Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Фейсбук дар Тоҷикистон боз шуд


Ба иттилои даҳҳо корбари шабакаи иҷтимоӣ дастрасӣ ба Фейсбук дар Тоҷикистон озод шудааст.

Корбарандаҳои Фейсбук аз Тоҷикистон ба думболи боз шудани ин пойгоҳ то дили шаб бо дӯстони худ дар сӯҳбат буданд ва хумори хомушии чандрӯзаро шикастанд. Аммо дастрасӣ ба чанд сомонаи дигар, ки якҷо бо фейсбук масдуд шудаанд, ҳанӯз маҳдуд аст.

Бо ин ҳол, корбарони тоҷикистонии Фейсбук мегӯянд, дастрасии онҳо ба шабака дигар мушкиле надорад. Дар худи шабака низ даҳҳо нафар иттилоъ додаанд, ки ҳангоми мустақиман боз кардан ва бастану дигарбора боз намудани Фейсбук ба мушкиле рӯбарӯ нашудаанд.

Намояндаи яке аз ширкатҳои ироакунандаи интернет мегӯяд аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дастури шифоҳӣ гирифтааст, ки дастрасии корбарон ба Фейсбукро мумкин гардонад. Гуфта мешавад, дастури хаттӣ дар ин бора ба зудтарин фурсат ба ҳамаи ширкатҳои интернетрасон хоҳад расид.

Асомуддин Атоев, мудири Академияи шабакавии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон низ гуфт, иттилои расмӣ дорад, ки ба ширкатҳои интернетрасон супориш шудааст, аз монеагузорӣ ба шабакаи Фейсбук даст кашанд.

Ёдовар мешавем, сар аз 2-юми март бо дархости Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи Facebook ва торнамоҳои tjknews.com, maxala.org, centrasia.ru ва zvezda.ru-ро дар қаламрави Тоҷикистон қатъ шуда буд.

Дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар ин бора раиси ин идора Бег Зуҳуров гуфта буд, маҳдудияти дастрасӣ ба Фейсбук ва чанд торнамо "мушкили фаннӣ" буда, ба зудӣ ҳал хоҳад шуд. Аммо бо интиқод аз корбарони Интернет вай афзуд, гурӯҳе Интернетро ба "бозори сиёҳ" тадил додаанд. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки бархе аз коршиносон қатъи дастрасӣ ба торнамоҳои муайян ва шабакаи Фейсбукро ба нашри асноди як ҷаласаи махфӣ бастагӣ доданд, ки дар он гӯё аз талошҳои ҳукумат ба таъқиби мухолифони сиёсӣ сухан рафтааст.

Ин иқдом танқидҳоеро аз тарафи Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳида, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва ниҳодҳои дигари озодии баён ва ҳуқуқи инсон ба бор овард. Дар посух Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) Нуриддин Шамсов иқдоми мазкурро ба “таъмини амнияти миллӣ ва эътидол" ва ҳамчунин нақши давлат дар "ҳимоят аз фазои миллии иттилоотӣ ва дар мубориза бо ҷиноятҳои кибернетӣ” бастагӣ дод.
XS
SM
MD
LG