Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухурди муҳассилин дар саҳни мактаб


Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи ҷанги миёни хонандагони ду мактаби миёнаи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ин ниҳод, дар сӯҳбат бо барномаи Ояндасоз гуфт, ҳафтае қабл тахминан соати 11-и рӯз дар саҳни майдони варзишии мактаби рақами 89-и пойтахт миёни тақрибан 50 нафар хонандагони ин мактаб ва мактаби рақами 82 бо истифода аз сангу чӯб задухӯрд сурат гирифт, ки дар натиҷа ду нафари онҳо ҷароҳат бардоштанд.

Маҳмадулло Асадуллоев мегӯяд, ҳарчанд қаблан низ ҳодисаҳои даст ба гиребон шудани хонандагони макотиби миёнаи пойтахт аз сӯи онҳо ба қайд гирифта шуда буд, вале ин барои нахустин бор аст, ки чунин шумораи муҳасcилин дар задухӯрд ширкат кардаанд.

Аммо ҳангоме, ки мо барои муайян кардани омилҳои асосии сар задани низоъ миёни ин хонандагон ба раҳбарияти ин мактабҳо муроҷиат кардем, онҳо даст доштани толибилмони худ дар ҷангро рад карданд.

Омӯзгорон мегӯянд, ҳамасола баробари шурӯъ шудани таҳсил хонандагони макотиби миёна ба ташкили ҷангҳо миёни мактабҳо шурӯъ карда, ба ин васила мехоҳанд нуфузи худ дар маҳаллаҳои худро нишон диҳанд ...
Дилбар Зоҳидова, сарвари мактаби миёнаи рақами 82, мегӯяд, айбдорони ҷанг нафароне буданд, ки қаблан барои бадрафторияшон аз ин мактаб ронда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Паймон, хонандаи синфи 11, ки мегӯяд, аслан дар задухӯрди миёни мактабҳо ширкат накардааст, иқрор шуд, ки аз ин пеш низ чандин маротиба муҳассилини мактаби рақами 82-юми пойтахт барои даъват ба ҷанг ба мактаби онҳо омада будаанд.

Вале Барно Бобокалонова, омӯзгори мактаби 89-ум иддао дорад, ки муҳасиллини онҳо пурра ба таҳсил дода шуда ва дар кадом ҷанге иштирок намекунанд. Ба гуфтаи хонум Барно, бинобар он ки гирду атрофи мактаби онҳо маҳкам нашудааст, муҳассилини мактабҳои дигар майдони ин мактабро барои ҷангидан интихоб кардаанд, на хонандагони онҳо.

Дар ин миён Матин Гадоев, хонандаи синфи 11-уми мактаби 89, бар ин назар аст, ки задухурде, ки ахиран дар саҳни мактаби онҳо сурат гирифт аслан бе маънӣ ва беҳадаф буд.

Гулрӯз Абдураҳмонов, мудири бахши равоншиносии пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ, ҷанги миёни хонандагони мактабҳоро дар синни наврасӣ падидаи нав намедонад. Вай мегӯяд, дар ин синну сол маъмулан андешаҳои волидайн, омӯзгорон ва дигар афроди бузургсол камэътибор шуда, онҳо аксаран ба баҳои ҳамсолонашон бештар аҳамият медиҳанд. Яъне ин давраест, ки ноболиғон талош мекунанд худро аз ягон ҷиҳат зоҳир карда, ба истилоҳ, зӯрии худро собит намоянд.

Бархе аз омӯзгорон мегӯянд, ҳамсола баробари шурӯъ шудани соли таҳсил дар ду моҳи аввал хонандагони макотиби миёна ба ташкили ҷангҳо миёни мактабҳо шурӯъ карда, ба ин васила мехоҳанд нуфузи худро дар маҳаллаҳои худ нишон диҳанд. Дар ин миён, ба гуфтаи онҳо, аксран на худи хонандаҳо, балки омӯзгорони онҳо азият мекашанд.

Зеро маъмулан чунин ҳодисаҳо тафтишоти зиёди мақомоти интизомиро ба дунбол дорад. Аз ҷумла Барно Бобокалонова, омӯзгори мактаби 89-и пойтахт, мегӯяд, пас аз сар задани ҷанг дар ин мактаб тӯли чанд рӯз аст, ки онҳо зери фишори равонӣ қарор доранд.

Ба гуфтаи равоншиносон барои коҳиши ҳодисаҳои ҷанги байнимактабӣ бояд дар муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои мухталифи сармгармкунанда ва бахшҳои гуногуни варзишӣ ташкил шавад, то ки наврасон нерӯи бештарро ба он равона кунанд. Аммо то он даме, ки ин иқдомҳо рӯи даст гирифта шаванд, бархе аз мактабҳои пойтахт барои ҷилавгирии чунин ҳодисаҳо аллакай дар мактаб як нафарӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқро нигоҳ медоранд.
XS
SM
MD
LG