Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хилватшоҳи Маҳмуд дабири Шӯрои ВАО интихоб шуд


Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷик
Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷик

Дар Шӯрои Воситаҳои Ахбори Оммаи Тоҷикистон бо иштироки раиси Шӯро ва кормандони дастгоҳи иҷроия ҷаласа баргузор гардид.

Тавре Зинатулло Исмоилов, роҳбари ин ниҳод хабар дод, дар он нақшаи кории Шӯро барои соли 2012 муҳокима шуда, дурнамои фаъолият мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимнан, таъкид шуд, ки соли равон таваҷҷӯҳ бештар ба ҳамкории Шӯро бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеъа равона мегардад. Бо ин мақсад гузаронидани 10 вохӯрии аъзои Шӯро бо хонандагон, шунавандагон ва бинандагон дар шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Шаҳритус, Панҷакент, Исфара ва Рашт дар назар аст. Инчунин бо мақсади ба ҷо овардани рисолати аслии Шӯро - ҳалли қазияҳои нашрияҳо то додгоҳ тадбирҳо андешида мешаванд.

Ҳамзамон, дар нишасти мазкур раиси Шӯрои ВАО хабар дод, ки дар натиҷаи озмуни кушод барои ишғоли вазифаи Дабири кулл дар асоси алтернативӣ журналист Хилватшоҳи Маҳмуд (Хоҷаев) ба ин вазифа интихоб гардид.

Маврид ба ёдоварист, ки Хилватшоҳ Хоҷаев (Хилватшоҳи Маҳмуд) таҷрибаи кории муваффақ дар ВАО-и кишварро дорад. Вай дар радиоҳои «Русское радио-Ориёно», ТВ «СМТ» ва алъон дар хабаргузории «Озодагон» ба ҳайси сардабир фаъолият карда, дар матбуоти даврӣ бо навиштаҳояш маъруф аст. Мавсуф барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи Лоҳутӣ дар соли 2010 мебошад.

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон 30 октябри соли 2009 дар ҷаласаи умумии намояндагони созмонҳои журналистии кишвар таъсис ёфта, барои татбиқи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон фаъолият дорад.
XS
SM
MD
LG