Марк Гроссман, фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон афзуд, ин кӯмакҳо кофӣ ва давомдор хоҳанд буд.
НАТО дар назар дорад то бахши бузурги нерӯҳояшро то охири соли 2014 аз Афғонистон берун кунад ва масъулиятҳои амниятиро ба худи афғонҳо вогузор намояд.
Аммо стратегия барои маъмурияти Афғонистон тақозо мекунад то ҷомеаи байналмилалӣ масорифи нерӯҳои артиш ва пулиси миллии Афғонистонро бипардозад. Ин мавзӯъ пешбинӣ мешавад дар нишасти НАТО дар моҳи май дар Чикаго матраҳ шавад.
Марк Гросман рӯзи ҷумъа дар қароргоҳи НАТО ба хабарнигорон гуфт, ки машғули машварат дар мавриди теъдоди нерӯҳо ва сипас тақсими масрафҳои онҳост. Вай афзуд, "чизеро ки то имрӯз ман дар гуфтугӯҳо шунидам, тааҳҳудот барои ҳимояти дарозмуддат ва кофӣ барои нерӯҳои амниятии афғон буд."
Ба гуфтаи намояндаи вижаи ИМА барои Афғонистон ва Покистон, машваратҳо дар мавриди тамвили нерӯҳои афғон дар нишасти Чикаго идома хоҳад ёфт.