Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ва чанде аз сомонаҳои интернетӣ маҳдуд шудааст. Ширкатҳои интернетрасон мегӯянд, бастани чунин торнамоҳоро ба онҳо Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст. Аз гуфтугӯ бо намояндагони ин ширкатҳои ошкор гашт, ки ба ҳар ширкат рӯйихатти алоҳидаи торнамоҳо дода ва амр шудааст, ки мардуми кишвар ба онҳо дастрасӣ надошта бошанд. Ҳарчанд бархе аз расонаҳо дар ин номгӯй нестанд, барои бастани гаҳ-гоҳии онҳо дастури даҳонӣ дода шудааст. Шумораи корбарони торнамои Радиои Озодӣ дар рӯзҳои охир ба таври ногаҳонӣ рӯзона то 800 нафар кам шудааст.