Дар ин бора Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр", хабар дод. Ӯ гуфт, дар пайи бад шудани вазъи равонии ҷаноби Охунов додгоҳ тасмим гирифтааст, то ӯро барои табобат ба дармонгоҳ фиристад.
Қудратов мегӯяд, бояд тӯли як моҳ пизишкон вазъи равонии Ҷӯрабек Охуновро ташхис карда ва ба додгоҳ санад пешниҳод кунанд, ки оё ба идомаи табобати ӯ ниёзе боқист, ё на. Вай афзуд, то замони баррасии ташхиси вазъи равонии нафари таҳти ҳимояташ, мурофиаи додгоҳии Охунов дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ба таъхир гузошта мешавад.
Ин нуктаро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ раиси кунунии ширкати "Мовароуннаҳр" ва бародари Ҷӯрабек Охунов -- Тӯрабек Охунов низ тасдиқ кард.
Вазъи саломатии Ҷӯрабек Охунов ҳанӯз дар охирҳои моҳи феврали соли ҷорӣ дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ бад шуда, Шӯҳрат Қудратов хостори табобати зерҳимояи худ шуд. Баъдан бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28-уми феврали соли ҷорӣ ҳайати равонпизишкҳои Маркази бемориҳои рӯҳии Вазорати тандурустӣ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ вазъи саломатии раиси собиқи ширкати "Моваруннаҳр"-ро муоина карданд. Аммо аз ҷузъиёти ин ташхиси ҳайати пизишкон ба расонаҳо иттилое дода нашудааст.
Мурофиаи додгоҳии Ҷӯрабек Охунов, ки дар моҳи августи соли 2011 дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфта буд, ҳанӯз ба поёни худ нарасидааст. Мурофиаи додгоҳии раҳбари ширкати "Мовароуннаҳр" бо айбномаи қаллобӣ ва сирқати маблағҳо дар ҳоле идома дорад, ки беш аз 600 нафар мунтазири ҳукми Додгоҳи олӣ нишастаанд, ки 90 дарсади онҳо мехоҳанд, Ҷӯрабек Охунов ба озодӣ барояд. Зеро ба қавли онҳо, агар раиси ширкат дар паси панҷара бимонад, дигар ниҳоде, ки зарари онҳоро ҷуброн кунад, дар Тоҷикистон нест.
Ширкати "Мовароуннаҳр" бузургтарин ширкати сохтмонии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ширкат ҳоло аз бонкҳо 13 миллион ва аз муштариёни худ бештар аз 2,5 миллион сомонӣ қарздор аст. Ин ширкат барои бунёди сохтмонҳои мухталиф 135 миллион сомонӣ масраф кардааст, ки 108 миллион аз он сармояи саҳмдорон будааст. Ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон бо пахши як хабар таъкид кард, ки дар маҷмӯъ Охунов ба маблағи 15 миллион доллар ба 517 ҷабрдида зарар ворид кардааст.