Дунё ва ба писар Дориён ном ниҳодаанд. Ораш моҳи марти соли 2011-ум бо Беҳноз издивоҷ карда буд.

Ораш, ки дар миёни ҷавонони аврупоӣ ҳам шӯҳрати зиёд дорад, дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе дар Тоҷикистон ва дар ҳузури даҳҳо ҳазор нафар ҳунарнамоӣ кардааст. Вай дар як тамоси телефонӣ гуфт, "хушбахтона, ҳамагӣ - ҳам навзодон ва ҳам модари онҳо - худро хуб эҳсос мекунанд."

Ба қавли Ораш, духтараш Дунё бо 1,7 кило ва писараш Дориён бо вазни 2,4 кило таваллуд шудаанд. "Шумо тасаввур карда наметавонед, ки чӣ қадар хушбахтам. Онҳо даҳ соат қабл аз замони таваллуди ман дар 35 соли пеш ба дунё омаданд. Ман ҳоло падар шудам ва ба ин "нақш" одат мекунам."

Ин овозхони маъруфи эронӣ гуфт, мехоҳад чанд муддат дар кори худ таннафус карда ва ба дар бузург кардани навзодон ба ҳамсараш кумак кунад. Бо ин ҳол ӯ афзуд, таваллуди фарзандонаш ҳатман мӯҷиби рушди корҳои эҷодии ӯ хоҳанд шуд. "Ман бояд ба ҳардуи онҳо низ тарона нависам",-илова кард Ораш.

Ораш моҳи апрели соли 1977 дар Теҳрон ба дунё омадааст. Вай даҳ соли аввали умри худро дар пойтахти Эрон сипарӣ карда ва баъдан ҳамроҳи волидонаш ба Аврупо ҳиҷрат намуд. Вай дар шаҳри Малмёи Шветсия зиндагӣ мекунад ва кӯдаконаш низ дар ҳамон ҷо чашм ба олами ҳастӣ кушоданд.
XS
SM
MD
LG