Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, сарфи назар аз тамдиди замони боздошти Низомхон Ҷӯраев, вакили пешини Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва раҳбари пешини корхонаи кимиёи ноҳияи Исфара, ба ватанаш истирдод хоҳад шуд.
Абдусамӣ Додобоев, сардори Идораи равобити байналмилалӣ дар Додситонии кулли Тоҷикистон, гуфт, аз сӯи ҳамтоёни онҳо дар Русия то ҳанӯз тафтиши парвандаи Ҷӯраев ба анҷом нарасидааст ва ба ин далел мӯҳлати боздошти ӯ тамдид карда шудааст.
Сардори Идораи равобити байналмилалии Додситонии кулли Тоҷикистон афзуд, ки иттиҳомоти ворида алайҳи Низомхон Ҷӯраев аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон таъйид шудааст.
Бино ба гуфтаи вай, ҷониби Русия бар пояи конвенсияи Минск, ки иҷрои нукоти он барои кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои Муштаракулманофеъ ҳатмист, муваззаф аст масъалаи истирдоди Ҷӯраевро ҳал бикунад.
АЗ СИРҚАТИ МАБЛАҒ ТО ҚАТЛИ АФРОД
Ин мақоми Додситонии кулли Тоҷикистон таъйид кард, ки дар ҳақиқат Низомхон Ҷӯраев аз Хадамоти федеролии Русия дархости паноҳандагӣ кардааст, вале ба ин дархости ӯ мақомоти Русия посухи радд додаанд.
Мақомоти Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраев, раҳбари пешини корхонаи кимиёвии ноҳияи Исфара воқеъ дар шимоли Тоҷикистонро ба иттиҳоми сирқати маблағҳои давлатӣ, ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, сарпечӣ аз пардохти андоз ва қатли афрод мазнун шуморидааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон иллати тамдид ва ё таъхир дар истирдоди Низомхон Ҷӯраев аз Русия ба Тоҷикистонро холӣ аз ангезаи сиёсӣ намеҳисобанд.
ҶӮРАЕВ ЁҚУБ САЛИМОВ НАМЕШАВАД?
Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик, бо ишора ба қазияи истирдоди баъзе аз чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон аз Русия мегӯяд, Ҷӯраев ба фарқ аз Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохилӣ ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси қаблии ҲДТ, сиёсатмадор набудааст, ки рӯи масъалаи истирдоди ӯ кадом муомилае сурат бигирад.
Вале азбаски ӯ бо шахсиятҳои бонуфуз дар доираҳои наздик ба ҳукумат алоқа дошт, имкон дорад аз ӯ ба унвони як манбаи дорои маълумоти муфид ба Русия истифода кунанд.
Дар зимн, мақомоти тафтишотии Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраевро дар қатли Толиб Бобоев, собиқ муовини аввали Додситонии кулли Тоҷикистон, низ муқассир меҳисобанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи ахбори дарёфтӣ Низомхон Ҷӯраев дар мавриди ин қазия баъзе аз маълумотро дар ихтиёри ниҳодҳои тафтишотии Русия гузоштааст, ки дар сурати ифшои он рӯи бархе аз мақомоти баландпоя дар Тоҷикистон соя меандозад.
Абдусамӣ Додобоев, сардори Идораи равобити байналмилалии Додситонии кулли Тоҷикистон, вуҷуди ҳар гуна ангезаи сиёсӣ дар қазияи Ҷӯраевро такзиб кард.
БОБОХОНОВ ВА ПАРВАНДАИ "ИСФАРАГИҲО"
Дар соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи маъруф ба "исфарагиҳо"-ро ба поён расонида буд, ки яке аз афроди мазнун дар ин қазия Низомхон Ҷӯраев дониста мешуд.
Вале натиҷаи ин муҳокима боис ба бурузи ихтилоф миёни ниҳодҳои тафтишотии Тоҷикистон шуд ва ба гуфтаи бархе аз коршиносон як далели барканории Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, ки аз ҳукми додгоҳ дар иртибот ба ин қазия норозӣ буд, маҳз парвандаи "исфарагиҳо" будааст.
Бо ин ҳол, Русия тақозои давлати Тоҷикистон дар мавриди истирдоди бархе аз шаҳрвандонаш аз ин кишварро на ҳамеша қабул кардааст. Дар солҳои гузашта шахсиятҳое чун Додоҷони Атовулло, сардабири нашрияи "Чароғи рӯз" ва Ҳабиб Насруллоев, раиси пешини идораи "Тоҷикматлубот" бо дархости давлати Тоҷикистон дастгир шуданд, вале Русия таслими онҳо ба давлати Тоҷикистонро напазируфт.
Ба бовари бархе аз огоҳони қазия, иллати ҷинояткор эълон шудани Низомхон Ҷӯраев ба фаъолиятиҳои тиҷоратӣ марбут аст, ки баъд аз фирори ӯ ҳарду корхонае, ки дар ноҳияи Исфара роҳбарӣ мекард ба ихтиёри дигарон гузаштааст.