Ҷаноби Олимов, ки чанд соле мушовири раисҷумҳур низ буд, бештар рӯи ҳамин масъала, яъне нақшу мақоми мушовири давлатӣ, ҷойгоҳи он дар маъмурияти раёсати ҷумҳурӣ сӯҳбат кардааст.
Бархе аз коршиносон ба ин назаранд, ки ҳалли бисёре аз масоил дар сатҳи давлат ба мушовирони роҳбари давлат вобаста аст. Аммо бархеи дигар мегӯянд, ки на ҳама мушовирон аз чунин нақшу мақоме бархӯрдоранд, ки битавонанд дар тасмимгириҳо саҳм бигузоранд.
АҲЗОБИ СИЁСӢ ОЗОДАНД
Дар оғоз аз Кароматулло Олимов пурсидем, ки оё имрӯз робитаи давлат бо аҳзоби сиёсиро чӣ гуна арзёбӣ мекунад?
Кароматулло Олимов: "Ҳамаи он масоиле, ки вобаста ба аҳзоб ва робита бо ҷомеа аст аз сиёсати давлат сарчашма мегирад. Сиёсати давлат дар Қонуни асосӣ ва қонунҳои ҷории он инъикос шудаанд. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон озодона фаъолият доранд. Дар интихоботҳо ширкат меварзанд. Воситаҳои ахбори худро доранд. Ин ҳама нишонаи он аст, ки озодии фаъолият ва имкониятҳои дар фазои озод баён кардани ақидаву андеша ва барои амалӣ шудани он мубориза бурдан мавҷуд аст. Вале агар ин ва ё он ҳизб муваффақияти бештар надошта бошад, шаҳодати он аст, ки заминаҳои иҷтимоии он ҳизб заиф аст. Пештар, вақте мушовири давлатӣ будам баъзеҳо мегуфтанд, ки ба ҳизби мо имконият дода намешавад, имконият барояшон камтар аст. Аммо бояд гуфт, ки мубориза ва фаъолияти сиёсӣ вобаста ба барнома аст. Ҳар ҳизби сиёсӣ бояд амалеро вобаста ба шароити таърихӣ анҷом диҳад, ки ба суханаш мардум бовар кунад. Ба амалаш исбот кунад, ки он ҷонибдори мардум аст. Мардумро аз ин тариқ ба тарафи худ ҷалб карда тавонад. Дар он сурат дар интихоботҳо пирӯз шавад.
Аз ин нуқтаи назар, агар ҳизб муваффақияти куллие ба даст наорад ва гӯяд, ки ба ман давлат имконият намедиҳад ин эътирофи камқувватии он ҳизб аст. Масалан, дар парлумон бештар ҲХДТ ҷой гирифтааст. Ман ҳамчун намояндаи ҳизби дигар гӯям, ки ба ман шароит фароҳам накарданд, ин як даъвои ғайримантиқӣ аст. Чунки ҳар ҳизб мехоҳад, ки мавқеи худашро мустаҳкам кунад. Як ҳизбе, ки ҳоким аст барои як ҳизби дигар, биё, ту ҷои маро гир намегӯяд. Ин як кори хандаовар аст. Бинобар ин дар шароити муборизаҳои сиёсӣ, мубориза бояд солим бошад. Барномаҳо амалишаванда бошанд ва мардум ба он бовар кунад. Албатта, қонуншиканиҳое гоҳо ба назар мерасанд. Вале он аз тарафи ин ё он нафари масъул бояд ифшо ва он гоҳ бояд муҷозот шавад."
НАҚШИ МУШОВИРОНИ ДАВЛАТӢ
Суол: Аслан мушовирони давлатӣ дар тасмимгириҳои давлат то чӣ ҳад нақш доранд?
Кароматулло Олимов: "Мушовирони давлатии президент дар чанд бахш фаъолият мекунанд, мушовири давлатии соҳаи кадрҳо, иқтисодӣ, масоили ҳуқуқ, робита бо ҷомеа ва сиёсати хориҷӣ. Вазифаҳои онҳо дар низомномаҳо муайян шудааст. Қабл аз ҳама мушовирон барои амалӣ шудани сиёсати президент бояд мусоидат кунанд ва машваратҳои судманд диҳанд. Асноди муҳиммеро, ки барои президент зарур аст, масалан, барои фаҳмонидани вазъ дар ин ё он соҳа, барои тасмим гирифтан тавре пешниҳод бишавад, ки дар он афкори ҷамъиятӣ ва назари донишмандону олимон ба назар гирифта шуда бошад. Мушовирҳо шахсони таҳлилгар ҳастанд. Ҳозир мушовирҳои давлатии президет шахсиятҳои хеле корозмудаву таҷрибаноканд. Ҳам дар соҳаи кадр, ҳам дар соҳаи иқтисод, ҳам дар соҳаи робита бо ҷомеа ва ҳам дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ."
Суол: Дар мавриди ин ва ё он ҳодиса мушовирҳо маслиҳатҳои мушаххас медиҳанд ё муфассал?
Кароматулло Олимов: Дар мавриди зарурат хулосаҳои муфассал пешниҳод мекунанд, вале мавридҳое ҳаст, ки хулосаҳои мушаххас пешниҳод мешавад. Чизи дигар ин аст, ки раисҷумҳури мо бо мардум зиёд вомехӯрад. Худо, ки саломативу қуввати хубро додааст дар сафарҳо бо мардуми оддӣ зиёд сӯҳбат мекунанд. Аз ин ҷиҳат на танҳо мушовирон маслиҳатҳову хулосаҳо пешниҳод мекунанд, балки президент худ вобаста ба мушоҳидаҳояш ба мушовирҳо ҳам маслиҳат медиҳад, ки ба он масъалаҳо бояд аҳамият диҳанд.”
ШЕВАИ ТАСМИМГИРИҲОИ ПРЕЗИДЕНТ
Суол: Баъд аз он ки мушовирҳо пешниҳодҳоро матраҳ мекунанд мустақим ба президент меравад ва ё боз мебинанд?
Кароматулло Олимов: "Мушовирони давлатӣ мустақим бо президент ҳамкорӣ мекунанд. Онҳо бо вазоратҳо низ кор мекунанд ва назару андеша ва фикрҳояшонро мегӯянд. Вобаста ба соҳае, ки масъуланд камбуд ва нуқсонҳоро мегӯянд, барои ислоҳи онҳо ёрӣ мерасонанд, иҷрои супоришҳои Президентро назорат мекунанд."
ПРЕЗИДЕНТ ВА РАҲБАРОНИ ҲИЗБҲО
Суол: То ба имрӯз раисҷумҳур бо раисони аҳзоб ягон маротиба мулоқот надоштааст ва ҳеҷ мушовири давлатӣ низ барои иттифоқ афтодани ин амр талош накардааст. Аммо дар дигар кишварҳо чунин таҷриба ҷо дорад...
Кароматулло Олимов: “То ҷое медонам, баъзе мулоқоти президент бо роҳбарони аҳзоби сиёсӣ баргузор шуда буд. Барои мисол, дар доираи Шӯрои ҷамъиятӣ мулоқоти президент чандин бор бо намояндаҳо ё ки роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуда буд. Ин як. Дигараш ин ки барои президент вазифаи аввалиндараҷа нест, ки фақат бо роҳбарони аҳзоб мулоқот кунад. Соли гузашта ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ бо иштироки президент доир шуда буд. Дар Шӯрои ҷамъиятӣ аҳзоби сиёсӣ ҳам дохил ҳастанд. Раисҷумҳур аз тариқи минбари Шӯрои ҷамъиятӣ фикру ақида ва андешаҳояшро баён мекунад. Манзур агар ин бошад, ки президент ҳар замон алоҳида-алоҳида бо ҳар як роҳбари ҳизб вохӯрад ин марбут мешавад ба худи президент ва роҳбарони ҳизб, ки чӣ гуна мақому мавқеъ ва чӣ гуна савол доранд. Президент ҳазору як масъалаи ҷамъиятӣ ва давлатӣ доранд. Ҳизбҳои сиёсӣ аз тариқи матбуоташон ва ё онҳое, ки дар парламент ҳастанд аз тариқи парламент, аз тариқи мушовири давлатӣ оид ба робита бо ҷомеа ҳамеша метавонанд бо президент робита дошта бошанд ва доранд. Аз ин лиҳоз, чунин ақида, ки президент бо ҳизбҳои сиёсӣ робита ва ё ҳамкорӣ надорад, ғалат аст.”
"ҲАР КАС МЕХОҲАД ВАЗИФА ГИРАД"
Суол: Ҳоло дар бораи як падидаи номатлуб сӯҳбатҳо бештар мешавад. Манзурам падидаи маҳалгароӣ аст. Чаро дар бештари мақомҳо кадрҳо аз як маҳал таъйин мешаванд?
Камроматулло Олимов: “Ман дар мисоли Академияи улум ба шумо мегӯям. Президенти Академияи илмҳо Маҳмадшо Илолов дар Бадахшон зода шудаанд. Яке аз ноиби президентҳо Сайидаҳмад Одинаев, зодаи Кӯлоб ҳастанд, Муҳиба Ёқубова дигар витсе-президент аз пойтахт ҳастанд ва ман аз вилояти Суғд ҳастам. Дар ин ҷо ягон маҳалгароӣ дида намешавад. Албатта, дар назар гоҳо ҳамин тавр менамояд. Маҳалгароӣ дар мо он вақт реша давонид, ки робитаҳои байни маҳалҳо заиф буд. Ҳамчунин мушкили роҳ вуҷуд дошт ва аз тарафи дигар манотиқи кишвар аз лиҳози тараққиёти иқтисодӣ аз ҳам фарқ дошт. Ҳанӯз аз замони Русияи подшоҳӣ дар қисмати шимол роҳи оҳан ва бархе аз корхонаҳои саноатӣ амал мекарданд. Вале чун дар минтқаҳои куҳистонӣ, ки фабрикаву корхонаҳо амал намекард, ақибмонда буд. Мардум барои мисол аз Ғарм ба мардикорӣ ба Фарғона мерафтанд. Ҳоло бо шарофати истиқлол роҳҳои мо ба ҳам пайваст шуд. Имрӯз аз Хитой маҳсулот вориди кишвар мешавад ва ё аз тарафи Афғонистон низ молу коло ба бозорҳои мо роҳ ёфтааст ва ё содир мешавад. Тавассути ин роҳҳо муносибати минтақаҳои гуногуни давлат байни инсонҳо зиёд шуд. Хонадоршавӣ ва ё никоҳи ҷавонҳои манотиқи гуногуни кишвар афзоиш ёфтааст.
Ин раванд ба муттаҳидии маҳалҳои кишвар замина мегузорад. Дар ин сурат манфиатҳои иқтисодӣ дар мақоми аввал қарор мегирад на мансубият ба маҳал. Албатта, мо дар шароити ҷанг қарор доштем. Вақте президент (он вақт раиси Шӯрои олӣ) ба кор шурӯъ кард, дар иҷлосияи Хуҷанд ба чандин нафар мансабҳои давлатиро пешниҳод карда буд, аммо бисёриҳо тарсиданд, вазифа нагирифтанд. Ҳамон шабу рӯзҳо дар ҳар як боми биноҳои гардиши аэропорт силоҳдорони зидди ҳукумат ҷо доштанд. Дар он шароит ҳеҷ кас намехост, ки вазифа гирад. Вале ҳоло давлат ором шуд. Ором, ки шуд манфиатҳо равшан шуданд. Ҳар кас мехоҳад як вазифае дошта бошад. Ё одамҳое, ки дар солҳои душворӣ дар берун буданд, баъзеашон ҳатто мо омадем, аммо вазифа нагирифтем гуфтанд. Инсон инсон аст. Камбуд дар ҳар ҷо мешавад. Лекин камбудҳое, ки дар гузашта буданд ба тадриҷ, дар натиҷаи ҳалли проблемаҳои иқтисодиву иҷтимоиву сиёсӣ ва коммуникатсионӣ ҳал шуда истоданд. Бовар дорам, ки наслҳои ояндаи мо аз ин нуқсҳо озод хоҳанд шуд.”
ИБРОҲИМ УСМОН ВА САЙИДМУРОД ФАТТОЕВ
Суол: Дар вазифаи мушовири давлатӣ, ки кор мекардед пеш аз шумо профессор Иброҳими Усмон кор мекард ва пештар нафарони дигар. Вале ин вазифа низ дода шуд ба нафаре аз маҳалли муайян. Яъне ҷалби кадрҳо аз як минтақа идома дорад ва оё ин ба он маъност, ки ба кадрҳои дигар минтақаҳо бовар намекунанд?
Кароматулло Олимов: “Шумо саволи мушаххас додед доир ба мушовири давлатӣ оид ба робита бо ҷомеа, ки масалан Иброҳим Усмонову баъдан ман кор мекардем ва ҳоло Сайидмурод Фаттоев кор мекунад. Гап дар сари ин нест, ки шахс аз ин ё он маҳал бошад. Рости гап, ба ман пешниҳод ҳам буд, ки дар он вазифа боқӣ бимонам. Лекин илтимос кардам, ки ман боз ба илм баргардам, чун синну солам рафта истодааст. Чунки ҳаёти ман аз аввал бо Академияи илмҳо вобаста буд. Сайидмурод Фаттоевро хуб медонам, кадри босавод, ватанпараст ва ботаҷриба аст, ба ин вазифа мувофиқтар буд аз ин рӯ ӯро таъйин карданд. На аз нуқтаи назари тааллуқ доштан ба кадом як маҳали наздик ба президент. Ба ҷои Сайидмурод Фаттоев, ки як вазифаи муҳим - мудири котиботи президентро бар ӯҳда дошт аз Кӯлоб наовардаанд. Анвар Асадовро оварданд. Вай аз вилояти Суғд аст. Ба назарам, гузориши ин масъала ва тезу тунд кардани он хуб нест!”
"ҲАМВАЗНИ ПРЕЗИДЕНТ КАСЕ НЕСТ"
Суол: Чанд вақт пеш Акбари Турсон донишманди мо, ки ҳоло баргашта омаданд ба хотири аз байн бурдани маҳалгароӣ пешниҳод карда буданд, ки дар мақоми шахси аввал бояд аз маҳалҳо ва бонавбат баргузида шавад. Яъне шахси аввал аз минтақаҳои гуногун ва бо навбат ва барои даври муайян интихоб шавад...
Кароматулло Олимов: “Акбари Турсон ҳарчанд бо ҷумҳурӣ ҳамеша робита доштанд, аммо солҳои зиёд дар берун буд. Имрӯз ин донишманди машҳури ҷумҳуриамон ба вазифаи директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ аз тарафи ҳукумат таъйин шуд. Бо даъвати президент омад. Шояд аз минтақаҳо ҳамшаҳриҳои худи президент ҳам дар хориҷа бошанд. Лекин Акбар Турсонро даъват карданд. Ин ба он маъно аст, ки сиёсати президент дар арсаи илм такя ба кадрҳои сазовор ва шоиста дорад. Он чизе ки шумо аз қавли Акбари Турсон, ки шахси аввал аз ҳар куҷо ва аз ҳар минтақа ба навбат шавадро зикр кардед, гумон мекунам, ки ин фикр аз ҷиҳати назарӣ дуруст аст. Вале ба он аз лиҳози амалу вазъияти Тоҷикистон бояд баҳо дод. Ҳозир фарз кардем ба президент Эмомалӣ Раҳмон гӯем, ки аз вазифа даст кашед, дигар кас бишавад. Мақсади баъзеҳо ҳамин аст, агар манзурро кушоду равшан гӯем. Тоҷикистон чӣ мешавад? Якум ин ки мардуми тамоми вилоятҳо, аксарияти кулли ҷумҳурӣ, шумо агар телевизионро бубинед ва бидуни телевизион ҳам, аз сиёсати ӯ ҷонибдорӣ мекунад.
Ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шахси дигаре, ки масъулияти амният ва оромии Тоҷикистонро ба зимма гирифта тавонад, яъне шахси баробарвазн, нест. Ман ин гапҳоро бевосита аз мардум мешунавам. Барои чӣ? Барои он ки мардум ба ҳамин одам бовар кардааст. Ҷомеаи мо ҷомеаи америкоӣ нест. Қазоқистонро бубинед. Боз Назарбоевро интихоб карданд. Фоизҳои пештараи овозҳо дар интихоботҳо кам буд. Ин навбат аз 98 дарсад бештар овоз гирифт. Барои чӣ? Нозирони хориҷӣ ҳам эътироф карданд. Барои он ки халқ бовар кардааст ва муҳимтарин чиз боварии халқ аст. Зарурати ин ё он шахсро марҳалаи таърихӣ муайян мекунад. Мо ба ин масъала бояд аз назари илмӣ ва ҳаёт муносибат намоем. Бубинед, ки дар атрофи ҷумҳурии мо, дар минтақа чӣ вазъият аст. Албатта сарварию президентӣ доимӣ ва мисли шоҳони гузашта нест. Қонунҳои демократӣ мавҷуданд, амал мекунанд. Мардум бисёрии вақт дуо мекунад, ки президенти мо ҳамеша бошад ва умрашро худо дароз кунад. Дуои халқ аст. Лекин мо аз нуқтаи назари зарурати таърихии муосир бубинем, ки президент ба боварии халқ сазовор ҳаст? Оё масалан, ба ивазаш таърихи мо каси дигаре, ки ба ҳамин дараҷаву ба ин андоза ба боварии халқ сазовор шуда ҷумҳуриро ором карда шабу рӯз кор кунад ва обрӯву эътибори Тоҷикистонро баланд бардорад, ҳаст? Албатта, ҷавонҳо дар атрофи президент ҳастанд. Оянда ин ҳаёт аст, диалектикаи ҳаёт аст, наслҳо дигар мешаванд, касони дигар боз меоянд. Лекин то даме, ки таърих шахси боз сазовору лоиқро бар ивази як кас мебиёрад, касе, ки ба боварии халқ сазовор аст, бояд дар сари ҳокимият бошад.”
"БАРОИ МАРДУМИ ОДӢ ФАРҚ НАДОРАД, КИ..."
Суол: Бубинед, бархе аз коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба авомиле, ки ба вуқӯи ҳаводиси арабӣ сабаб шуд, яъне фасод, ҳокимияти тӯлонии як нафар, интихоботҳои ноодилона ва ғайримардумӣ, мегӯянд имкони такрори он дар минтақаи мо низ вуҷуд дорад. Чун ин гуна омилҳо дар кишвари мо ҳам мушоҳида мешавад. Шумо чӣ назар доред?
Кароматулло Олимов: “Ҳозир бисёр сиёсатмадороне ҳастанд, ки аз парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ пушаймонанд. Диссидентҳои собиқ китоб навишта, узрхоҳӣ низ карданд. Масалан, яке аз онҳо файласуф ва мантиқшиноси бузурги Шӯравӣ Александр Зиновев буд, ки дар солҳои Брежнев қаҳр карда ба Амрикову Ғарб рафт, вале баъдан гуфт, ки сахт пушаймон шудааст, ки қадри як давлати одилро надонистааст. Аз ин рӯ он чизеро, ки дар Ғарб мегӯянд, мо бояд мувофиқи психологияи худ, расму одати худ, расми давлатдории худ ва шароити таърихии худ баҳо диҳем. Ҳоло бубинед вазъи давлати Либияро. Дар ин мамлакат барои мардум хеле аз имтиёзҳое фароҳам шуда буд. Ҳоло дар муқобили оппозитсияи Қаззофӣ мардум бархоста ва муқовимат дорад. Оё бо он ки Қаззофӣ аз қудрат биравад, вазъ дар Либия беҳтар ва ободтар мешавад? Ин имконоти мавҷударо як каси дигар дода метавонад? Бинобар ин, ин ҷо манфиатҳои давлатҳои бузург ҳаст, ки давлатҳои дигарро мехоҳанд ба тобеияти худ дароварда истиқлолияташро заиф ва манбаъҳои ашёи хомро аз худ кунанд. Захоири табиии Ғарб ҳам ба ақидаи баъзе аз таҳлилгарон тамом шуда истодааст, то солҳои 2030-2040 тамом мешавад.
Манбаъ куҷост? Русия, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва мамлакатҳои арабӣ. Аз ин рӯ дар ин кишвархо мавзӯъҳои демократия, роҳбарии муддати дароз, интихоботҳои шаффоф воқеият ҳам доранд, вале зоҳирфиребӣ ва бо ин васила мардумро фиреб кардан ҳам ҳаст. Барои халқи оддӣ аҳамият надорад, ки Аҳмад президент мешавад, Маҳмуд президент мешавад, аз Суғд мешавад, аз Кӯлоб мешавад ё аз Ғарм мешавад. Барои ӯ чӣ фарқ дорад? Тақдири кас бошад ба навбат ба ибораи Ҳофиз “Ҳумои авҷи саодат ба номи ӯ афтад”. Лекин барои халқи мо оромӣ ва осудагӣ даркор аст. Зиндагиашро озодона давом диҳад, туризм инкишоф ёбад, корхонаҳои нави саноатӣ бунёд шаванд ва инвеститсия ояд. Албатта, шахсиятҳое, ки президент ба ин ё он вазифа таъйин мекунад аз ҷиҳати ахлоқӣ бояд покиза ва тоза бошанд. Фасод бояд, ки рӯз ба рӯз кам шавад. Бинобар ин дар шароити ҷаҳонишавӣ ба ҳар гуна шиорҳое, ки фақат демократанду моҳияташонро мутаассифона, на ҳама зуд сарфаҳм меравад, дода нашавем.”
ЁДЕ АЗ КОМИССИЯИ ОШТИИ МИЛЛӢ
Суол: Шумо узви Комиссияи оштии миллӣ будед. Имрӯз хеле аз аъзои КОМ фаромӯш шуданд ва дар сӯҳбатҳову навиштаҳо ҳамеша аз ҷониби ҳукумат, саҳми он гуфта мешавад, вале ҷониби мухолифин ва саҳми он фаромӯш мешавад. Оё магар сулҳу оштӣ якҷониба ба даст омад?
Кароматулло Олимов: “Сулҳ, албатта, якҷониба набуд, дуҷониба буд. Нақши ҳар кадоме аз тарафҳо ва нафарҳо дар сулҳи тоҷикон равшан аст. Масалан, дар мақолаҳое, ки бахшида ба рӯзи ваҳдат дар соли гузашта навиштам, низ ташаббусҳои бевоситаю ҳам ҷонашро дар хатар гузошта сафарҳо кардани президентро навиштам, ва хидмати домулло Нурӣ ва Ҳимматзодаро ҳам дар сулҳи мо зикр кардам. Инҳо шахсиятҳои маъруфанд, хизмат карданд ва инҳо бояд гуфта шаванд. КОМ воқеан кори бузургеро анҷом дод. Ҳолатҳое мешуд, ки дар кори он ихтилофи назарҳое пеш меомад. Фақат бо дахолати президент он ҳал мешуд. Ё татбиқи қонуни афвро гирем, ки фақат бо дахолати президент он амалӣ шуд. Ё гоҳо раиси шаҳр ҷаноби Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчун намояндаи президент омада барои ҳалли масоил кӯмак мекард. Ҷаноби Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳам барои оромона кор бурдан ва ба назари воҳид расидан, ба якдигар гузаштҳо карданро риоят кардан хизматҳои бузург намудаанд, ки худо ҷойи он касро ҷаннат кунад. Имрӯз ваҳдат ба даст омадааст. Ҳар кас аз пайи кори худ аст. Шояд баъзан як ҷониби КОМ фаромӯш шавад.
КОМ агар гоҳо фаромӯш шавад, ин далели он аст, ки аҳвол хуб шуд. Ҳама саҳмашро гузошт, зиндагӣ хуб аст. Барои ман ҳамчун як узви КОМ ҷои хушӣ ва қаноатмандист, ки мардум дар чунин шароиту фазо зиндагӣ мекунанд. Агар заррае ҳисса дошта бошем, ҳамчун узви он комиссия пас дар он натиҷаи корҳои якҷояро мебинем. Ман ҳамчун узви собиқи КОМ эҳтиёҷе ба ягон чиз надорам ва талаб ҳам нахоҳам кард. Имрӯз мутаассифона, баъзеҳо аз дунё рафтанд. Онҳое, ки дар гурӯҳи оташбас, дар раванди музокироти тоҷикон иштирок доштанд, нестанд. Фикр мекунам, аъзои собиқи КОМ, онҳое, ки ҳоло дар ҳаётанд, гоҳ-гоҳе ҷамъ шаванд, аз раванди сулҳ ёдовар шаванд, махсусан ба ҷавонон аз он даврони душвор ва муқаддас будани сулҳ нақл кунанд, кори хубе хоҳад буд. Дар мавриди қадршиносӣ бошад, бояд гуфт, ки вақте КОМ барҳам хӯрд, президент ҳамаро ба ҳузур пазируфт, изҳори сипос кард ва яктоӣ тангаи тилло тӯҳфа кард, ки дар хотирҳо боқӣ бимонад. Аксарияти аъзои КОМ, аз ҳар ду ҷониб соҳиби мукофотҳо шуданд. Бинобар ин, чунин назар ғалат аст, ки қадршиносӣ нашудаанд.”
Аз солҳои 1974 то 77 ва аз соли 1980 то 1984 дар Афғонистон кор кардааст. Сипас, боз дар Академияи улуми Тоҷикистон ба таҳқиқу пажӯҳиш идома медиҳад. Чанд вақт ба ҳайси мушовири идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Кароматулло Олимов ҳамчунин дар солҳои гуногун узви Комиссияи оштии Миллии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси Намояндагон, вазири фарҳанг ва мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон будааст. Минбаъд дар вазифаҳои директори Институти фалсафа ва директори Институти шарқшиносии Академияи улуми Тоҷикистон кор кардааст.
Доктори илми фалсафа, муаллифи 5 асар ва наздик ба 200 мақолаи илмӣ аст. 4 фарзанд дорад.
На танҳо мушовирон маслиҳатҳову хулосаҳо пешниҳод мекунанд, балки президент худ вобаста ба мушоҳидаҳояш ба мушовирҳо ҳам маслиҳат медиҳад, ки ба он масъалаҳо бояд аҳамият диҳанд...
Бархе аз коршиносон ба ин назаранд, ки ҳалли бисёре аз масоил дар сатҳи давлат ба мушовирони роҳбари давлат вобаста аст. Аммо бархеи дигар мегӯянд, ки на ҳама мушовирон аз чунин нақшу мақоме бархӯрдоранд, ки битавонанд дар тасмимгириҳо саҳм бигузоранд.
АҲЗОБИ СИЁСӢ ОЗОДАНД
Дар оғоз аз Кароматулло Олимов пурсидем, ки оё имрӯз робитаи давлат бо аҳзоби сиёсиро чӣ гуна арзёбӣ мекунад?
Кароматулло Олимов: "Ҳамаи он масоиле, ки вобаста ба аҳзоб ва робита бо ҷомеа аст аз сиёсати давлат сарчашма мегирад. Сиёсати давлат дар Қонуни асосӣ ва қонунҳои ҷории он инъикос шудаанд. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон озодона фаъолият доранд. Дар интихоботҳо ширкат меварзанд. Воситаҳои ахбори худро доранд. Ин ҳама нишонаи он аст, ки озодии фаъолият ва имкониятҳои дар фазои озод баён кардани ақидаву андеша ва барои амалӣ шудани он мубориза бурдан мавҷуд аст. Вале агар ин ва ё он ҳизб муваффақияти бештар надошта бошад, шаҳодати он аст, ки заминаҳои иҷтимоии он ҳизб заиф аст. Пештар, вақте мушовири давлатӣ будам баъзеҳо мегуфтанд, ки ба ҳизби мо имконият дода намешавад, имконият барояшон камтар аст. Аммо бояд гуфт, ки мубориза ва фаъолияти сиёсӣ вобаста ба барнома аст. Ҳар ҳизби сиёсӣ бояд амалеро вобаста ба шароити таърихӣ анҷом диҳад, ки ба суханаш мардум бовар кунад. Ба амалаш исбот кунад, ки он ҷонибдори мардум аст. Мардумро аз ин тариқ ба тарафи худ ҷалб карда тавонад. Дар он сурат дар интихоботҳо пирӯз шавад.
Аз ин нуқтаи назар, агар ҳизб муваффақияти куллие ба даст наорад ва гӯяд, ки ба ман давлат имконият намедиҳад ин эътирофи камқувватии он ҳизб аст. Масалан, дар парлумон бештар ҲХДТ ҷой гирифтааст. Ман ҳамчун намояндаи ҳизби дигар гӯям, ки ба ман шароит фароҳам накарданд, ин як даъвои ғайримантиқӣ аст. Чунки ҳар ҳизб мехоҳад, ки мавқеи худашро мустаҳкам кунад. Як ҳизбе, ки ҳоким аст барои як ҳизби дигар, биё, ту ҷои маро гир намегӯяд. Ин як кори хандаовар аст. Бинобар ин дар шароити муборизаҳои сиёсӣ, мубориза бояд солим бошад. Барномаҳо амалишаванда бошанд ва мардум ба он бовар кунад. Албатта, қонуншиканиҳое гоҳо ба назар мерасанд. Вале он аз тарафи ин ё он нафари масъул бояд ифшо ва он гоҳ бояд муҷозот шавад."
НАҚШИ МУШОВИРОНИ ДАВЛАТӢ
Суол: Аслан мушовирони давлатӣ дар тасмимгириҳои давлат то чӣ ҳад нақш доранд?
Кароматулло Олимов: "Мушовирони давлатии президент дар чанд бахш фаъолият мекунанд, мушовири давлатии соҳаи кадрҳо, иқтисодӣ, масоили ҳуқуқ, робита бо ҷомеа ва сиёсати хориҷӣ. Вазифаҳои онҳо дар низомномаҳо муайян шудааст. Қабл аз ҳама мушовирон барои амалӣ шудани сиёсати президент бояд мусоидат кунанд ва машваратҳои судманд диҳанд. Асноди муҳиммеро, ки барои президент зарур аст, масалан, барои фаҳмонидани вазъ дар ин ё он соҳа, барои тасмим гирифтан тавре пешниҳод бишавад, ки дар он афкори ҷамъиятӣ ва назари донишмандону олимон ба назар гирифта шуда бошад. Мушовирҳо шахсони таҳлилгар ҳастанд. Ҳозир мушовирҳои давлатии президет шахсиятҳои хеле корозмудаву таҷрибаноканд. Ҳам дар соҳаи кадр, ҳам дар соҳаи иқтисод, ҳам дар соҳаи робита бо ҷомеа ва ҳам дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ."
Ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шахси дигаре, ки масъулияти амният ва оромии Тоҷикистонро ба зимма гирифта тавонад, яъне шахси баробарвазн, нест...
Суол: Дар мавриди ин ва ё он ҳодиса мушовирҳо маслиҳатҳои мушаххас медиҳанд ё муфассал?
Кароматулло Олимов: Дар мавриди зарурат хулосаҳои муфассал пешниҳод мекунанд, вале мавридҳое ҳаст, ки хулосаҳои мушаххас пешниҳод мешавад. Чизи дигар ин аст, ки раисҷумҳури мо бо мардум зиёд вомехӯрад. Худо, ки саломативу қуввати хубро додааст дар сафарҳо бо мардуми оддӣ зиёд сӯҳбат мекунанд. Аз ин ҷиҳат на танҳо мушовирон маслиҳатҳову хулосаҳо пешниҳод мекунанд, балки президент худ вобаста ба мушоҳидаҳояш ба мушовирҳо ҳам маслиҳат медиҳад, ки ба он масъалаҳо бояд аҳамият диҳанд.”
ШЕВАИ ТАСМИМГИРИҲОИ ПРЕЗИДЕНТ
Суол: Баъд аз он ки мушовирҳо пешниҳодҳоро матраҳ мекунанд мустақим ба президент меравад ва ё боз мебинанд?
Кароматулло Олимов: "Мушовирони давлатӣ мустақим бо президент ҳамкорӣ мекунанд. Онҳо бо вазоратҳо низ кор мекунанд ва назару андеша ва фикрҳояшонро мегӯянд. Вобаста ба соҳае, ки масъуланд камбуд ва нуқсонҳоро мегӯянд, барои ислоҳи онҳо ёрӣ мерасонанд, иҷрои супоришҳои Президентро назорат мекунанд."
ПРЕЗИДЕНТ ВА РАҲБАРОНИ ҲИЗБҲО
Суол: То ба имрӯз раисҷумҳур бо раисони аҳзоб ягон маротиба мулоқот надоштааст ва ҳеҷ мушовири давлатӣ низ барои иттифоқ афтодани ин амр талош накардааст. Аммо дар дигар кишварҳо чунин таҷриба ҷо дорад...
Кароматулло Олимов: “То ҷое медонам, баъзе мулоқоти президент бо роҳбарони аҳзоби сиёсӣ баргузор шуда буд. Барои мисол, дар доираи Шӯрои ҷамъиятӣ мулоқоти президент чандин бор бо намояндаҳо ё ки роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуда буд. Ин як. Дигараш ин ки барои президент вазифаи аввалиндараҷа нест, ки фақат бо роҳбарони аҳзоб мулоқот кунад. Соли гузашта ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ бо иштироки президент доир шуда буд. Дар Шӯрои ҷамъиятӣ аҳзоби сиёсӣ ҳам дохил ҳастанд. Раисҷумҳур аз тариқи минбари Шӯрои ҷамъиятӣ фикру ақида ва андешаҳояшро баён мекунад. Манзур агар ин бошад, ки президент ҳар замон алоҳида-алоҳида бо ҳар як роҳбари ҳизб вохӯрад ин марбут мешавад ба худи президент ва роҳбарони ҳизб, ки чӣ гуна мақому мавқеъ ва чӣ гуна савол доранд. Президент ҳазору як масъалаи ҷамъиятӣ ва давлатӣ доранд. Ҳизбҳои сиёсӣ аз тариқи матбуоташон ва ё онҳое, ки дар парламент ҳастанд аз тариқи парламент, аз тариқи мушовири давлатӣ оид ба робита бо ҷомеа ҳамеша метавонанд бо президент робита дошта бошанд ва доранд. Аз ин лиҳоз, чунин ақида, ки президент бо ҳизбҳои сиёсӣ робита ва ё ҳамкорӣ надорад, ғалат аст.”
"ҲАР КАС МЕХОҲАД ВАЗИФА ГИРАД"
Суол: Ҳоло дар бораи як падидаи номатлуб сӯҳбатҳо бештар мешавад. Манзурам падидаи маҳалгароӣ аст. Чаро дар бештари мақомҳо кадрҳо аз як маҳал таъйин мешаванд?
Камроматулло Олимов: “Ман дар мисоли Академияи улум ба шумо мегӯям. Президенти Академияи илмҳо Маҳмадшо Илолов дар Бадахшон зода шудаанд. Яке аз ноиби президентҳо Сайидаҳмад Одинаев, зодаи Кӯлоб ҳастанд, Муҳиба Ёқубова дигар витсе-президент аз пойтахт ҳастанд ва ман аз вилояти Суғд ҳастам. Дар ин ҷо ягон маҳалгароӣ дида намешавад. Албатта, дар назар гоҳо ҳамин тавр менамояд. Маҳалгароӣ дар мо он вақт реша давонид, ки робитаҳои байни маҳалҳо заиф буд. Ҳамчунин мушкили роҳ вуҷуд дошт ва аз тарафи дигар манотиқи кишвар аз лиҳози тараққиёти иқтисодӣ аз ҳам фарқ дошт. Ҳанӯз аз замони Русияи подшоҳӣ дар қисмати шимол роҳи оҳан ва бархе аз корхонаҳои саноатӣ амал мекарданд. Вале чун дар минтқаҳои куҳистонӣ, ки фабрикаву корхонаҳо амал намекард, ақибмонда буд. Мардум барои мисол аз Ғарм ба мардикорӣ ба Фарғона мерафтанд. Ҳоло бо шарофати истиқлол роҳҳои мо ба ҳам пайваст шуд. Имрӯз аз Хитой маҳсулот вориди кишвар мешавад ва ё аз тарафи Афғонистон низ молу коло ба бозорҳои мо роҳ ёфтааст ва ё содир мешавад. Тавассути ин роҳҳо муносибати минтақаҳои гуногуни давлат байни инсонҳо зиёд шуд. Хонадоршавӣ ва ё никоҳи ҷавонҳои манотиқи гуногуни кишвар афзоиш ёфтааст.
Дар мавриди қадршиносӣ бошад, бояд гуфт, ки вақте КОМ барҳам хӯрд, президент ҳамаро ба ҳузур пазируфт, изҳори сипос кард ва яктоӣ тангаи тилло тӯҳфа кард, ки дар хотирҳо боқӣ бимонад...
Ин раванд ба муттаҳидии маҳалҳои кишвар замина мегузорад. Дар ин сурат манфиатҳои иқтисодӣ дар мақоми аввал қарор мегирад на мансубият ба маҳал. Албатта, мо дар шароити ҷанг қарор доштем. Вақте президент (он вақт раиси Шӯрои олӣ) ба кор шурӯъ кард, дар иҷлосияи Хуҷанд ба чандин нафар мансабҳои давлатиро пешниҳод карда буд, аммо бисёриҳо тарсиданд, вазифа нагирифтанд. Ҳамон шабу рӯзҳо дар ҳар як боми биноҳои гардиши аэропорт силоҳдорони зидди ҳукумат ҷо доштанд. Дар он шароит ҳеҷ кас намехост, ки вазифа гирад. Вале ҳоло давлат ором шуд. Ором, ки шуд манфиатҳо равшан шуданд. Ҳар кас мехоҳад як вазифае дошта бошад. Ё одамҳое, ки дар солҳои душворӣ дар берун буданд, баъзеашон ҳатто мо омадем, аммо вазифа нагирифтем гуфтанд. Инсон инсон аст. Камбуд дар ҳар ҷо мешавад. Лекин камбудҳое, ки дар гузашта буданд ба тадриҷ, дар натиҷаи ҳалли проблемаҳои иқтисодиву иҷтимоиву сиёсӣ ва коммуникатсионӣ ҳал шуда истоданд. Бовар дорам, ки наслҳои ояндаи мо аз ин нуқсҳо озод хоҳанд шуд.”
ИБРОҲИМ УСМОН ВА САЙИДМУРОД ФАТТОЕВ
Суол: Дар вазифаи мушовири давлатӣ, ки кор мекардед пеш аз шумо профессор Иброҳими Усмон кор мекард ва пештар нафарони дигар. Вале ин вазифа низ дода шуд ба нафаре аз маҳалли муайян. Яъне ҷалби кадрҳо аз як минтақа идома дорад ва оё ин ба он маъност, ки ба кадрҳои дигар минтақаҳо бовар намекунанд?
Кароматулло Олимов: “Шумо саволи мушаххас додед доир ба мушовири давлатӣ оид ба робита бо ҷомеа, ки масалан Иброҳим Усмонову баъдан ман кор мекардем ва ҳоло Сайидмурод Фаттоев кор мекунад. Гап дар сари ин нест, ки шахс аз ин ё он маҳал бошад. Рости гап, ба ман пешниҳод ҳам буд, ки дар он вазифа боқӣ бимонам. Лекин илтимос кардам, ки ман боз ба илм баргардам, чун синну солам рафта истодааст. Чунки ҳаёти ман аз аввал бо Академияи илмҳо вобаста буд. Сайидмурод Фаттоевро хуб медонам, кадри босавод, ватанпараст ва ботаҷриба аст, ба ин вазифа мувофиқтар буд аз ин рӯ ӯро таъйин карданд. На аз нуқтаи назари тааллуқ доштан ба кадом як маҳали наздик ба президент. Ба ҷои Сайидмурод Фаттоев, ки як вазифаи муҳим - мудири котиботи президентро бар ӯҳда дошт аз Кӯлоб наовардаанд. Анвар Асадовро оварданд. Вай аз вилояти Суғд аст. Ба назарам, гузориши ин масъала ва тезу тунд кардани он хуб нест!”
"ҲАМВАЗНИ ПРЕЗИДЕНТ КАСЕ НЕСТ"
Суол: Чанд вақт пеш Акбари Турсон донишманди мо, ки ҳоло баргашта омаданд ба хотири аз байн бурдани маҳалгароӣ пешниҳод карда буданд, ки дар мақоми шахси аввал бояд аз маҳалҳо ва бонавбат баргузида шавад. Яъне шахси аввал аз минтақаҳои гуногун ва бо навбат ва барои даври муайян интихоб шавад...
Кароматулло Олимов: “Акбари Турсон ҳарчанд бо ҷумҳурӣ ҳамеша робита доштанд, аммо солҳои зиёд дар берун буд. Имрӯз ин донишманди машҳури ҷумҳуриамон ба вазифаи директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ аз тарафи ҳукумат таъйин шуд. Бо даъвати президент омад. Шояд аз минтақаҳо ҳамшаҳриҳои худи президент ҳам дар хориҷа бошанд. Лекин Акбар Турсонро даъват карданд. Ин ба он маъно аст, ки сиёсати президент дар арсаи илм такя ба кадрҳои сазовор ва шоиста дорад. Он чизе ки шумо аз қавли Акбари Турсон, ки шахси аввал аз ҳар куҷо ва аз ҳар минтақа ба навбат шавадро зикр кардед, гумон мекунам, ки ин фикр аз ҷиҳати назарӣ дуруст аст. Вале ба он аз лиҳози амалу вазъияти Тоҷикистон бояд баҳо дод. Ҳозир фарз кардем ба президент Эмомалӣ Раҳмон гӯем, ки аз вазифа даст кашед, дигар кас бишавад. Мақсади баъзеҳо ҳамин аст, агар манзурро кушоду равшан гӯем. Тоҷикистон чӣ мешавад? Якум ин ки мардуми тамоми вилоятҳо, аксарияти кулли ҷумҳурӣ, шумо агар телевизионро бубинед ва бидуни телевизион ҳам, аз сиёсати ӯ ҷонибдорӣ мекунад.
Ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шахси дигаре, ки масъулияти амният ва оромии Тоҷикистонро ба зимма гирифта тавонад, яъне шахси баробарвазн, нест. Ман ин гапҳоро бевосита аз мардум мешунавам. Барои чӣ? Барои он ки мардум ба ҳамин одам бовар кардааст. Ҷомеаи мо ҷомеаи америкоӣ нест. Қазоқистонро бубинед. Боз Назарбоевро интихоб карданд. Фоизҳои пештараи овозҳо дар интихоботҳо кам буд. Ин навбат аз 98 дарсад бештар овоз гирифт. Барои чӣ? Нозирони хориҷӣ ҳам эътироф карданд. Барои он ки халқ бовар кардааст ва муҳимтарин чиз боварии халқ аст. Зарурати ин ё он шахсро марҳалаи таърихӣ муайян мекунад. Мо ба ин масъала бояд аз назари илмӣ ва ҳаёт муносибат намоем. Бубинед, ки дар атрофи ҷумҳурии мо, дар минтақа чӣ вазъият аст. Албатта сарварию президентӣ доимӣ ва мисли шоҳони гузашта нест. Қонунҳои демократӣ мавҷуданд, амал мекунанд. Мардум бисёрии вақт дуо мекунад, ки президенти мо ҳамеша бошад ва умрашро худо дароз кунад. Дуои халқ аст. Лекин мо аз нуқтаи назари зарурати таърихии муосир бубинем, ки президент ба боварии халқ сазовор ҳаст? Оё масалан, ба ивазаш таърихи мо каси дигаре, ки ба ҳамин дараҷаву ба ин андоза ба боварии халқ сазовор шуда ҷумҳуриро ором карда шабу рӯз кор кунад ва обрӯву эътибори Тоҷикистонро баланд бардорад, ҳаст? Албатта, ҷавонҳо дар атрофи президент ҳастанд. Оянда ин ҳаёт аст, диалектикаи ҳаёт аст, наслҳо дигар мешаванд, касони дигар боз меоянд. Лекин то даме, ки таърих шахси боз сазовору лоиқро бар ивази як кас мебиёрад, касе, ки ба боварии халқ сазовор аст, бояд дар сари ҳокимият бошад.”
"БАРОИ МАРДУМИ ОДӢ ФАРҚ НАДОРАД, КИ..."
Суол: Бубинед, бархе аз коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба авомиле, ки ба вуқӯи ҳаводиси арабӣ сабаб шуд, яъне фасод, ҳокимияти тӯлонии як нафар, интихоботҳои ноодилона ва ғайримардумӣ, мегӯянд имкони такрори он дар минтақаи мо низ вуҷуд дорад. Чун ин гуна омилҳо дар кишвари мо ҳам мушоҳида мешавад. Шумо чӣ назар доред?
Кароматулло Олимов: “Ҳозир бисёр сиёсатмадороне ҳастанд, ки аз парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ пушаймонанд. Диссидентҳои собиқ китоб навишта, узрхоҳӣ низ карданд. Масалан, яке аз онҳо файласуф ва мантиқшиноси бузурги Шӯравӣ Александр Зиновев буд, ки дар солҳои Брежнев қаҳр карда ба Амрикову Ғарб рафт, вале баъдан гуфт, ки сахт пушаймон шудааст, ки қадри як давлати одилро надонистааст. Аз ин рӯ он чизеро, ки дар Ғарб мегӯянд, мо бояд мувофиқи психологияи худ, расму одати худ, расми давлатдории худ ва шароити таърихии худ баҳо диҳем. Ҳоло бубинед вазъи давлати Либияро. Дар ин мамлакат барои мардум хеле аз имтиёзҳое фароҳам шуда буд. Ҳоло дар муқобили оппозитсияи Қаззофӣ мардум бархоста ва муқовимат дорад. Оё бо он ки Қаззофӣ аз қудрат биравад, вазъ дар Либия беҳтар ва ободтар мешавад? Ин имконоти мавҷударо як каси дигар дода метавонад? Бинобар ин, ин ҷо манфиатҳои давлатҳои бузург ҳаст, ки давлатҳои дигарро мехоҳанд ба тобеияти худ дароварда истиқлолияташро заиф ва манбаъҳои ашёи хомро аз худ кунанд. Захоири табиии Ғарб ҳам ба ақидаи баъзе аз таҳлилгарон тамом шуда истодааст, то солҳои 2030-2040 тамом мешавад.
Манбаъ куҷост? Русия, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва мамлакатҳои арабӣ. Аз ин рӯ дар ин кишвархо мавзӯъҳои демократия, роҳбарии муддати дароз, интихоботҳои шаффоф воқеият ҳам доранд, вале зоҳирфиребӣ ва бо ин васила мардумро фиреб кардан ҳам ҳаст. Барои халқи оддӣ аҳамият надорад, ки Аҳмад президент мешавад, Маҳмуд президент мешавад, аз Суғд мешавад, аз Кӯлоб мешавад ё аз Ғарм мешавад. Барои ӯ чӣ фарқ дорад? Тақдири кас бошад ба навбат ба ибораи Ҳофиз “Ҳумои авҷи саодат ба номи ӯ афтад”. Лекин барои халқи мо оромӣ ва осудагӣ даркор аст. Зиндагиашро озодона давом диҳад, туризм инкишоф ёбад, корхонаҳои нави саноатӣ бунёд шаванд ва инвеститсия ояд. Албатта, шахсиятҳое, ки президент ба ин ё он вазифа таъйин мекунад аз ҷиҳати ахлоқӣ бояд покиза ва тоза бошанд. Фасод бояд, ки рӯз ба рӯз кам шавад. Бинобар ин дар шароити ҷаҳонишавӣ ба ҳар гуна шиорҳое, ки фақат демократанду моҳияташонро мутаассифона, на ҳама зуд сарфаҳм меравад, дода нашавем.”
ЁДЕ АЗ КОМИССИЯИ ОШТИИ МИЛЛӢ
Суол: Шумо узви Комиссияи оштии миллӣ будед. Имрӯз хеле аз аъзои КОМ фаромӯш шуданд ва дар сӯҳбатҳову навиштаҳо ҳамеша аз ҷониби ҳукумат, саҳми он гуфта мешавад, вале ҷониби мухолифин ва саҳми он фаромӯш мешавад. Оё магар сулҳу оштӣ якҷониба ба даст омад?
Кароматулло Олимов: “Сулҳ, албатта, якҷониба набуд, дуҷониба буд. Нақши ҳар кадоме аз тарафҳо ва нафарҳо дар сулҳи тоҷикон равшан аст. Масалан, дар мақолаҳое, ки бахшида ба рӯзи ваҳдат дар соли гузашта навиштам, низ ташаббусҳои бевоситаю ҳам ҷонашро дар хатар гузошта сафарҳо кардани президентро навиштам, ва хидмати домулло Нурӣ ва Ҳимматзодаро ҳам дар сулҳи мо зикр кардам. Инҳо шахсиятҳои маъруфанд, хизмат карданд ва инҳо бояд гуфта шаванд. КОМ воқеан кори бузургеро анҷом дод. Ҳолатҳое мешуд, ки дар кори он ихтилофи назарҳое пеш меомад. Фақат бо дахолати президент он ҳал мешуд. Ё татбиқи қонуни афвро гирем, ки фақат бо дахолати президент он амалӣ шуд. Ё гоҳо раиси шаҳр ҷаноби Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчун намояндаи президент омада барои ҳалли масоил кӯмак мекард. Ҷаноби Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳам барои оромона кор бурдан ва ба назари воҳид расидан, ба якдигар гузаштҳо карданро риоят кардан хизматҳои бузург намудаанд, ки худо ҷойи он касро ҷаннат кунад. Имрӯз ваҳдат ба даст омадааст. Ҳар кас аз пайи кори худ аст. Шояд баъзан як ҷониби КОМ фаромӯш шавад.
КОМ агар гоҳо фаромӯш шавад, ин далели он аст, ки аҳвол хуб шуд. Ҳама саҳмашро гузошт, зиндагӣ хуб аст. Барои ман ҳамчун як узви КОМ ҷои хушӣ ва қаноатмандист, ки мардум дар чунин шароиту фазо зиндагӣ мекунанд. Агар заррае ҳисса дошта бошем, ҳамчун узви он комиссия пас дар он натиҷаи корҳои якҷояро мебинем. Ман ҳамчун узви собиқи КОМ эҳтиёҷе ба ягон чиз надорам ва талаб ҳам нахоҳам кард. Имрӯз мутаассифона, баъзеҳо аз дунё рафтанд. Онҳое, ки дар гурӯҳи оташбас, дар раванди музокироти тоҷикон иштирок доштанд, нестанд. Фикр мекунам, аъзои собиқи КОМ, онҳое, ки ҳоло дар ҳаётанд, гоҳ-гоҳе ҷамъ шаванд, аз раванди сулҳ ёдовар шаванд, махсусан ба ҷавонон аз он даврони душвор ва муқаддас будани сулҳ нақл кунанд, кори хубе хоҳад буд. Дар мавриди қадршиносӣ бошад, бояд гуфт, ки вақте КОМ барҳам хӯрд, президент ҳамаро ба ҳузур пазируфт, изҳори сипос кард ва яктоӣ тангаи тилло тӯҳфа кард, ки дар хотирҳо боқӣ бимонад. Аксарияти аъзои КОМ, аз ҳар ду ҷониб соҳиби мукофотҳо шуданд. Бинобар ин, чунин назар ғалат аст, ки қадршиносӣ нашудаанд.”
Муаррифии Кароматулло Олимов
Кароматулло Олимов, ноиби президенти Академияи улуми Тоҷикистон, бахши форсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар соли 1964 хатм кардааст. Бо хатми аспирантура дар соли 1971, рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад.Аз солҳои 1974 то 77 ва аз соли 1980 то 1984 дар Афғонистон кор кардааст. Сипас, боз дар Академияи улуми Тоҷикистон ба таҳқиқу пажӯҳиш идома медиҳад. Чанд вақт ба ҳайси мушовири идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият мекунад.