Ҷаноби Тӯраҷонзода бо таасcуф мефзояд, агар ин амал заминаи сиёсӣ дошта бошад, намебоист рақибони сиёсиаш корро то ба ин ҷо мекашониданд. Вале бо ин ҳол, ҳанӯз рӯшан нест, ки фармоишгари ин амал кист ва аз кадом гурӯҳ аст.
Дар ин оташсӯзӣ, ки дар соати сеи субҳи рӯзи 24 октябр рух додааст, 600 бастаи пахта, ки ҳамагӣ 120 тонна вазн доранд, осеб дидаанд. Ин дар ҳолест, ки дар бозорҳои пахтаи Тоҷикистон нархи ҳар тонна пахта ба 1 ҳазору 700 доллар баробар аст.
Вақте мо ба ҷои ҳодиса омадем, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ошуфта ба назар мерасид ва бо тааҷҷуб мегуфт, ки аслан наметавонад нафаре ва ё ҷониберо гумонбар бошад. Ӯ афзуд, танҳо ҳаминро медонад, ки ин як амали тарҳрезишуда аст ва аз мақомоти умури дохила мехоҳад, ки дастандаркорони ин амал боздошт ва ба ҷазо кашида шаванд.
"Аз он ки ин амал ҳадафмандона аст, инро ҳатто худи кормандони идораи сӯхторхомӯшкунӣ тасдиқ мекунанд ва кормандони умури дохила низ ба ин хулоса омадаанд. Аммо намедонам, ки аз кӣ бадгумон бошам. Дар масъалаи иқтисодӣ ман ба касе рақобат надорам. Дар масъалаи сиёсӣ намехоҳам бовар кунам, ки дар кишвари мо то ба ин ҳад аз рақибҳо интиқом мегирифта бошанд. Агар кор ба ин ҷо кашида шуда бошад, бисёр ҷои таассуф аст",-гуфт Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.
Дар зарфи панҷ моҳи ахир тақрибан 8 мақолаи танқидӣ алайҳи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода маҳз дар саҳифаи нашрияҳои ҳукумати Тоҷкистон ба чоп расидааст. Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, тайи панҷ соли ахир аслан дар саҳнаҳои сиёсии Тоҷикистон набуд, ба ҷуз ин ки гоҳе доир ба вазъи ҷомеа дар саҳифаҳои баъзе аз нашрияҳои мустақил ва расонаҳои хориҷӣ изҳори назар мекунад.
Бо ин вуҷуд Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, агар бушкаҳои об ва ҳавзҳои оби дохили корхона намебуд, шояд оташ бештар ба хирманҳо асобат мекард. Ӯ аз пуштибонии фаъоли Идораи сӯхторхомӯшкунии ноҳияи Ваҳдат низ изҳори ташаккур кард.
Вақте мо бастаҳои сӯхтаро назар мекардем, яке аз кормандони Идораи сӯхторхомӯшкунии ноҳия моро роҳнамоӣ кард ва як бастаро нишон дод, ки дар он доғи бензин дида мешуд ва дар канори он боклашкаи ё зарфи плостикии сӯхта меистод. Ин корманди Идораи оташнишонӣ гуфт, ки ин амал махсус анҷом дода шудааст: “Дар ин ҷо боклашкаи бензин ёфт шуд ва бӯи бензин мекунад. Бале, махсус карда шудааст, зери бӯи маводи сӯхт мекунад.”
Ба қавли ҳамсӯҳбати мо оташ аслан қисмати болоии кипҳоро сӯхтаааст ва даруни бастаҳо тоза ба назар мерасад. Вале тавре мушоҳида кардем, оташ сифати бастаи пахтаҳоро кам кардааст. Вай меафзояд, барои фош намудани ин ҳодиса дар шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Ваҳдат парванда боз карда хоҳад шуд.
Кормандони корхона аз бастаҳои пахтаҳои сӯхтаро ҷудо намуда бод медоданд, ки хушк шаванд ва боз дубора ҷамъу баст мекунанд. Теъдоди бастаҳо ҳудуди 600 дона буда, ҳар яке аз 220 то 250 кило вазн дорад. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мефзояд, то кунун зарари воридшуда бар асари ин сӯхтор ҳисоб нашудааст ва имкон дорад дар рӯзҳои оянда мушаххас карда шавад. Вале азбаски кормандони корхона ва оташнишонҳо тавонистанд дар зарфи се соат домани оташро бидоранд, аз ворид шудани зарари бештар ҷилавгирӣ шудааст.
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Ваҳдат аз соли 2000-ум бо баргузории як музояда аз тарафи Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода харидорӣ шуда, ба як ширкати хусусӣ табдил дода шуд. Оқои Тӯраҷонзода аз чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва рӯҳонии Тоҷикистон пас аз канор рафтан аз симати муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон дар соли 2005 чанд соле вакили Маҷлиси милии Тоҷикистон буд. Баъд аз поёни ин ваколат дигар ба ҳайси соҳибкор дар ҳамин Корхонаи коркарди пахтаи хусусии ноҳияи Ваҳдат ба ҳайси мудир фаъолият мекунад. Корхонаи пахтаи ноҳияи Ваҳдат яке аз бузургтарин корхонаи тавлиди нах буда, дар сол ҳудуди 30 ҳазор тонна пахтаро коркард мекунад.