Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи "тилои сафед"-и тоҷик боз пойин рафт


Оҷонси омори Тоҷикистон мегӯяд, содироти нахи пахта ба бозори ҷаҳонӣ ба далели арзонии он коҳиш ёфтааст.

Бино ба гузориши Оҷонси омори назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон содироти нахи пахта дар моҳи ҷорӣ 33,3 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ҷонибек Сангов, соҳибкор аз вилояти Хатлон, мегӯяд, ҳудуди 7,5 тонна пахта ҷамъоварӣ карда, вале ба далели пойин омадани қимат то ба ҳол пахтаи худро ба фурӯш набаровардааст. Ӯ гуфт, "ҳоло беш аз 6 тонна пахта дорам. Мунтазирам, ки нархи пахта боло раваду баъд фурӯшам. Ахиран тоҷирон аз Қӯрғонтеппа омада тоннаи пахтаро 680 доллар харидорӣ кардаанд, вале ба ин қимат фурӯхтан суд надорад. Заҳматашро ҷуброн намекунад."

Мақомоти давлатӣ далели аслии пойин омадани ҳаҷми содироти пахта ба бозори ҷаҳониро дар ноустувории нарх дар бозор, ба бӯҳрони молӣ рӯбарӯ шудани минтақаи гардиши евро ва заиф шудани бонкҳои Аврупо ва Амрико рабт медиҳанд. Ба ин далел, ахиран Ҳинд, ки кишвари дуввуми содиркунандаи нахи пахта ба бозорҳои ҷаҳонӣ, пас аз Чин аст, содирот ба бозорҳои ҷаҳониро қатъ кардааст.

Тоҷикистон бо тавлиди 412 ҳазор тонна пахта дар бозори ҷаҳонӣ саҳми ночиз дорад, вале ин кишвар имкон надорад, содиротро қатъ кунад. Ба ин далел, ки даромади аслии корхонаҳои коркарди пахта, истеҳсоли ришта ва ҳамчунин иттиҳодияҳои деҳқонӣ аз фурӯши нахи пахта мебошад.

Иззатулло Абдуллоев, раҳбари иттиҳодияи деҳқонӣ дар вилояти Хатлон, ки ҳудуди 200 гектар замини пахта дорад, гуфт, "имсол нарх пойин омад. Шояд қатъи содирот аз сӯи Ҳинд сабаби болоравии қимати нах шавад. Зеро ба қимати феълӣ фурӯхтани пахта фоида надорад. Ҳатто нархи маводи сӯхтро ҷуброн намекунад."

Ҷаноби Абдуллоев гуфт, баъди эъломи Ҳинд нархи як тонна нахи пахта ба 2 ҳазору 200 доллар баробар шуд. Вале ин маънои онро надорад, ки фурӯшандаи тоҷик бурд мекунад. Зеро дар ҳоли ҳозир тоҷирон 1 тонна пахтаро аз иттиҳодияҳои деҳқонӣ на ба 800 доллар, балки ба 600 доллар ҳам намехаранд. Ҷаноби Абдуллоев далели инро чунин шарҳ дод: "Ширкатҳои миёнҷӣ, ки нахи пахтаро мехаранд, қимати онро то 35 дарсад кам мекунанд, зеро андози фурӯшандаро низ бар дӯш мегирад."

Ба гуфтаи Абдуллоев, одатан нахи пахта аз сӯи ширкатҳои умдафурӯш,аз ҷумла "Исмоили Сомонӣ-Асри 21", "Ҳаммер", "Олими Каримзод" ва "ХИМА" ба бозори ҷаҳонӣ арза мешавад. Аммо ба гуфтаи Аҳмадҷон Ашӯров, коршиноси бозори пахта, дар ҳоли ҳозир ширкати "ХИМА", "Олими Каримзод", "Самар" ва "Ҳаммер" дар бозори нахи пахта саҳми зиёд чун дар гузашта надоранд. Ашӯров афзуд, "дар ҳоли ҳозир бозигар ва содиркунандаи аслӣ дар бозори содироти Тоҷикистон ширкати "Иком"-и амрикоӣ аст, ки бисёре аз иттиҳодияҳои деҳқониро сармоягузорӣ мекунад ва пахтаи онҳоро харида мефурӯшад. Ширкати "Олими Каримзод", "Исмоили Сомонӣ - Асри 21" саҳми кам доранд ва бозигари аслӣ ҳисоб намешаванд."

Ба гуфтаи Аҳмадҷон Ашӯров, ҳоло корхонаҳои пахтатозакунӣ ва иттиҳодияҳои деҳқонӣ, ки аз 23 то 50 тонна нахи пахта истеҳсол мекунанд, худашон метавонанд бо ташкили иттиҳодияҳо нахи пахтаи худро ба бозори ҷаҳонӣ арза кунанд. Агар тавони молии интиқоли он то харидорро дошта бошанд.

Бо вуҷуди ин мушкилиҳо, Тоҷикистон дар соли 2011 ба қимати беш аз 170 миллион доллар нахи пахта арза кардааст. Дар ҳоле ки Тоҷикистон тавони коркарди пахтаи худро комилан дар ихтиёр надорад ва маҷбур аст, онро ба Русия, Туркия ва Эрон содир кунад.
XS
SM
MD
LG