Мақомоти Афғонистони ҷангзада роҳеро пайдо карданд, ки ба ақидаи онҳо, аз рӯ задани дигарбораи хусумату душманӣ байни гурӯҳҳои қавмӣ ва сиёсӣ пешгириӣ хоҳад кард. Ин “нӯшдору” тарзи таълими таърихи кишвар аст ва барои он бояд воқеаҳои чиҳил соли охир аз китоби дарсии таърих берун афканда шавад. Ин ҳам дар ҳоле ки таърихи навтарини Афғонистон як достони ҷангист, аз ишғолгарии хориҷӣ гирифта, то ҷиҳод ва бӯҳронҳои сиёсӣ.
Аммо бозтоби ин ҳаводис дар таърихномаҳои Афғонистон яксон нест. Ҳар гурӯҳ ин рӯйдодҳоро аз зовияи худ мебинад ва умдатан хешро қаҳрамону рақибашро хоини ватан қаламдод мекунад. Чунин дарҳаму барҳамӣ мақомоти кишварро ба мушкиле рӯбарӯ кард -- бояд таърих тавре навишта шавад, ки ҳамаи шаҳрвандонро қатъи назар аз мансубияти сиёсӣ, миллӣ ё мазҳабии онҳо розӣ кунад. Илоҷе, ки онҳо пайдо карданд, ин аст, ки бояд дар китоби таърих дар бораи чаҳор даҳаи охир чизе гуфта нашавад.
Сар аз соли нави таҳсил дар мактабҳои Афғонистон, ки аз баҳор шурӯъ мешавад, ҳукумат китоби нави таърихро миёни донишомӯзон тақсим хоҳад кард, ки дар он аз ишғолгарии Шӯравӣ, ҷанги харобиовари дохилӣ, ҳокимияти Толибони тундрав ва мудохилаи байнулмилалии таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида дар соли 2001, ки то ҳоло идома дорад, ҳарфе ба чашм нахоҳад расид. Китоб бо маблағҳои ҳукумати Афғонистон ва кишварҳои мададрасон, аз ҷумла Амрико мунташир шудааст.
Муҳаммадосифи Нанг, муовини вазир маорифи Афғонистон умедвор аст, ки китоби нави дарсӣ ба эҷоди ҳувияти ягонаи миллӣ, ба вижа дар миёни насли ҷавон мусоадат хоҳад кард: "Таърих бояд наслсоз бошад, на вайронкунанда. Он бояд ибрати хуб диҳад, на зимни уқдаҳои қадимӣ низоъҳои нав ангезад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, бигзор ба ҷои сафҳаҳои пур аз хушунат сафҳаҳои холӣ бигузорем."
Ҳарчанд ини иқдом дар дохили ҳукумат пуштибонӣ пайдо кард, ҷомеа ба он шадидан мухолиф аст. Мардум мегӯянд, ҳукумат мехоҳад, ҷинояти ҷангсолорон ва раҳбарони ҷиҳодиро, ки акнун вазифаҳои давлатӣ доранд, пинҳон кунад. Бархе аз мунаққидон инро хилофи вазифаҳои Вазорати маориф медонанд. Илой Иршод, вакили зан дар порлумони Афғонистон мегӯяд, кишвар бояд хатоҳои гузаштаро донад, то онҳоро такрор накунад: "Вазорати маориф набояд чунин кӯтоҳназар ва бадбин бошад. Бояд байни сабти ҳаводис ва таҳрифи таърих фарқ гузошт. Манбаи таърих бояд маърифат ва шинохт бошад. Дирӯз аст, имрӯзро месозад ва имрӯз фардоро..."
Иршод меафзояд, ҷавонону наврасони Афғонистон ҳақ доранд, таърихи кишвари худро бидонанд ва радди ин ҳаққи онҳо хилофкорист. Иқдоми нав ҳамчунин бархе аз омӯзгоронро хамшгин кардааст. Барои намуна, муаллим Абдуллоҳ мегӯяд, ҷавонон бе донистани таърих нахоҳанд тавонист, қазовати дуруст кунанд: "Асноди таърих нишон медиҳад, ки чӣ касоне ба миллат хидмат карданд ва чӣ касоне хиёнат."
Дар чаҳор даҳаи гузашта системаи маорифи Афғонистон бо дигаргуниҳои ҷиддӣ рӯбарӯ гашт, ки аксари онҳо зимни тағйири фазои сиёсӣ ба миён омадаанд. Мақомоти афғон мегӯянд, синфхонаи мактаб бисёр вақт ба саҳнаи ҷанги талбиғотӣ табдил табдил ёфтааст.
Дар давраи ишғолгарии Шӯравӣ дар солҳои 1980 китобҳои дарсӣ коммунизмро тарғиб мекарданд. Аммо дар китобҳои чопи Иёлоти Муттаҳида он вақт муқовимат ба шӯравиҳо дар ҷои аввал қарор дошт. Дар давраи Толибон даъват ба ҷиҳод ё ҷанги муқаддас асоси китобҳои дарсиро ташкил медод. Акнун кормандони маориф вазифаи мушкиле доранд, то падару модарон, омӯзгорон ва мактаббачагонро бовар диҳанд, ки дар китобҳои дарсӣ ҷой надодани рӯйдодҳои чиҳил соли охир беҳтарин роҳи ҳалли ин мушкил аст. Онҳо мегӯянд, масалан, ишора ба ҷангсолори узбак Абдулрашиди Дӯстум, ки ҳоло раиси ситоди артиш аст, ё раисиҷумҳури пешини мамлакат, намояндаи тоҷикон Бурҳонуддини Раббонӣ метавонад дар як синф хашму норозигии муайянеро ба вуҷуд орад.
Дар зимн, донишмандон ва таърихнигорони Афғонистон низ дар бораи нақши чунин шахсони таърихӣ ҳанӯз ба ақидаи ягонае нарасидаанд. Биноан, таърихи Афғонистон барои мактабиён акнун дар оғози солҳои 1970 бо сарнагунии низоми подшоҳӣ ба поён мерасад ва ба дунбол сафҳаҳои холӣ хоҳад дошт.