Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Исроил Наврӯзро ба мардуми Эрон табрик гуфтанд.


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон бо беҳтарин орзуҳо Наврӯз ва оғози соли нави эрониро аз номи кишвараш ба мардуми Эрон табрик гуфт. Дар изҳороти ӯ омадааст, “мардуми Иёлоти Муттаҳида бо Шумо ҳамроҳанд ва аз имкониятҳои ин Соли Нав ва эҳтимоли таҳкими равобити миёни хонаводаҳо ва дӯстон истиқбол мекунанд.” Вай афзуд, “ва дар ҳоле ки мо ба мушкилоти нав рӯбарӯ мешавем, ба ҳимоят аз ҳуқуқи умумии инсон ва озодии баён – ҳуқуқҳое барои рушди сулҳу пешрафт пойбанд боқӣ мемонем.” Раисиҷумҳури Исроил, Шимон Перес низ ба ҳайси як хайрхоҳии камсобиқа дар авҷи шиддати байни ду кишвар сари барномаи ҳастаӣ ба Эрон паёми “сулҳу ҳамзистӣ” фиристод.
XS
SM
MD
LG