Масалан, рӯзи 22 март дар бинои Сафорати кишварамон дар Берлин бо иштироки намояндагони бундестаги Олмон, доираҳои ҳукуматӣ, олимону хабарнигорон, ҳамватанону ҳамзабонони муқими Олмон, донишҷӯёни тоҷик ҳамоийиши фарҳангие баргузор гардид. Гурӯҳи фолклории "Чилтан"-и Донишгоҳи Ҳумболдт, ки аксари навозандагону сарояндагони он ҳунармандони олмонитабор мебошанд, дар тан либоси миллии тоҷикӣ оҳангу таронаҳои суннатии тоҷиконро иҷро намуданд. Дар баробари ин, дар саҳни барҳавои ҳавлӣ ва толорҳои мӯҳташам дастархони наврӯзӣ пероста буд ва намоиши китобу маҷалла ва маводи дигари таблиғотӣ баргузор гардид.
Рӯзи 24 март бошад, чунин тантанаи бошукӯҳи наврӯзии тоҷикон дар шаҳри Прага – пойтахти Чехия низ баргузор шуд. Дар он низ намояндагони Вазорати умури хориҷии кишвари иқомат, аҳли илму адаб, доираҳои соҳибкорӣ, ҳамватанони муқими Чехия, Олмон, Ҳолланд, Фаронса, Австрия, донишҷӯёни тоҷику чех ва ҳамватанон бо аҳли оилаи худ ширкат доштанд. Ҳунарманди тоҷик Ноҳид Зейналпур аз Русия, овозхони маҳбуб аз Фаронса - Аҳмад Мурид ва гурӯҳи ҳунарии "Мерос" таҳти роҳбарии Фарид Қаюмӣ дар ин ҷашн барномаи хуби консертӣ намоиш доданд. Журналистотони тоҷик Хиромон Бақозода ва Тоҳири Сафар маҳфилорои ҷашн буданд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи ин чорабинӣ ҳамчунин Анҷумани бозаргонии тоҷик дар Чехия, ки бо ибтикори Сафорат барои тарғиб ва ташвиқи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таъсис ёфтааст, муаррифӣ гардид. Роҳбарии онро хатмкадаи Донишгоҳи Ню-Йорк дар Прага, ҳамватанамон Темур Раҳимов бар дӯш гирифт.
Дар ҳамаи ин тантанаҳои идона дар Берлину Прага Сафири Тоҷикистон дар Олмону Чехия Имомуддин Сатторов бо таъкиди моҳияти махсуси баргузории Наврӯзи соли 2012 ва баррасии вазъи Афғонистон дар нишасти панҷуми RECCA дар шаҳри Душанбе, роҷеъ ба аҳамияти ҷаҳонии Наврӯз дар рушду таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва инкишофи робитаҳои фарҳангию башарӣ ва инчунин оид ба пешрафти ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишварамон ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии он дар давраи муосир суханронӣ намуд.
Хулоса, фарҳанги Наврӯз тоҷикистониҳоро дар Аврупо низ муттаҳид мекунад. Бори аввал дар Прага бо ибтикори ҷавонзани тоҷикистонӣ Малика Раҳмонова ва дигар хоҳарони тоҷик суманак пухта шуд. Бовари кас намеояд, ки тоҷикон Дар Олмону Фаронса, Бритонёиву Ҳолланд, Чехияву Белгия, Австриву Нидерландия ва даҳҳо кишвари дигар, ки гумон буд он ҷо тоҷикон бошанд, солҳост, иқомат мекардаанд.
Муҳаммад Эгамзод, муассиси хабаргузории «Tajinfo», коршиноси муносиботи байналмилалӣ ва умури муҳоҷират