Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рисолати театр -- гуфтани дардҳои ҷомеа ва инсонҳо


Бинои Театри ба номи Абулқосими Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе
Бинои Театри ба номи Абулқосими Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе

Ҳаводорони театри драмавии ба номи Лоҳутиро намоишномаи "Ҳисоби дӯстон дар дил" интизор аст.

Рӯзи 10 декабр, тамринҳои ниҳоии ин асари саҳнавӣ анҷом ёфтанд ва дар рӯзҳои наздик ин намоишнома пешкаши тамошобинон хоҳад гашт.

Давлати Убайдулло, коргардони ин намоишнома дар суҳбат ба "Озодӣ" гуфт, ҳарчанд муаллифи ин асар Александр Островский дар охирҳои асри 19 ва аввалҳои асри 20 ба сар бурдаву кору зандагӣ кардааст, вале мавзуи ин асари ҷаҳонии ӯ, хоси замони имрӯз ва ҷомеъаи кунунии Тоҷикистон мебошад. Ва театр тибқи рисолати азалии худ, ки оинаи ҷомеъаҳост, падидаҳои номатлуберо аз қабили ришвату фасод, нафси саркаш, хиёнат ба амонат, худкомагиву худхоҳӣ ва ҷиноятпешагиро дар рӯ ба рӯи тамошобини худ қарор хоҳад дод.

Озодӣ: Чаро Островский ва чаро асари "Ҳисоби дӯстон дар дил"-и ӯ? Магар ҳамсони онро Шумо дар драмматургияи муосири тоҷик пайдо накардед, то хостҳоятонро дар роҳи ба ҳадаф расонидани андеша бароварда кунад?

Д.Убайдулло: "Шояд буданд, лекин ба назари ман маҳз ҳамин асари ҷаҳонии Островский ба ҳама суолҳои шахсан ман ҳамчун коргардон ҷавоб гуфта тавонист. Островкий ин асарро дар замони шуравӣ навиштааст, вале ин асари ӯ ва умуман қариб ҳама навиштаҳои ӯ барои он даврон нестанд. Чунки бубинед, дар солҳои шуравӣ одамоне, ки хонаҳои боҳашамати чандтабақа, виллаҳо дар дохилу беруни шаҳрҳо ва карру фаре, ки худо худаш медонад аз кадом ҳисоб аст, надоштанд. Ва мавзуи асосии намоишнома ҳам ҳамин аст. Фасод, баднафсӣ, лаҷом зада натавонистани нафси саркаш, ки саги гуруснаву девонаро мемонад ва барои пур кардани шиками худ, аз ҳеҷ чиз рӯ наметобад. Ва хуш ба ҳоли нафаре, ки аз банди ин нафси мисли мору аждаҳои бадҳайбат худро мераҳонад ва пок месозад. Андешаи инсониро аз сар дур намекунад. Ва низ дар баробари ҳама ин фисқу фуҷур, тантана кардани муҳаббат, раҳму инсоф, одамгарӣ. Барои гавҳари чунин андешаҳоро ба гӯшу ҳуши тамошобин расонидан, ман маҳз ҳамин асарро интихоб кардам ва гумон мекунам, иштибоҳ ҳам накардам."

Озодӣ: Шумо ҳама чизеро, ки мехостед тавонистед рӯи саҳна биёред ва ё боз чизҳое ҳам дар канор монданд?

Д.Убайдулло: "Медонед, ба фикри ман, ҳеҷ як эҷодкор наметавонад бигӯяд, ки то охир ба ҳадаф расид ва ҳамин буд нуқтаи охирини андешаву ҳадафаш. На, чунин нест. Ҳамеша вақте кор анҷом меёбад, шахсан ман худам вақте маҳсули корамро нишаста тамошо мекунам, ба хулосае меоям, ки метавонистам боз ҳам беҳтар созам. Яъне инсони эҷодкор ҳамеша дар ҷустуҷӯ аст. Ва истодану иктифо кардан, кори ӯ нест."

Озодӣ: Ин асари тозаи шумо бояд дар рӯзҳои наздик барои қабул ба Вазорати фарҳанги кишвар пешкаш карда шавад. Чуноне солҳои ахир мушоҳида кардаем, чанд асари коргардонҳои шинохтаву тозаназар ба монанди, Барзуи Абдураззоқ, Мирзоватан Миров аз ҷониби Вазорати фарҳанг дар ҳамон пешниҳоди аввал қабул нашуданд ва бо «қайчӣ» рӯ ба рӯ омаданд. Бигӯед, ки аз кадом саҳнаҳои ин намоишномаатон нигаронед, ки шояд қабул нашавад?

Д.Убайдулло: "Ин асре, ки банда рӯи саҳна овардаам, аз сиёсат дур аст. Ман худам ҳам бо сиёсатҳо коре надорам. Мавзуи он маҳз иҷтимоӣ ва ахлоқӣ аст. Шояд саҳнаҳое дорад, ки дар он ҳар нафаре худро бубинад. На, ман аз ҳеҷ чиз ҳарос надорам. Агар чизе буд, дӯсти «лашкаршикане» (ишора ба Худо) дорем болои сар, ки иншоллоҳ маро танҳо намегузорад ҳеҷ гоҳ. Бояд бигӯям, ки рисолати театр ҳам ҳамин аст. Рисолати театр он нест, ки одамонро дигар кунад. Ин кори худои яктост, ки бандаашро ба ҳар роҳе ки зарур донад, мебарад. Ҳадафи театр гӯшрас кардан ва пешниҳод кардани мушкилоти ҷомеъа, дардҳои ҷомеъа ва инсонҳост. Нишон додани роҳи беҳтари баромадан аз мушкилот. Боқӣ, кӣ чӣ гуна қабул мекунад, ин кори ӯст. Мо, ки дар як ҷомеаи хубу суннатии тоҷиконаамон зиндагӣ дорем, бояд ҳар яке кӯшиш кунем, ки боз ҳам беҳтар бошад."

Озодӣ: Ва дардҳои тоҷиконаи моро тавониста, ки як асари нависандаи рус ба ин хубӣ баён созад...

Д.Убайдуллло: "Оре, рисолати асари ҷаҳонӣ ҳам дар ҳамин аст. Дигар ин, ки дардҳои инсонҳо дар ҳама давру замон ва дар ҳар макон якхел аст ва ё ба ҳам монанд."
XS
SM
MD
LG