Амирхон Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, гуфт, ки дафтари САҲА дар Тоҷикистон, ки бар асоси қарори Шӯрои доимии ин муассиса амал мекунад, тибқи ин санад дорои як қатор имтиёзҳо шуда ва аз масуниятҳо бархӯрдор хоҳад шуд.
Бар асоси ин санад, ҳукумати Тоҷикистон муваззаф аст шароити мусоиди кор фароҳам карда амнияти биноҳои дафтари САҲА ва аз ҳуҷум ва расонидани ҳар навъи зарар ҳимоят намояд. Вале ҳамаи масрафот ва ҳазинаҳои буду бош, аз ҷумла таъмини амнияти биноҳо бар ӯҳдаи худи САҲА хоҳад буд.
Тоҷикистон дар соли 1992 ба узвияти САҲА пазируфта шуда ва намояндаии ин созмон дар Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 1994 ифтитоҳ ёфтааст. Дар соли 1999 намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди САҲА ба фаъолият оғоз кардааст.
Созмони амнияти ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо роҳандозии чандин барнома ба ислоҳоти низоми қонунгузорӣ, омӯзиши низомиёни тоҷик, мудирият дар марзҳо ва баргузории интихоботҳо ба Тоҷикистон кӯмак кардааст.
Санади мазкур дар моҳи июни соли 2011 дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Венаи Австрия ба имзо расид.