Фарқ байни ҷавонони муосир ва ҷавонони Шӯравии пешин ба қавли мардум "аз замин то осмон" аст. Ҳарчанд имрӯз шароити зиндагӣ ва таҳсили ҷавонон мушкил шудааст, аммо онҳо имкони фаровоне барои шиносоӣ, сӯҳбат бо ҳамтоёни худ аз хориҷ ва ҳам интихоби ҳамсари ояндаи худро доранд.
Феълан ошноии ҷавонон ва ишқварзии онҳо аз тариқи торнамо ва шабкаҳои иҷтимоӣ зиёд мушоҳида мешавад. Ҷавоне дар рӯ ба рӯи роёна ё компютер нишаста, бо духтаре аз Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва ё ҳар ҷойи дигар сӯҳбат мекунад. Онҳо метавонанд ба ҳамдигар акс фиристанд ва аз тариқи видео ҳамдигарро бубинанду сӯҳбат кунанд. Агар ба якдигар хуш омаданд, шояд дар шароити мусоид бо ҳам дидор ва ҳатто хонавода бунёд кунанд.
Аммо чун дар ҳамин сӯҳбатҳои интернетӣ эҳсос мекунанд, ки ба якдигар муносиб нестанд ё ба ҳам хуш наомаданд, "худоҳофизӣ" карда, пайи ҷустуҷӯи ҳамсӯҳбати нав мешаванд.
Яъне, агар дар гузашта ҷавонон ҳамсари ояндаи худро танҳо дар зери чодари арӯсӣ дидаву ошно мешуданд, акнун интихоби ҳамсар хеле озоду соддатар шудааст.
Вале на ҳамеша ва на ҳама ҷавон аз Интернет "шоҳзода" ва ё "кабутарак"-и худро пайдо мекунад ва ё ба пайдо кардани он бовар дорад. Зеро аксари ҷавонон мегӯянд, бархе аз ҷавондухтарону ҷавонписарон ба ҷойи акси худ акси зеботареро гузошта, ба ин восита мехоҳанд ҳамсӯҳбаташон ба худ ҷазб намоянд.
Ҳамсӯҳбатони ҷавони "Озодӣ" дар навори видеоӣ дар ин мавзӯъ ошкоргӯӣ карданд. Агар Шумо ҳам дар ин бора чизе барои гуфтан доред, пас, бо мо ва ҳамаи хонандагон дар миён бигузоред.