Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Номуваффақӣ"-и тоҷикон аз танбалист ё вазъи иқтисодӣ?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон дар қатори кишварҳое ҷо гирифтааст, ки аксари сокинонаш худро номуваффақ мешуморанд.

Ин натиҷаи як таҳқиқот ё пажӯҳиши маркази назарсанҷии Геллап мебошад. Дар сӯҳбат бо пажӯҳишгарони ин марказ танҳо чаҳор дарсади пурсидашудаҳо аз Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар зиндагии худ то ҷое ба муваффақият даст ёфтаанд ва дар ҳоли пешрафтанд.

73 дарсади аҳолии калонсоли ин кишвар гуфтаанд, ки пайваста барои дастёбӣ ба муваффақият талош доранд. Бо ин ҳол, 23 фоизи пурсидашудаҳо вазъи худро аслан мушкил арзёбӣ карда, афзудаанд, зиндагии онҳо пур аз мушкилот аст.

Нуриддин Қаюмов, як сокини Тоҷикистон, худро дар зиндагӣ шахси комёб мешуморад. Зеро ӯ ба дараҷаи баланди илмӣ расида, солҳои зиёд дар мақомҳои раҳбарикунандаи кишвар фаъолият кардааст. Ҷаноби Қаюмов академик ва олими соҳаи иқтисод аст. Ӯ чанд сол дар маснади муовини вазири иқтисод ва ҳам ба ҳайси мушовири президенти кишвар ифои вазифа намудааст. Академики тоҷик мегӯяд, агар каме дертар ба дунё меомад, эҳтимолан ин ҳамаро дарёфт намекард: "Ин натиҷаи сохти Шӯравӣ буд, ки ба ҳама як навъ ғамхорӣ мекард. Агар ин намебуд, бовар дорам, ҳоло ба ин дараҷа намерасидам. Он замон як муҳити хеле хуб буд, ки мардум ба илм таваҷҷӯҳ доштанд ва ҳавасманд мешуданд."

Омилҳои аслии дар феҳрасти кишварҳои мардумаш начандон муваффақ қарор гирифтани Тоҷикистонро аксар таҳлилгарон ба вазъи бади иқтисоди кишвар рабт медиҳанд.

Хайрулло Абдуллоев, як таҳлилгари тоҷик мегӯяд, дар шароите, ки нархи бозор ва ҳамагуна хизматрасониҳо аз маоши мардум болост, чӣ гуна метавон ба комёбӣ даст ёфт. "Маоши ҳадди ақал 80 сомониро ташкил медиҳад, ки ин ба 1 халта орд ҳам намерасад. Қисми зиёди аҳолии фаъоли меҳнатӣ, аҳолии аз 20 то 50-сола дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд",-илова кард ҷаноби Абдуллоев.

Эраҷ Саодатсайров
Эраҷ Саодатсайров
Солеҳ бошад, аз зумраи ҷавонони соҳибкори тоҷик аст, ки 28 сол дошта ва 3 сол қабл, бо бозгашт аз Русия тасмим гирифт дар кишвар корхонаи хурди тавлидӣ таъсис диҳад. Ӯ, ки дар Русия ҳам ба тиҷорат машғул буд, бовар дошт бо донишҳои андӯхтаи худ дар муддати кӯтоҳ метавонад тиҷорати хуберо ба роҳ монад. Аммо баъдан фаҳмид, ки амалӣ кардани ин барнома дар Тоҷикистон кори осон набудааст. Солеҳ ҳоло бо бо таассуф мегӯяд, то ҳанӯз натавонистааст барномаи худро ба пуррагӣ амалӣ кунад ва комёб шавад. Ҳоло ӯ ва корхонааш фақат фаъолият доранд, на пешрафт.

"Фоизи қарзе, ки бонкҳо ба соҳибкорон пешниҳод мекунанд, бисёр баланд аст. Аз мақомот зуд-зуд ба тафтиш меоянд ва беасос, бо ҳар баҳона, корхонаро мебанданд. Ҳолатҳои бисёре буд, ки ман аз шурӯи ин корам изҳори пушаймонӣ кардам",-гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Бо ин ҳол, Эраҷ Саодатсайров, як ҷавони тоҷик, ба ин бовар аст, ки ба захираҳои рушду комёбӣ имрӯз асосан онҳое дастрасӣ доранд, ки дар мақомҳои раҳбарианд ва ё афроди наздик ба онҳо мебошанд. Ӯ гуфт, "се гурӯҳи аҳолӣ аст. Қисмати болоӣ, яъне роҳбарон, қисмати марказӣ, иборат аз зиёиён ва қисмати поёнӣ, яъне аксарияти мардум. Дар Тоҷикистон қисмати марказӣ, яъне фаъолияти зиёиён хеле коста аст. Барои ҳамин фақат роҳбаронро дидан мумкин аст, ки онҳо зиндагии беҳтар доранд ва қишри поёнии мардумро. Марказ агар устувор набошад, ҷомеаи маданӣ аз байн меравад ва мардум намедонанд ва наметавонанд ба манбаҳои иҷтимои барои рушди ҳаёти худ дастёб шаванд. Фақат афроде, ки дар боло ҳастанд онҳо, қодиранд, ин манбаҳоро ба ашхоси дилхоҳи худ дастрас кунанд."

Гулафшон Соқиева
Гулафшон Соқиева
Аз сӯи дигар, ҳамаи ҳамсӯбатҳои мо як нуктаро эътироф мекунанд, ки барои дастёбӣ ба муваффақият ва зиндагии шоиста, дар баробари омилҳои берунӣ, дониш ва талошҳои худи шахс низ нақши муҳим доранд. Аммо Гулафшон, як мусоҳиби мо мегӯяд, барои комёб шудан, инсон бояд қабл аз ҳама асрори рушду пешрафтро бидонад ва ба худ эътимод дошта бошад.

"Як китобе хонда будам, китоби асрори муваффақиятҳо. Дар он таъкид мешавад, ки агар шахс ба худ бовар дошта бошаду худро ба чизе ё коре омода кунад, ҳатман аз ӯҳдааш мебарояд ва метавонад комёб шавад. Масалан, ҳар субҳу шом такрор кунад, ки ӯ метавонад ин ё он корро ба анҷом расонад, ӯ муваффақ мешавад ва ҳатман чунин ҳам хоҳад шуд. Яъне шахс бояд худро рӯҳан омода кунад. Ман инро дар худ таҷриба кардам ва бовар кардам, ки дар воқеъ агар мо хоҳем, метавонем",-афзуд ӯ.

Бо вуҷуди ин ки дарсади хеле ками шаҳрвандон дар Тоҷикистон худро комёбу муваффақ мешуморанд, вале гурӯҳи дигар ҳам, ки аксариятро ташкил медиҳанд, аз зиндагӣ ноумеду дилсард нестанд. Онҳо ба ояндаи худ хушбинанд ва бо имконоте, ки доранд, барои зиндагии беҳтару хубтар талош мекунанд.
XS
SM
MD
LG