Игор Сатторов, сухангӯи ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски ин масъала бо сиёсат омехтааст, ҳама гуна шарҳи ширкат дар ин маврид низ сиёсӣ арзёбӣ хоҳад шуд. Вай афзуд, вазифаи асосии ширкат гирифтани газ аст, аммо расонидани он вазифаи сохторҳои дигари ҳукумат мебошад.
Ӯ афзуд, "аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки як қисмати истеҳсолоти мо ба газ вобастагӣ дорад ва бе баҳс, аз қатъи газ дар истеҳсолот мушкил эҷод мешавад. Вазифаи мо халал нарасонидан ба раванди музокирот аст. Масъала оддӣ нест. Аз ин хотир, мо ҳар гуна шарҳро чизи зиёдатӣ ҳисоб мекунем."
Бино ба иттилои расмӣ, "Талко" солона 45-50 миллион метри мукааб, чоряки гази воридотӣ аз Узбакистонро истифода мекунад. Игор Сатторов гуфт, истеҳсолоти "Талко" асосан аз барқ вобаста аст.
Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон дар соли 2012 аз Узбакистон бояд 200 миллион метри мукааб газ ворид кунад. Аммо ахиран Тошканд бо ирсоли номае ба "Тоҷиктрансгаз" гуфтааст, сар аз 1-уми апрел интиқоли газро қатъ хоҳад кард.
Сайидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати "Тоҷиктраснгаз" зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ амалкарди ҷониби Узбакистонро ба иҷрои қарордоди интиқоли гази ин кишвар ба Чин марбут донист, ки аз аввали моҳи апрел оғоз хоҳад шуд. Аввали соли ҷорӣ Узбакистон бидуни огаҳӣ интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ кард ва танҳо ба дунболи сафари ҳайати баландпояи ин кишвар, таҳти сарварии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон ба Тошканд ва имзои созишномаи нави интиқоли гази табиӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон 5 январ мушкил рафъ гардид.
Коршиносон бар инанд, ки қатъи газ барои ширкати "Талко" ба истеҳсолоти ин корхонаи асосии саноатии Тоҷикистон халали ҷиддӣ ворид хоҳад кард.