Хонум Тимошенко, ки барои сӯиистифода аз мансаб ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст, айни ҳол дар маҳбаси шаҳри Харков, воқеъ дар 500 километрии шаҳри Киев қарор дорад.
Сарҷарроҳи мағз ва маризиҳои асаби Украина Юрий Котляревский изҳор намуд, ки Юлия Тимошенко бояд на бемористони маҳбас, балки дар бемористони махсус бистарӣ шавад. То ҳамин авохир мақомоти Украина ба бемории ҷиддӣ гирифтор будани нахуствазири пешини кишварро рад мекарданд.
Раиси пажӯҳишгоҳи бемориҳои тираи пушти Украина Микола Корж ҳам тайид кард, ки хонум Тимошенко бояд фавран мавриди табобати ҷиддӣ қарор бигирад. Ба гуфтаи ӯ, “чизе беҳтареро наметавон интизор шуд. Вале ман наметавонам сад дар сад таъйид кунам, ки сари вақт табобат нашудан боиси маъюбӣ мегардад. Эҳтимолаш зиёд аст ва аммо на сад дар сад.”
Пайвандони Юлия Тимошенко ва Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо аз мақомоти Украина хостаанд, ки ба вазъи сиҳати ӯ таваҷҷуҳ кунанд.
Ҷонибдорони Тимошенко ҳадс мезананд, ки иттиҳоми сӯиистифода аз мақом аз сӯи хонум Тимошенко замони баста шудани созиши газ миёни Русияву Украина дар соли 2009 ангезаи сиёсӣ дорад ва ҳадафи аслиии мақомоти феълии кишвар аз саҳнаи сиёсат дур андохтани нахуствазири собиқ аст.
Аммо рӯзи 20-уми март аксари вакилони парлумони Украина аз иттиҳоми “хиёнат ба давлат” аз сӯи Юлия Тимошенко барои имзо гузоштани зери созиши газ пуштибонӣ карданд.
Моҳи декабри соли гузашта Иттиҳодияи Аврупо бар асари нигаронӣ аз ҳабси Юлия Тимошенко аз имзои қарордоди тиҷоратӣ бо Украина худдорӣ намуд.
Юлия Тимошенко дар интихоботи президентии соли 2010 аз сӯи рақибаш Виктор Янукович мағлуб шуда буд.