Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурез аз маҳбас-2. Боздошти фирорӣ пас аз шаш рӯз


Мақомоти интизомии вилояти Хатлон ба боздошти ҷинояткори ретсидивист, ки як ҳафта қабл фирор карда буд, муваффақ шуданд.

Бахтиёр Ҳайдаров, муфаттиши калони шӯъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳимми додситонии Хатлон, гуфт, 14-уми март Рӯзибой Шерхонов ва Рӯзибой Чориев, ки бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Шаҳритус маҳкум ба зиндон шуда буданд, ҳангоми интиқолёбӣ ба маҳкамаи муваққатӣ ё СИЗО-и шаҳри Қӯрғонтеппа фирор карда буданд. Рӯзибой Чориев ба ҳангоми фирор боздошт шуд, аммо Рӯзибой Шерхонов, ки нопадид гардида буд, танҳо пас аз 6 рӯзи кофтукови беҳтарин кормандони милиса ва кумитаи амният дар ноҳияи Қубодиён дастгир шуд.

Адвокат Исмоил Иброҳимов мегӯяд, «маҳкумшуда Шерхонов Рӯзибой, ки бо ҳукми суди ноҳияи Шаҳритус аз 14 марти соли 2012 дар содир кардани ҷинояти дар моддаи 244, қисми 3, банди «а», яъне «дуздӣ ба миқдори калон» кодекси ҷиноятии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳкор дониста шуда, ҷазои 6 соли маҳрумӣ аз озодӣ дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъйин шуда буд, дар автомашинаи шахсии навбатдори тавқифгоҳи нигаҳдории муваққатии ШКД-и ноҳияи Шаҳритус Мусулмон Холматов аз ноҳияи Шаҳритус ба муассисаи ЯТ9/6-и вазорати адлия бурдаанд. Ҳангоми дар назди муассисаи зикршуда расидан, маҳкумшуда Шерхонов аз автомашина баромада гурехтааст. Чориев Рӯзибой ҳам ҳамин хел гурехтааст. Ҳоло нисбати ҳардуи онҳо бо моддаи 365, яъне гурехтан ё «побег» парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.»

Ба гуфтаи ҷаноби Иброҳимов, маҳкумшудаҳо Чориев ва Шерхонов қаблан ҳам бо моддаи 200-и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаи 105-и кодекси ҷиноятии Русия, яъне куштор, муҷозот шудаанд.

Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, дар пайи фирори маҳбусон, имкон дорад, ки додситонии Хатлон ҳамчунин алайҳи ду корманди милиса, аз ҷумла намояндагони тавқифгоҳи нигоҳдорӣ ё ба истилоҳ «конвой», парвандаҳои ҷиноятӣ боз кунад. Гуфта мешавад, ки ин афрод, ба гумони ғолиб, барои фирори маҳбусон мусоидат кардаанд, биноан, имкон дорад, ки онҳо барои «кӯмак ба фирор», «сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ» ё тибқи моддаи 319-и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне «гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор барои ҳаракат ё беҳаракатии ғайриқонунӣ» ба муҷозот кашида шаванд.

Мақомоти додситонӣ мегӯянд, ин якумин ҳодисаи фирори зиндониён аз ҳабс мебошад, ки дар чанд соли охир дар вилояти Хатлон рӯй додааст. Нимаи солҳои дуҳазорум ҳам маҳбусе, ки аз муассисаи ислоҳии воқеъ дар ноҳияи Ёвон фирор карда буд, боздошт ва дубора равонаи маҳбас шуда буд.

Аммо пурсарусадотарин ҳодисаи фирори маҳбусон аз маҳкамаҳои Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2010 сар задааст, ки он замон аз маҳбаси Кумитаи амният, воқеъ дар шаҳри Душанбе, 25 нафар фирор карда буданд. Мақомот охирин маҳбуси фирориро дар поёни соли 2011-ум боздошт ва маҳбас карда буданд.

Ҳамакнун ба Рӯзибой Чориев ва Рӯзибой Шерхонов, маҳбусони фирории Қӯрғонтеппа, ки барои ҷинояти дуздӣ ба 6 соли зиндон маҳкум шудаанд, барои фирор аз ҳабс боз аз 5 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG