Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳодҳои аҷиби ҷавонони интернетии Хатлон


Як лоиҳаи интернетӣ барои Идораи маорифи шаҳри Кӯлоб дар форуми "Ҷавонони рақамии вилояти Хатлон" мавриди ситоиш қарор гирифт.

Бунёдгузори ин тарҳ, Баҳроми Хайриддин, мегӯяд, дар сурати татбиқ шудани лоиҳааш донишандӯзии хонандагон беҳтар мешавад, зеро ин раванд зери назари падару модарон қарор мегирад. Муҳим нахоҳад буд, ки онҳо дар куҷоянд: "Бисёре аз волидайн дар Русия ҳастанд ва агар хоҳанд, ки аз таҳсили фарзанди худ огоҳ шаванд, ба торнамои маориф ворид мешаванд. Мо инчунин китобҳои дарсиро дар интернет ҷой кардем ва нафаре, ки ба интернет дастрасӣ дорад, метавонад дигар онҳоро нахарад. Ҳамчунин рӯзнома, баҳои хонанда ва иштироки онҳоро дар дарс ҷой додаем. Агар ин лоиҳаро Идораи маориф дар амал татбиқ кунад, беҳтарин аст."

Раиси шаҳри Кӯлоб, Абдуғаффор Раҳмонов, ки дар ин форум ширкат дошт, лоиҳаи мазкурро қобили дастгирӣ донист. Аммо ширкаткунандаи дигари форуми ҷавонони "рақамӣ"-и вилояти Хатлон, Саидалӣ Рафиев, бо як таҳқиқоти анҷомдодаи худ, ин лоиҳаи Баҳромро дар ҳоли ҳозир номуваффақ донист.

Саидалӣ мегӯяд, дар сурати дастрасии ҳамагон ба интернет чунин лоиҳа беҳтарин аст, аммо як таҳқиқоти инфиродии ӯ нишон дод, ки 80 дарсади ҷавонони ба истилоҳ пешқадам ба интернет дастарсӣ надоранд: "Ман дар миёни 180 нафар донишҷӯ пурсиш гузаронидам. Маълум шуд, ки 80 дарсади онҳо ба интернет дастрасӣ надоранд. Сокинони дигар ҳам дастрасӣ надоранд. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки компютер фақат барои коғазчопкунӣ ва бозӣ ҳаст. Дар бораи интернет тасаввуре надоранд. Агар фаҳмиш дар бораи интернету кор бо он хуб бошад, чунин лоиҳаҳо беҳтарин аст."

Талъат Нӯъмонов
Талъат Нӯъмонов
Дар ҳамин ҳол, Фирдавси Нуралӣ, ҷавони дигар мегӯяд, барои ошноии сокинон ба интернету фанновариҳои иттилоотӣ бояд, барномаҳои онро бо забони модарӣ баргардон кард. Ин ҷавон лоиҳаи ба тоҷикӣ баргардонидани барномаҳои компютерро ба ҳозирон пешниҳод кард: "Бисёре аз ҷавонони мо забони русиву англисиро намедонанд. Барномае, ки ман сохтаам, тариқи он ҳамаи барномаҳоро имкони бо тоҷикӣ баргардонидан ҳаст. Агар роҳҳои амалишавии ин лоиҳаро пайдо кунем, фикр мекунам, омӯхтану кор бо компютер осонтар мегардад."

Дар форуми ҷавонони "рақамӣ"-и вилояти Хатлон 28 нафар ҷавон бо пешниҳоди лоиҳаҳои худ ба саҳна омаданд. Талъат Нӯъмонов, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Маркази технологӣ ва комуникатсионӣ" дар шаҳри Душанбе, ки ба ҳайси ҳакам ин ҷо ҳузур дошт, пешниҳоди ҷавононро умедворкунанда донист: "Идеяҳое, ки имрӯз пешниҳод шуданд, талаби шаҳрвандон мебошанд. Агар онҳо дастгирӣ ёбанд, ба манфиати давлату мардум хизмат хоҳанд кард. Ҳар сол дар Душанбе ин озмун баргузор мешуд ва ман дидам, ки беҳтаринаш дар маҳалҳо баргузор кардани он аст. Ин ҷо ҷавонон худро озодтар ҳис мекарданд ва фикру ақидаҳояшонро дар муҳити худӣ ба хубӣ баён медоштанд."

Пайрав Саидов, намояндаи созмони ҷамъиятии "Ҷавонони асри 21" дар Кӯлоб, ки яке аз баргузоркунандагони ин форум буд, мегӯяд, солҳои гузашта ин форум дар Душанбе баргузор мешуд, ки ҳама ҷавонон дар он ширкат карда наметавонистанд. Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, даҳҳо ҷавон дар ин ҷо лоиҳа пешниҳод кард ва садҳо тани дигар аз ҷавонони маҳаллӣ аз моҳияти онҳо бохабар гаштанд.

"Форуми ҷавонони рақамии Тоҷикистон" аз соли 2007-ум аб ин сӯ соле як бор дар шаҳри Душанбе бо кӯмаки Бунёди Сорос баргузор мешуд. Барои нахустин бор аст, ки ин форум дар шаҳри Кӯлоб, яъне берун аз пойтахт ҷараён гирифт. Ҷавонони ғолиби ин форум дар моҳҳои оянда дар "Форуми ҷавонони рақамии Осиёи Марказӣ" дар Қазоқистон ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG