Дар Тоҷикистон низ таҷлили ҷашни Наврӯз - ҷашни баҳор ва фарорасии соли нав бо шукӯҳу шаҳомат идома дорад.
Душанбе-пойтахти Тоҷикистон дар соати 24:00-и бистуми март аз ҳулули Наврӯз бо фейерверк ё оташбозӣ дар Майдони Дӯстии Халқҳо истиқбол кард.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи донишмандони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон, тибқи мушоҳидаҳои астрономӣ Наврӯзи имсола соати 10-у 14 дақиқаи 20-уми март фаро расидааст.
Давлати Тоҷикистон имсол барои таҷлил аз Наврӯзи байнулмилалӣ расман шаш рӯзи таътил муқаррар кардааст. Рӯзҳои таътил аз рӯзи 21-уми март оғоз меёбанд ва дар сартосари кишвар намоишу ҳунарнамоиву консертҳо, мусобиқаҳои варзиши миллӣ ва мусобиқаҳои аспдавониву бузкашӣ сурат мегирад.
Шаҳрдории Душанбе низ ба истиқболи Наврӯзи байнулмилалии соли 2012 ҷадвали баргузории маросимҳои ҷашниро мунташир кардааст.
Давоми рӯзи чаҳоршанбеи 21-уми март аз соати 10:00 ташкили намоишҳои русуми Наврӯзӣ ва барномаҳои ҳунарӣ дар Боғи Ирам, Боғи Ғалаба, майдони 800-солагии Москва, Боғи Дӯстии Халқҳо дар назар аст.
Рӯзи 23-юми март мусобиқаи гӯштии миллӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва рӯзи 25-уми март намоиши фарҳангии "Ошёни Наврӯз" ва дар фарҷоми он баргузории фейрверк ё оташпаронии рӯзона дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" низ дар назар аст.
Душанбе мизбони имсолаи ҷашни Наврӯзи байнулмилалист, ки интизор меравад дар он раҳбарони Афғонистон, Эрон ва Покистон низ иштирок дошта бошанд. Бо дар назар гирифтани сардии ҳаво, ҷашни асосии Наврӯзи байнулмилалӣ бо иштироки меҳмонони хориҷӣ дар рӯзи 25-уми март дар "Наврӯзгоҳ" баргузор хоҳад шуд.
Он гуна, ки Давлат Назриев, сухангӯи вазорати хориҷӣ гуфт, «дар чорчӯби ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ду барнома бо ҳузури меҳмонон дар назар гирифта шудааст. Дар таърихи 25-уми март нахуст «Конфарони байналмилалии Наврӯз - 2012» дар Кохи Сомон сурат мегирад ва сипас меҳмонон, ки дар раъси онҳо сарони Афғонистон, Эрон ва Покистон қарор доранд, дар барномаи бошукӯҳи идонаи «Наврӯзи байналмилалӣ- 2012» дар «Наврӯзгоҳ"-и пойтахт иштирок хоҳанд кард.»
Ҳамчунин ба таъкиди масъулони вазорати хориҷии Тоҷикистон, дар чорчӯби таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, нишастҳои дуҷониба, сеҷониба ва чаҳорҷонибаи раисони ҷумҳури Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон дар назар аст.
Аз сӯи дигар ба дунболи таҷлили «Наврӯзи байналмилалӣ - 2012», дар Душанбе «Конфаронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ барои Афғонистон» низ дар назар аст, ки ба иттилои масъулони вазорати хориҷии Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш намояндагони беш аз 30 кишвари хориҷӣ ва ҳудуди 40 созмони байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард.
НАВРӮЗ ДАР ДАРОЗОИ ТАЪРИХ
Муносибат ва бархӯрд бо Наврӯз дар тӯли таърихи мавҷудияташ на ҳамеша яксону якмаром будааст.
Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи феврали соли 2010 Наврӯзро иди ҷаҳонӣ эълон кард. Зоҳиран, ин иди бостонӣ дубора ба ҷойгоҳи воқеии худ соҳиб гашт.
Агар ки дар аҳди оғози Наврӯз ҳама ақшори ҷомеа аз шоҳ то раият бо як гармиву самимият ва шукӯҳу ҷалол аз он таҷлил мекарданд, вале ҳамчунин буданд давроне, ки ин ҷашни хуҷаста танҳо дар манозил ва пинҳон аз чашми ҳокимон баргузор мешуд.
САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ
Муҳаққиқони тоҷик мегӯянд, Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва он дар аҳди шоҳони каёнӣ ва пеш аз зуҳури Зардушт ва китоби "Авесто" пайдо шуда, аслан ва табиатан иртибот ба дину мазҳаб надоштааст. Донишманди тоҷик Рӯзӣ Аҳмад, ки дар мавзӯи пайдоиши Наврӯз пажӯҳишҳои зиёд ба анҷом расонидааст, мегӯяд, дар бораи пайдоиши Наврӯз ҳам аз манобеи асотирӣ ва ҳам аз сарчашмаҳои таърихӣ метавон маълумоти фаровон ба даст овард.
Ҷаноби Аҳмад афзуд, дар "Авесто" роҷеъ ба Наврӯз чизе гуфта нашудааст, аммо дар сарчашмаҳои дигари аз замони Ҳахоманишиҳо, Ашкониён ва Сосониҳо ба меросмонда роҷеъ ба Наврӯз маълумоти зиёдро метавон пайдо кард. Бархе аз муҳаққиқон ин идро ба оини митроистӣ пайванд додаанд.
Барои намуна, Абуалӣ ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ ва дигар бузургони илму адаби форсу тоҷик дар бораи Наврӯз иттилоъ додаанд. Маълумоти муфассалро, аз ҷумла Берунӣ дар "Осор-ул-боқия" ва Хайём дар "Наврӯзнома" пешкаш кардаанд.
НАВРӮЗ ДАР АҲДИ ИСЛОМӢ
Бо зуҳури ислом ва гароидани мардуми эронитабор ва аз ҷумла тоҷикҳо ба дини ҷадид то чанд муддате таҷлили Наврӯз ғайримумкин мешавад. Аммо бо сари қудрат омадани сулолаи Сомониён ва махсусан давраи роҳбарии Исмоили Сомонӣ, Наврӯз ва маросимҳои ин ҷашн дубора эҳё мешаванд.
Аскаралӣ Раҷабов, муаррихи тоҷик мегӯяд, Исмоили Сомонӣ, ки бисёре аз арзишҳо ва суннатҳои мардумиро дубора барқарор кард, тавонист ин ҷашнро низ барқарор бикунад. Аммо боз ҳам Наврӯз дар даврони сафавиҳо ва шайбониҳо аз саҳна ронда мешавад. Зеро бархе аз уламои он даврон ва худи ҳокимон Наврӯзро як анъанаи мухолиф бо арзишҳо ва меъёрҳои мазҳабӣ арзёбӣ мекунанд.
Дар зимн, имрӯз низ ҳамчунин сарусадоҳое ба гӯш мерасанд, ки уламо таҷлил аз Наврӯзро амали нодуруст меҳисобанд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии пешини Тоҷикистон, мегӯяд, таҷлил аз ҷашни Наврӯз ба унвони як иди мардумӣ гуноҳ ба ҳисоб намеравад, агар ки бархе аз одатҳои он, аз ҷумла паридан аз болои гулхан ва талаби ниёиш аз он ки дар баъзе аз манотиқ ба мушоҳида мерасад, набошад.
Дар Афғонистон, вақте ки ҷунбиши Толибон ба қудрат расид, таҷлил аз Наврӯзро манъ кард. Яке аз сабабҳоро агар исломгароии хоси толибҳо номанд, сабаби дигар он буд, ки ақвоми форсизабони Афғонистон назар ба дигарон ба Наврӯз садоқати бештар нишон медоданд.
АЗ НАВРӮЗИ ШӮРАВӢ ТО НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Бо ин ҳама бархӯрду муносибатҳои мухталиф ба таъйиди донишмандони тоҷик Наврӯз то инқилоби октябр ба ҳайси як ҷашни мардумӣ бо номҳои "Ҷашни Гули Сурх", "Иди баҳор", "Ҷашни киштукор" ё "Иди меҳнат" ва монанди инҳо дар соири қаламрави Осиёи Марказӣ таҷлил мешуд. Аммо дар даврони Шӯравӣ Наврӯз дубора аз феҳристи ҷашнҳо канор гузошта шуд. Моҳи наврӯзии март дар Қазоқистон "Наврӯз" номгузорӣ шудааст.
Зеро онро маросими мазҳабӣ ва мухолиф бо ғояҳои коммунистӣ арзёбӣ карданд. То чанд муддате ҳам таҷлил аз Наврӯз мамнӯъ эълон шуд. Баъдтар гурӯҳе аз фарҳангиёни тоҷик бо роҳбарии Мирзо Турсунзода, раиси вақти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки бо Ҷаббор Расулов, котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон робитаи хуб дошт, тавонистанд иҷозаи таҷлил аз Наврӯзро ба даст оваранд. "Маориф ва маданият" нашрияе буд, ки ҳар сол Наврӯзро дар сафҳаҳои худ ид мекард ва барои ин ҳадафи эътирозу танбеҳи мақомоти коммунистӣ қарор мегирифт.
Вале Наврӯз баъд аз касби истиқлолияти давлатӣ ҷойгоҳ ва мақоми муносиби худро ба даст овард ва аз як ҷашни мардумӣ то ба ҷашни давлатӣ эътироф гардид. Ҳамакнун барои таҷлил аз ин ҷашни суннатӣ дар тақвими Тоҷикистон чаҳор рӯз расман истироҳат эълон шудааст. Гузашта аз ин, дар моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО - муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милал Наврӯзро дар феҳристи мероси фарҳанги башарӣ ворид ва дар моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ дар иҷлоси 64-уми худ қарореро ба тасвиб расонид, ки минбаъд 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ Наврӯз таҷлил мешавад.