Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

З. Атоӣ: Ба зиндагӣ ноумедона менигарам


Зулфия Атоӣ
Зулфия Атоӣ

«Девони зулф» - бо чунин ном маҷмӯаи ашъори шоираи маҳбуби тоҷик Зулфия Атоӣ бо теъдоди 750 нусха аз чоп баромад.

Дар робита ба нашри девони якуми Зулфия Атоӣ хабарнигори радиои Озодӣ бо шоираи шинохта сӯҳбате анҷом дод.

Суол: Сабаби нашри девон чист ва чаро «Девони зулф» ном гирифт?

-Ҳадаф аз нашри девон ин набуд, ки ман ҳамаи ашъори хешро дар он гирдоварӣ кунам. Хостам як китоб бо тарзи нав чоп кунам. «Девони зулф» ном гузоштанам сабабаш он аст, ки хеле сарсосема ҳастам ва ба зиндагӣ навмедона нигоҳ мекунам. Шояд тарсидам, ки вақт мегузараду дигар наметавонам девон дошта бошам. Ин китобест, ки дар он ҳамаи шеърҳои давоми 40 сол эҷод кардаам гирдоварӣ шудааст. Шеърҳое аст, ки дар ягон китоб нашр нашудаанд. Шеърҳое буданд, ки ман ҳамонҳоро низ дар ин девон гузоштам. Ибтидо ғазалҳоро гузоштам ва баъд маснавӣ, шеърҳои чаҳоргона ва ғайраро бо сарлавҳаҳои алоҳида гузоштам.

Суол: Шеърҳои нав ҳам аст?

-Бале, шеърҳои нав ҳам аст. Дар ва вазни арӯз ҳам, вале дар қофия шикасти мисраҳо эҳсос мешавад. Манзумаро ҷой кардам. Хуллас девон аз ҳафт намуди шеър ибоарт аст. Беш аз 500 сафиҳа аст. Вақте онро таҳия мекардем шеърҳо бештар буданд, беш аз 10 ҳазор мисра. Вақте як бори дигар варақгардон кардам, шеърҳои хубро интихоб кардам. Қариб ки 3 ҳазор мисра шеърро дар ин китоб ҷой надодам. Болои он 3 сол кор кардам. Ин ҷамъбасти шеърҳои ман нест. Ончи барои ман маъқул шуд, дар китоб ҷой додам. Фикр мекунам, ки шоир то даме, ки зинда аст, ҳақ дорад, ки шеърҳои худро бинад. Агар такмил дода тавонад, беҳтар аст. Барои ҳамин ман ҳам бархе аз шеърҳои худро такмил додаам. Ман аз хонандагони каломи хеш хоҳиш дорам, ки ашъори маро аз ҳамин девон хонанд. Зеро ин комилтар аст. Вақте алифбо тағийр ёфт, ин ба шеърҳои мо низ таъсир расонид. Ва ё вақте мо ба ҳавзаи адабии Эрон ҳам наздик шудем ва бо адибони эрони ҳамсӯҳбат шудем, аз сабки осори онҳо ошнои пайдо кардем, ин ҳам таъсир кард.

Суол: Чаро аз адибаҳои пешин девон намондааст ва сабаб замона буд ва ё кам осории онҳо?

-Девон навиштан ва ё таълиф кардан нишонаи хуб аст, нишонаи кор кардан. Воқеан вақте осори бонувони классик, аз ҷумла Зебуннисо, Робияи Балхӣ ва Нодираро мехонем. Шояд таъсири давру замон буд, ки аз онҳо осори кам мондааст. Масалан, як ду шеър аз девонҳояшон боқӣ мондааст. Фақат Зебунниссро мегӯянд, ки девон дошт. Вале як донишманди навишт, ки Зебуннисо девон надошт. Ва тахаллуси Махфӣ мардона аст.

Суол: Ва ин баҳс то ҳоло идома дорад. Вале он осори каме, ки аз Зебуннисо боқӣ мондааст, бозгӯи он аст, ки мухотаб зан аст?

- Воқеан, ин мисраҳоро

Ҳар матоеро харидор аст, дар бозори ҳусн
Пир шуд Зебуннисо, ӯро харидоре нашуд...

занона аст. Мардон инро намегӯянд. Шояд агар девони Зебуннисо набошад, ҳам 10 шеър аз Зебуннисо аст. Арасту гуфтааст, ки ҳунари нозуктарин шеърнависӣ аст. Дар ҳамин ҳунари нозук ҳиссаи занони мо хеле кам аст. Нодира девон дорад. Девонаш бештар ба форсӣ аст. Вале дар он ғалатҳои зиёд дида мешавад. Вай аз Истаравшан буд ва дар Куқанд зиндагӣ мекард. Зани шоҳ буд ва баъд ӯро ба қатл мерасонанд. Бо забони тоҷикӣ ва туркӣ шеър мегуфт. Фикр мекунам, ӯ тоҷик буд. Хато нест, ки агар девон нагӯем. Ашъори баргузида унвон кунем. Масалан, вақте як гушвори даҳ аср пешро меёбед, чӣ қадар хурсанд мешавед. Девон ҳам ҳамин нақшро мебозад. Аслан теъдоди шеър зарур нест, балки мазмун муҳим аст.

Суол: Аз девони тозанашр ягон мисра қироат кунед?


-Занҷир барои чист, болу парам оташ зан,
Шеърам чун намехонӣ, бар дафтарам оташ зан.

Озодӣ: Ташаккур барои сӯҳбат!
XS
SM
MD
LG