Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт соли зиндони Тимошенко. Вокунишҳо аз Душанбе


Бархӯрди ҷонибдорони Тимошенко бо нерӯҳои пулис
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:02 0:00
Линки мустақим

Бархӯрди ҷонибдорони Тимошенко бо нерӯҳои пулис

Додгоҳи шаҳри Киев сарвазири пешини Украина Юлия Тимошенкоро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард.

Ҳизби Иттиҳодияи Тамоми Украина, ки зери назорати Тимошенко қарор дорад, гуфтааст, ки бознигарии ҳукми додгоҳро талаб мекунад.

Аммо додрас Родион Киреев мегӯяд, амали Тимошенко ба ин кишвар
ЮЛИЯ ТИМОШЕНКО:
На Янукович ва на Криеев қодир нахоҳанд буд, ки маро бадном кунанд

якуним миллиард ҳривна ё худ 190 миллион доллар зарар овардааст: "Юлия Тимошенко бар пояи бахши 3-юми моддаи 365-и Қонуни ҷиноӣ ба муддати ҳафт сол аз озодӣ маҳрум мешавад. Ҳамчунон ӯ ҳақ надорад дар муддати се соли дигар вазифаҳои давлатӣ, маъмурӣ ва иқтисодиро иҷро намояд."

Родион Криеев, додгустар
Родион Криеев, додгустар
Додгоҳ созиши гази табиӣ миёни Русия ва Украинаро амри ҷиноӣ мешуморад. Моҳи январи соли 2009-ум Тимошенко бо сарвазири Русия Владимир Путин созиши даҳсолаи интиқолу хариди гази табииро ба имзо расонида буд.

Идораи президенти Украина Виктор Янукович мегӯяд, бар асоси ин созиш Украина маҷбур аст, гази табииро аз Русия бо нархи гарон харидорӣ кунад. Вале Тимошенко, ки дар соли 2004-ум ба ҳайси яке аз пешвоёни инқилоби норанҷӣ машҳур шудааст, айбномаашро сиёсӣ меномад.

Инқилоби норанҷии соли 2004-ум Януковичро аз раёсатҷумҳурии Украина дур намуда, Виктор Юшенкоро сари қудрат овард. Сипас дар соли 2010-ум Тимошенко дар сабқати раёсатҷумҳурӣ бо Янукович даст ба гиребон шуда буд. Хонум Тимошенко мегӯяд: "Касе дар ҷаҳон ба ин ҷиноятҳои эълоншуда бовар надорад. На Янукович ва на Криеев қодир нахоҳанд буд, ки маро бадном кунанд."


Иттиҳодияи Аврупо ҷараёни муҳокимаи Тимошенкоро бо диққат пайгирӣ дошт. Мақомоти ин созмон мегӯянд, имзои созиши тавсеаи тиҷорати озод бо Украина ба ҳукми Тимошенко иртиботи зич хоҳад дошт.

Кетрин Аштон
Кетрин Аштон
Рӯзи душанбе Катрин Аштон ҳамосангсози сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳушдор дода буд, ки ҳукми Тимошенко ба раванди тавсеаи ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупол ва Украина таъсири амиқ дорад. Аштон мегӯяд: "Бешубҳа, мо дар фикри созиши ҳамкориҳои муфассали техникӣ ҳастем. Вале дар ин байн равандҳои сиёсӣ низ ҳастанд, ки дар шӯро ва парламенти аврупоӣ ҷараён доранд. Хулласи калом, ҳар чизе, ки дар Украина ба вуқӯъ пайвандад, аз назар дур нахоҳад монд."

Аз эҳтимол дур нест, ки Олмону Фаронса дар миёни кишварҳое бошанд, ки бо ишора ба ҳадафҳои сиёсии муҳокимаи Тимошенко ба имзои созиши Иттиҳодияи Аврупо бо Украина мухолифат кунанд. Вале шореҳон хотирнишон мекунанд, ки ахиран порлумони Украина ба арзёбии лоиҳаи санаде шурӯъ кардааст, ки бар пояи он амали Тимошенко ҷиноӣ ба шумор нахоҳад рафт. Агар он тасвиб шавад, хонум Тимошенко мавриди афв қарор мегирад.

Қазияи Юлия Тимошенко, сарвазири пешини Украина дар расонаҳои Тоҷикистон ҳамеша бозтоб доштааст. Акнун вокунишҳо ба судури ҳукми додгоҳи Украина дар мавриди хонум Тимошенко дар маҳофили Тоҷикистон низ мухталиф аст.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд: "Бо роҳҳои фишор кадрҳои беҳтарини кишварро шикастан кори хуб нест. Ҷинояти мушаххасе ӯ содир накардааст. Масалан, касеро кушта ва ё дуздида бошад. Дар вақти имзо гузоштан ҳар кор шуданаш мумкин аст. Бояд коршиносоне, ки ин санади имзонамудаи ӯро таҳия намудаанд, барои ин кор посух бигӯянд."

Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мегӯяд, ки ин иқдом бозгӯкунадаи як навъ муноқишаҳои дохилии миёни Тимошенко ва гурӯҳи ҳоким дар Украина мебошад. Ӯ афзуд: "Ин, ба қавли русҳо "разборка"-и дохилии худашон аст. Кашмакишиҳои дохилии гуруҳҳое, ки баъди пошхурии Шӯравӣ моликиятро байни худ тақсим карданд. Чизи дигаре нест."

Юлия Тимошенко дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина рақиби аслии Виктор Янукович, раисиҷумҳури кунунии ин кишвар буд, ки интихоботро бохт.

Тазоҳуроти тарафдорони Тимошенко
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG