Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Додситонӣ шарҳнависони тундлаҳнро меҷӯяд?


Додситонии кулл аз масъулони «Азия-Плюс» хостааст, IP-адреси афродеро ба додситонӣ супорад, ки дар матолиби ин сомона шарҳ менависанд.

Аммо дар ҳоли ҳозир масъулони ин сомона мегӯянд, ба ин дархости додситонӣ то кунун посухи рад додаанд. Агарчанд ҳуқуқшиносони ин оҷонси хабарӣ саргарми омӯзиши ин дархост ҳамчунон ҳастанд.

Зебо Тоҷибоева, сардабири сомонаи «Азия Плюс» мегӯяд, Додситонии кулли Тоҷикистон ин тақозоро бар асоси шикояти як шаҳрванд, (ки номи ӯро ифшо накард), пешниҳод кардааст. Ин шахс даъво дорад, ба шараф ва номуси ӯ таҳвин шудааст.

Хонум Тоҷибоева афзуд: «Албатта онҳо бо мактуби расмӣ ба идораи мо омаданд ва хостанд, ки мо маълумотро дар ихтиёри онҳо қарор диҳем. Маълумот роҷеъ ба суроғаҳои компютер ва ё ба истилоҳ PI-и шарҳнависонро. Вале мо посух додем, ки ҳеҷ гуна маълумоте дар ин маврид дар ихтиёри онҳо қарор намедиҳем. Зеро мутобиқи қонуни матбуот, чунин маълумотро мо фақат метавонем дар асоси таъйиноти додгоҳ ироа кунем.»

Хонум Тоҷибоева ҳамчунин афзуд, бо ин вуҷуд ва бо истифода аз ин мавриди пешомада, аз корбарони сомона мехоҳад қабл аз ирсоли назари худ, ба шарти навиштану нашри он таваҷҷӯҳ кунанд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:59 0:00
Линки мустақим


«Азия-Плюс» аз пурхонандатарин сомонаҳои миллӣ дар Тоҷикистон аст, ки ҳаводиси рӯзро пӯшиш медиҳад ва аз як сол ба ин сӯ дар сомонаи он хадамоти баҳс низ роҳандозӣ шудааст.

Дархости дар ихтиёри додситонӣ гузоштани суроғаи корбарони сомонаи «Азия Плюс»-ро созмонҳои журналистӣ ва пуштибони матбуот хилофи Қонуни асосии Тоҷикистон хонда ва онро қадаме дар амри маҳдуд кардани озодии баён унвон карданд. Зеро мегӯянд онҳо, Қонуни асосии Тоҷикистон дар асли 30- юми худ, озодии суханро кафолат додааст. Масъулини расонаҳо мегӯянд, мақомот аз чунин роҳ талош мекунанд, ки садди роҳи изҳори гуногунандешӣ ва озодбаёнӣ шаванд. Ва ин иқдом то ҷое боиси эҷоди тарс дар миёни корбарони интернет хоҳад шуд.

Хилватшоҳи Маҳмуд
Хилватшоҳи Маҳмуд
Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири кулли Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон мегӯяд: «Сомонаҳо ва расонаҳо аз нигоҳи фурсат ва зарфият имкони дар ихтиёри мақомот ва додситонӣ гузоштани ҳамаи ин суроғаҳоро надоранд. Зеро барои анҷоми ин кор бояд як корманди расона фақат машғули ҳамин шавад, ки чунин имконе вуҷуд надорад. Аз сӯи дигар, ин ҳолат мухолифи усулҳои пазируфташудаи озодии баён ва қонун аст, ки амалӣ шудани он мушкилоти бештарро низ ба вуҷуд меорад.»

Ин дар ҳолест, ки ҳуқуқдонҳо мегӯянд, дар воқеъ қонунгузории Тоҷикистон фаъолияти расонаҳо бо технологияи нав ва интернетро дар ин замина ба дурустӣ танзим накардааст. Ва як далели пеш омадани чунин баҳс ҳамин аст. Зеро агар аз як сӯ, масалан «Азия Плюс» ҳамчун як расонаи хабарӣ муаррифӣ шудааст, аз сӯи дигар, сомонаҳои интернетӣ ҳанӯз мақоми воситаи ахборро надоранд, то аз мақом ва имконоти қонунии ВАО дар чунин ҳолат истифода кунанд.

Ҷунайд Ибодов, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик мегӯяд, ки додситонӣ дар ин маврид, яъне агар аломати ҷиноятро ошкор карда бошад, ҳақ дорад барои гирифтани маълумот чунин дархосте ироа кунад: «Муайян кардани ҳолати ҳуқуқии сайт ҳали худро то кунун наёфатаст. Агар сайт ВАО бошад, метавонад аз имконоти қонунии он
Ҷунайд Ибодов, ҳуқуқдони тоҷик
Ҷунайд Ибодов, ҳуқуқдони тоҷик
истифода кунад ва масалан маълумотро ё манбаъро фақат бо тасмими додгоҳ ироа мекунад. Аммо ин танҳо дар таҷрибаи қонунгузории шаҳрвандӣ амалӣ мешавад. Тарафи дигар ин аст, ки агар мутобиқи қонунгузорӣ ҷиноят ва ё аломати ҷиноят маълум шуда бошад, Прокуратураи генералӣ ҳақ дорад, ки талаб кунад, гирад ва таҳқиқ кунад, сарфи назар аз мавқеъи ҳуқуқии сайт.»

Мансабдорони давлати Тоҷикистон аз лаҳни тунди шарҳу форумҳо дар сомонаҳои интернетӣ дар гузашта низ шикоят кардаанд. Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров дар як моҳи пеш, вақте, ки шабакаи "Фейсбук" ва чанд сомона бо дархости идораи таҳти раёсати ӯ баста шуданд, гуфта буд, баъзеҳо интернетро ба "бозори сиёҳ" табдил додаанд ва бе он, ки зери номаҳои худ имзои ҳақиқияшонро гузоранд, чизе дилашон хоҳад менависанд.

Гуфта мешавад, дархости додситонӣ дар мавриди «Азия Плюс» низ бо дархости як мақоми давлатӣ сурат гирифтааст. Аммо барои аввалин бор аст, ки додситонӣ аз як сомона дархости додани суроғаи корбаронро мекунад.

Воқеан, дар чанд соли ахир навиштани назару шарҳҳо дар пайи матолиби сайтҳои интернетӣ маъмул шудааст. Бештари корбарони интернет аз дохил ва хориҷи Тоҷикистон бо номҳои мухталиф назари худро дар бораи фаълияти мақомоти давлатӣ ва мушкилоти ҷомеа баён медоранд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки кишварҳои ҷаҳони саввум, хосса баъди таҳаввулоти инқилобӣ дар Ховари Миёна ва Шимоли Африқо, ки бовар доранд дар таҳрик додани мардум интернет ва хоса шабакаҳои иҷтимоӣ нақш доштаанд, ба шиддат аз густариши ин падида нигаронанд. Ва талош мекунанд, интернетро зери назар дошта бошанд ва ба ин далел як мавзӯъи мавриди баррасии дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СҲШ дар ду рӯзи ахир дар Пекин низ масъалаи кибертерроризм будааст.
XS
SM
MD
LG