Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мовароуннаҳр" дар заррабини додситонӣ


Ҷӯрабек Охунов, раиси боздоштшудаи ширкати "Мовароуннаҳр"
Ҷӯрабек Охунов, раиси боздоштшудаи ширкати "Мовароуннаҳр"

Мақомоти додситонии кул мегӯянд, тафтиши такрории ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр"-ро доир хоҳанд кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки таҳқиқи ду парвандаи дигари ҷудогона алайҳи Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати “Мовароуннаҳр”-ро анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардааст.

Бар асоси ин парвандаҳо Охунов дар дуздии маблағҳои Бонки Исломии Рушд ва Оҷонси давлатии суғурта ё бимаи Тоҷикистон муттаҳам мешавад.

Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтимонии “Мовароуннаҳр”, ки барои қаллобӣ ва аз худ кардани маблағи мизоҷони ин ширкат, ба чанд нафар фурӯхтани як хона муҳокима мешавад, акнун бояд ба пурсишҳои дигари додгоҳ дар бораи аз худ кардани маблағи буҷа низ посух бигӯяд.

Абдулқодир Муҳаммадиев, муовини аввали додистони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмӯъ Охунов ба маблағи 15 миллион доллар ба 517 ҷабрдида зарар ворид кардааст. Ӯ гуфт, "ду парвандаи дигар алайҳи раҳбари ин ширкат ба анҷом расида, ба додгоҳ фиристода шуд. Яке барои аз худ намудани 2 миллиону 877 ҳазор сомонии Оҷонси "Тоҷиксуғурта", ки барои сохтмони биноҳои ин муассиса ба суратҳисобаш ворид шуда буд. Баъд аз ин, аз маблағе, ки аз ҷониби Бонки Исломии Рушд барои сохтмони маркази саломатӣ ва беморхона дар ноҳияи Данғара ҷудо карда шуда буд, 7 миллиону 479 заҳору 483 сомониро аз они худ кардааст."

Абдулқодир Муҳаммадиев, муовини додситони кулли Тоҷикистон
Абдулқодир Муҳаммадиев, муовини додситони кулли Тоҷикистон
Ҷаноби Муҳаммадиев мегӯяд, дар айни ҳол, тафтиши такрории фаъолияти молии ширкати “Мовароуннаҳр” таъйин шуда ва идома дорад.

Ҳоло ба гуфтаи мақомоти Додситонии кул, як теъдод аз афроде, ки қаблан аз болои Ҷӯрабек Охунов шикоят доштанд, ки онҳоро фиреб додааст, мавқеи худро таҳти кадом шароите дигар кардаанд. Ва дар рафти мурофиаи додгоҳӣ акнун қисме аз ин афрод аз даъвои худ алайҳи ширкати мазкур ва раҳбари он даст бар доштаанд.

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи ширкати “Мовароуннаҳр” мегӯяд, мақомоти додситонӣ ба далели нигаронӣ аз он ки идомаи баррасии додгоҳӣ ба нафъи Охунов анҷом нашавад, парвандаҳои Оҷонси суғурта ва маблағи Бонки Исломиро чун парвандаи ҷудогона анҷом доданд.

Ин вакили мудофеъ гуфт, "барои он ки Охунов озод нашавад, чун бештар аз як сол дар боздоштгоҳ аст, онҳо якуякбора қазияи пули "Тоҷиксуғурта" ва Бокни Иломии Рушдро парвандаи алоҳида карда, хостанд ғайриқонунӣ истифода шудани маблағҳоро ба ин восита исбот кунанд."

Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр", ки қаблан дар тақаллубкорӣ муттаҳам мешуд, ҳанӯз моҳи октябри соли 2010 боздошт шуд ва мурофиаи додгоҳии ӯ дар моҳи августи соли гузашта дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфта шуда ва идома дорад.

Дар акс: Вакилони мудофеъ -- Шӯҳрат Қудратов (тарафи чап) ва Абдураҳмон Шарифов
Дар акс: Вакилони мудофеъ -- Шӯҳрат Қудратов (тарафи чап) ва Абдураҳмон Шарифов
Ширкати "Мовароуннаҳр" бузургтарин ширкати сохтмонии Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки бо боздошти раҳбараш фаъолияти он низ қатъ шудааст. Ин ширкат дар ҳоли ҳозир аз бонкҳо 13 миллион ва аз муштариёни худ бештар аз 2,5 миллион сомонӣ қарздор аст. Ширкати мазкур барои бунёди сохтмонҳои мухталиф 135 миллион сомонӣ масраф кардааст, ки 108 миллион аз он маблағи саҳҳомдорон аст.

Бештар аз 500 нафаре, ки барои харидории хона ба ширкати “Мовароуннаҳр» пул пардохт кардаанд, нигарон ҳастанд, ки пас аз боздошти раиси ширкати "Мовароуннаҳр" наздики як сол мешавад, ҳеҷ як мақом ва ниҳоде дар бораи наҳваи баргардонии пардохт ва зарари онҳо сӯҳбат намекунанд.

Аксари ин афрод, ки дар ибтидо алайҳи ширкати "Моваронуннаҳр" аризаи шикоятӣ навиштаанд, ҳоло аризаҳои худро пас гирифта хостори ин ҳастанд, ки раиси ширкат Ҷӯрабек Охунов озод шавад ва ба мушкили онҳо расидагӣ кунад.

Навори зер аз бойгонии торнамои "Озодӣ":

Суқути "Мовароуннаҳр" ва хонаводаҳои муфлис
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG