Ҷамолиддин Шарипов, як сокини ин шаҳр мегӯяд, чанд моҳ пеш ду сар говашро рабуданд ва ӯ ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр ариза навишт, вале аризаашро қабул накарданд. Кормандони милиса ба ӯ гуфтаанд, ки говҳояш дар саҳро гум шудааст ва онҳо наметавонанд, ҳайвоне, ки берун аз хона нопадид шудааст, ҷустуҷӯ намоянд.
Ӯ мегӯяд: «Аризаамро қабул накарданд ва гуфтанд, ки ин ба салоҳияти мо дохил намешавад. Даҳонӣ гуфтанд, ки равед ва агар мо ягон говдуздро пайдо кардем, даъвататон мекунем, он гаҳ нишонаҳои говатонро гӯед. Дигар диламон аз ҳамон гову милисаҳо монд, лек ба он қаҳрамон мекунад, ки наход то ин дараҷа беадолатӣ бошад. Ҳаминашро медонам, ки милисаҳо аз ҳисоби андози мо маош мегиранд ва бояд арзи моро гӯш кунанд.»
Ин шикваи Ҷамолиддин дар мавриди бетаваҷҷӯҳии кормандони милиса ба арзашон мавриди ягона нест. Шоҳимардон Авлиёқулов, як сокини дигари Кӯлоб мегӯяд, говҳои ӯро низ моҳе пеш аз манзилаш дуздиданд ва ӯ дар ин баробар гумонбареро бо чанд шоҳид ба милиса супурд. Дар аввал дар ҳузури шоҳидон гумонбаршуда ба гуноҳаш иқрор кард, вале пас аз чанде бо сабабҳои номаълум милисаҳо ӯро озод карданд.
Ӯ гуфт: «Мо шоҳид пайдо кардем, ки гуфт, фалон бача говатро бо ин кӯча мебурд. Ҳатто барои бастани шохи гов аз ман банд пурсид. Мо ба милиса рафтем, шоҳид дар пеши мову милиса шоҳидиашро дод. Хурсанд шудем, ки говҳоямон пайдо мешавад, вале як рӯз пас гумонбаршударо озод карданд ва шоҳидон дигар намехоҳанд, бо мо сӯҳбат кунанд.»
Ин гумонбаршударо Шаҳзода Ҳамидова, як сокини дигари Кӯлоб, ки говҳояшро гум кардааст, дузди эҳтимолӣ ном мебарад. Аммо ӯ мегӯяд, намедонад, ки чаро милисаҳо на ба ҷустуҷӯи говҳои гумшуда машғул мешавад ва на ба далелҳое, ки онҳо пешниҳод мекунанд, аҳмият медиҳанд.
Аммо як масъули Шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Кӯлоб бидуни зикри номаш гуфт, онҳо дар чорчӯбаи қонун фаъолият доранд ва наметавонанд, фавран ҳар ҷиноятро ошкор намоянд.
Дар ҳамин ҳол, Ҷумъахон Алимӣ, раҳбари созмони ҳуқуқдифоъи «Паралакс» дар Кӯлоб мегӯяд, сатҳи тахассусии кормандони милиса хеле паст ва дар кушодани бисёре аз ҷиноятҳо бо роҳи касбӣ даст ёфта наметавонанд. Аз ин рӯ, бо ҳар баҳона аз расидагӣ ба арзи сокинон худдорӣ мекунанд. Аз сӯи дигар ба гуфтаи ӯ, мавридҳое низ мушоҳида мешавад, ки бидуни пора додан кормандони милиса ҷиноятҳоро боз намекунанд.
Алимӣ ҳолатеро дар назар дорад, ки тобистони имсол ҳангоми вохӯрии раиси вилоят дар ноҳияи Восеъ рух дод. Марде ба раиси вилоят шикоят кард, ки милисае аз дуздидани говҳояш бохабар аст, вале танҳо ба ивази пора мехоҳад, говҳояшро пайдо кунад. Баъдан, додситонии вилоят ин ҳодисаро таҳқиқ кард ва воқеият доштани шикояти ин мардро исбот намуд.
Соли гузашта низ 6 корманди милиса барои ҳамдастӣ бо дуздон ва дуздидани амволи тоҷирони бозори Восеъ ба мӯҳлатҳои гуногун ҳабс шуда буданд.