Раиси собиқи корхонаи кимиёи Исфара ва вакили пешини маҷлиси намояндагони вилояти Суғди Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраев ба он айбдор мешавад, ки дар моҳҳои декабри соли 2009 ва феврали 2010 дар ноҳияи Шелковои вилояти Маскав ба ҷони шаҳрванди Тоҷикистон Мирбодулло Каримов сӯиқасд кардааст. Аммо худи Ҷӯраев мегӯяд, вай дар ин давра дар Дубай ба сар мебур. Додгоҳи шаҳри Шелково шоми ҷумъа дархости тафтишотро баррасӣ кард ва ба ҳабси Ҷӯраев то 28 апрел ҳукм баровард. Додрас мегӯяд, ин қарор аз он хотир гирифта шуд, ки дар озодӣ мондани Ҷӯраев метавонад ба ҷараёни таҳқиқи халал расонад ва ҳам сабабаи нопадид шудани ӯ гардад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 27-уми феврал мӯҳлати ниҳоии боздошти Ҷӯраев ба поён расида буд, аммо ба гуфтаи Анна Ставитская, вакили дифои Ҷӯраев, чанд лаҳза пеш аз раҳоии шахси зери ҳимояи ӯ чаҳор нафари мулкипӯш ба ҳуҷраи кори додситони ноҳияи Хамовникии Маскав зада даромаданд, ки ду нафари онҳо ниқобпӯш буданд. Онҳо дастуреро нишон доданд, ки бино бар он Низомхон Ҷӯраев бояд дар робита ба як ҷинояти сӯиқасд ба ҳайси шоҳид ба шӯъбаи тафтишотии шаҳри Шелковски вилояти Маскав бадрақа шавад.
Хонуми Ставитская мегӯяд, Ҷӯраев ба ин ҷо интиқол дода шуд ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифт. Маълум гашт, шахсе бо номи Мирбодулло Каримов шикоят бурдааст, ки Ҷӯраев ду дафъа ба ҷони ӯ сӯиқасд кардааст. Аммо сабабу ангезаҳои чунин тарҳҳо шарҳ дода нашуда, таърихи рӯзҳое, ки Каримов зикр кардааст, ба гуфтаи Ставитская қобили эътимод нестанд, зеро дар ин давра Ҷӯраев дар Имороти Муттаҳидаи Араб будааст.
Анна Ставитская дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “Ҷӯраевро ба шӯъбаи тафтишоти шаҳри Шёлково оварда, ибтидо ба ҳайси шоҳид бозпурсиаш карданд. Ӯ шарҳ дод, ки Каримовро шахсан намешиносад ва муомилоте ҳам бо ӯ надошт. Сипас, онҳоро рӯбарӯ карданд ва Каримов гуфт, Ҷӯраев дар сӯиқасд ба ҷони ӯ даст дошт. Вале Каримов ғаразҳои Ҷӯраев аз чунин сӯиқасдро шарҳ дода натавонист ва ягон факте ҳам наовард, ки даст доштани Ҷӯраев дар сӯиқасд ба ҷони вайро собит кунад.”
Рӯзи 29-уми феврал Додгоҳи шаҳри Шелковски вилояти Маскав масъалаи боздошти Низомхон Ҷӯраевро дар робита ба парвандаи сӯиқасд ба ҷони Каримов баррасӣ мекунад. Вакили мудофеъ Ставитская мегӯяд, ҳадаф аз парвандаи нав ин аст, ки ба озодии Ҷӯраев роҳ дода нашавад ва ӯ дар маҳбас боқӣ бимонад. Озодии Ҷӯраев метавонад, сабаби аз Русия хориҷ шудани ӯ гардад, зеро аризаи ӯро Кумиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон ба баррасӣ гирифтааст. Қаблан Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар истирдоди Ҷӯраевро ба Тоҷикистон манъ карда буд.
Тоҷикистон аз Русия хостааст, Низомхон Ҷӯраев бо сабаби айбдор шуданаш дар як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла ташкили гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, нигаҳдории силоҳ, сирқати амвол, куштор, пулшӯӣ боздошт ва ба дасти мақомоти Душанбе супурда шавад. Додситонҳои Тоҷикистон ӯро ҳамчунин дар қатли ноиби додситони кулли кишвар Толиб Бобоев дар соли 1999 низ айбдор мекунанд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2009 зиёда аз 30 нафарро бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо Ҷӯраев ба мӯҳлатҳои аз 10 то 25 сол зиндонӣ кард, ки ба ҳайси “парвандаи исфарагиҳо” маъруф аст. Аммо вакилони дифоъ ва хешу наздикони маҳкумшудагон ҳамаи иттиҳомотро рад мекунанд. Матбуоти Тоҷикистон навишта буд, ки қарори додгоҳ дар мавриди “парвандаи исфарагиҳо” на дар додгоҳ, балки ҷои дигар гирифта шудааст.
Дар моҳи августи соли 2010 мақомоти Русия бо дархости Тоҷикистон Ҷӯраевро дар Маскав боздошт карданд ва дар моҳи феврали соли 2011 Додситонии кулли Русия ба истирдоди Ҷӯраев қарор кард. Дар ин байн Низомхон Ҷӯраев аз ҳукумати Русия дархости паноҳандагӣ кард ва созмони Афви Байнулмилал аз мақомоти Маскав хост, Ҷӯраевро истирдод накунанд, зеро вай дар ватанаш метавонад ҳадафи шиканҷа қарор гирад.