Синфхонаи мактаби ибтидоии рақами 49-и ноҳияи Шаҳринав, воқеъ дар 45 километрии ғарби пойтахт дар коҳдони манзили зисти як сокини деҳаи Санҷичоп ҷойгир аст. Дар ин синфхона ҳудудан сӣ бачаи синну соли мухталиф дарс мехонанд. Рӯзе, ки мо дар ин синфхона будем, як муаллим ҳамзамон аз ду фанни комилан мухталиф ба талабаҳо дарс мегуфт. Талабаҳои синфи сеюм дарси математика доштанд, вале талабҳои синфи дуюм забони тоҷикӣ меомӯхтанд.
Дар гузаштаи начандон дур бинои пешини ин мактаби чаҳорсолаи ибтидоӣ дар назди як фермаи молпарварӣ ҷойгир буд. Аммо вақте фермаро ширкати хусусии мавсум ба "Ҳоҷӣ" харидорӣ кард, мактаб маҷбуран ба ҷойи дигар, ба манзили зисти як сокини ин деҳа кӯчонида шуд.
Мудири ин мактаб Шарифа Холова мегӯяд, раиси ферма дар ғайби ӯ мактабро ба инҷо кӯчонд: "Як рӯз фарроши мактаб ба ман занг зад, ки биё бинои мактабро холӣ кунем ва ба ҷои дигар барем. Ман дар рухсатӣ будам, ин моҳи август буд. Лекин раиси ферма интизори мо намешавад ва бо дигарон дари мактабро мешикананду партаву стулу ҳама маводи дарсиро мегиранду ба инҷо меоранд. Намояндаи маорифи ноҳия ҳам будааст, вай ба соҳиби ин манзил ваъда медиҳад, ки баъд аз ду моҳ ин мактабро ба ҷои дигар мекӯчонанд. Ҳоло нигоҳ кунед, ки аз сентябр то ҳол чанд моҳ гузашт?"
Дар замони кӯчбандии иҷбории мактаб ба ин каҳхона, мактаб 42 талаб дошт. Аммо баъдан қисме аз волидон фарзандони худро ба мактабҳои дигар бурданд ва ҳоло синфхона 30 талаба дорад. Ин далел, ки як муаллим ҳамзамон аз ду фан ба ду гурӯҳи мухталиф дарс мегӯяд, бисёр падару модаронро нороҳат кардааст, аммо онҳо мегӯянд, ба ҷуз фиристодани бачаҳои худ ба ин мактаб, интихоби дигар надоранд
Аз омӯзгори синф Мукаррама Ҳодиева пурсидем, ки чӣ гуна метавонад, ду фанни мухталифро дар як замон дарс диҳад, вай дар ҷавоб хандида гуфт, дигар одат кардааст: "Мо мувофиқи барномаи дарсӣ душворӣ надорем, аввал вазифаҳои синфи якумро аз забон медиҳем, то замоне ки инҷо вазифаҳои худро иҷро мекунанд аз математика ё фанни дигар синфҳои севумро мефаҳмонем. Ҳоло бубинед моро ба инҷо кӯчониданд, дигар иҷлоҷ надорем. Аз 1-уми сентябр ба ин тараф дар ҳамин ҷо дарс медиҳем."
Омӯзгорони ин мактаб мегӯянд, ки шӯъбаи маорифи ноҳия дар баробари қарори раиси нави ферма, ки талабаҳоро ба маънои томаш ба кӯча партофт, ҳеҷ вокунише нишон надод. "Ин аст, ки ҳоло наҳваи таълиму тадрис дар ин синфхона ба шеваи дарсомӯзӣ дар мактабҳои куҳнаи аморати Бухоро монанд шудааст",- мегӯянд муаллимони ин мактаб.
Бо он ки ин каҳхона ба синфхонаи воқеӣ камтарин монандиро дорад, аммо муаллимон бо тоза кардани дару девор ва кӯчонидани доскаву партаҳои мактаби пешина ба ин ҷо шакли онҳоро то ҷойе ба синфхона монанд кардаанд. Мо хостем бо раиси нави фермаи “Ҳоҷӣ” сӯҳбат кунем ва аз ӯ бипурсем, ки сабаби аҷулона (тез) кӯчонидани мактаби пешин ба коҳхона дар чӣ буд. Аммо, мутаассифона, ӯ дар ферма набуд ва маълум ҳам набуд, ки кай бармегардад.
Мо роҳи шӯъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринавро пеш гирифтем, то аз мақомот бипурсем, ки оё аз вуҷуди як мактаби монанд ба “мактаби куҳна”-и Садриддин Айнӣ дар як деҳкадаи Шаҳринав хабар доранд?
Алимардон Ҳамроев, мудири шӯъбаи методии маорифи ноҳияи Шаҳринав ба мо гуфт, “бинои мактаби назди ферма моли раиси ферма аст ва мо чӣ тавр бояд ба соҳиби мол зурӣ мекардем? Аз ин рӯ онҳо манзили сокини дигарро иҷора гирифтем”. Вай афзуд, "ин хонаи шахсӣ буд. Бо даву този мудири шӯъбаи маориф ҷои нав ёфтем барои мактаб. Баъд ҳамон шипангеро, ки шумо дидаед, онро барои чор моҳ иҷора гирифтем. Агар онҷо намешуд ҷои дигар меёфтем шояд хонаи муаллимаи мактабро мегирифтем. То моҳи сентябри соли оянда бинои нави мактаб дар ин деҳа сохта хоҳад шуд."
Аммо мудири мактаб мегӯяд, то замоне ки раиси ширкати "Ҳоҷӣ" фермаро хусусӣ накард, ҳарфе дар бораи ба ҷои дигар кӯчонидани мактаб набуд. Аммо ҳоло кор то ҷойе расидааст, ки пас аз кӯч додани мактаб, навбат ба хонаводаҳое расидааст, ки беш аз 20 сол дар манзилҳои атрофи ферма зиндагӣ кардаанд.
Ҳоло талабагон ва омӯзгорони ин мактаб дар дуроҳа мондаанд ва намедонанд, ки таҳсилро қатъ кунанд ва ё корро бо ҳамин шакл идома диҳанд. Аз як тараф синфхонаи тангу маҳдуд, аз тарафи дигар сарнавишти номуайяни мактаби нав, ки гӯиё сохтмони он ҷараён дорад.
Абдуқаюм Давлатов, соҳиби манзиле, ки мактаб дар каҳдони он ҷойгир шудааст мегӯяд, шӯъбаи маориф ваъда дода буд, ки талабаҳо танҳо ду моҳ дар манзили ӯ дарс мегиранд ва баъдан ба мактаби нав мекӯчанд. Аммо он ду моҳ 8 моҳ шуд, вале ҳанӯз аз мактаби нав дарак нест: "Ин талабаҳои бечора бемактаб монда буданд. Баъд шӯъбаи маориф омад, хоҳиш кард, ки фақат барои ду моҳ хонаамонро бидиҳем. Мо бидуни ҳеҷ маблағ ба ихтиёри талабаҳо гузоштем. Ҳоло моҳи апрел шуд, сол ба охир мерасад аз мактаби нимколаи онҳо дараке нест."
Воқеан, дар доманаи теппаи ин деҳа як бинои навсохтро мушоҳида кардем, ки танҳо девору бом дорад ва маълум аст, ки то анҷоми сохтмон моҳҳо ва ҳатто солҳо бояд мунтазир шуд. Ҳоло мудири мактаб аз падару модарони талабаҳо хоҳиш дорад, ки ҷамъ оянд, ҳашар кунанд ва ақаллан як синфхонаро барои дарсгузаронӣ омода кунанд.