Ба ин манзур лоиҳаи қонун дар Думаи давлатии Русия пешниҳод ва мавриди арзёбии вакилон қарор гирифтааст. Ин имтиёзҳо нафақаи болотари бознишастагӣ, дастрасии содатар барои соҳиб шудан ба манзил, истифодаи ройгон аз нақлиёти ҷамъиятӣ, пардохти арзонтари хидматгузориҳои коммуналӣ ба мисли пули барқ, об, телефон, таъмири манзилро дар бар мегиранд. Гуфта мешавад бо ин тасмим давлати Русия ӯҳдадориҳояш дар назди сарбозонро, ки дар манотиқи доғ хизмат кардаанд, ба иҷро мерасонад.
Агар барои қонунгузорони Русия ин амр арҷ гузоштан ба сарбозони ҷангдида бошад, барои бархе аз таҳлилагарони тоҷик далели дигари дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон тараф будани Русия аст.
"ШОЯД РУСИЯ ИШТИБОҲАШРО ЭЪТИРОФ КУНАД..."
Барои мисол Давлати Усмон- аз собиқ раҳбарони Иттиҳоди мухолифини собиқи тоҷик мегӯяд, ширкати Русия ва аз як ҷониби низоъи дохилии Тоҷикистон пуштибонӣ кардани он як масъалаи наву ногуфта нест. Дар ҳоле, ки ба унвони меросбари шӯравии пешин, Русия ғалат будани вуруди
артиши шӯравӣ ба Афғонистонро эътироф кардааст, баъид нест, ки бо мурури замон ба ширкати худ дар ҷанги дохилии Тоҷикистон аз назари дигар бархӯрд кунад: «Имрӯз Русия ширкати артиши шӯравӣ дар қазияи Афғонистонро иштибоҳ донистааст ва такрор кардааст, ки дахолати шӯравӣ дар Афғонистон иштибоҳ буд. Шояд замоне бирасад, ки Русия эътироф кунад, ки дахолаташ дар низои дохилии солҳои навадуми Тоҷикистон иштибоҳ буд».
Аз сӯи дигар имтиёз ба иштирокдорони низоъҳои мусаллаҳона ва рафъи ҳолатҳои изтирорӣ дар таҷрибаи давлатдорӣ як кори маъмулӣ аст ва коршиноси тоҷик Нуралӣ Давлатов мегӯяд, ин амр ба ҳеҷ сурат наметавонад баёнгари паёми дигар бошад.
"РУСИЯ ДАР ЯК ҶОНИБИ ҶАНГ ҚАРОР ДОШТ"
Оқои Давлат мегӯяд бо ин вуҷуд, ки маҳз низомиёни баландрутбаи Русия дар ташкил ва пирӯзии Фронти халқӣ- яке аз ҷонибҳои даргири низоъи дохилии Тоҷикистон даст доштаанд, Кремлин ширкати ошкорои сарбозонаш дар ин низоъро эътироф намекунад: «Русҳо албатта эътироф намекунанд, ки дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон як
ҷониби ҷангро тарафдорӣ мекарданд. Вале де-факто мо медонем, ки вай тарафдори як ҷониби ҷанг буд. Ҳанӯз дар соли 1996 замоне, ки ҷанг идома дошт эътироф карда буданд, ки Фронти халқиро мо таъсис дода будем ва мо роҳбарӣ мекардем. Аз ин рӯ ҳатто агар ин қонун ба тасвиб расад ҳам, дар онҷо онҳо аз ишора ҳам намекунанд, ки аз як ҷониби ҷанг тарафдорӣ мекарданд».
ДАР НАҚШИ НЕРӮҲОИ ПОСДОРИ СУЛҲ
Дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 бар изофаи артиши 201, Русия ҳамчунин марзҳои Тоҷикистонро назорат мекард. Нерӯҳои марзбонии Русия борҳо бо нерӯҳои мухолифини тоҷик вориди даргирӣ шудаанд ва хисороти ҷонӣ низ доштанд. Афзун бар ин, дар ин солҳо бахше аз нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон бо дархости ҳукумати Тоҷикистон рисолати Нерӯҳои посдори сулҳро иҷро мекарданд.
Бо ишора ба ин мақоми сарбозони Русия, Саттор Холов- муовини раиси Кумитаи амният ва дифоъ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имтиёзҳои иҷтимоӣ ба ин
сарбозонроаз ӯҳдадориҳои давлати Русия мешуморад: «Ҳукумати Тоҷикистон дар он вақт онҳоро таклиф карда буд байни тарафҳо даромада пеши роҳи ҷангро гиранд. Онҳо иштирок карданд, дар инҷо хизмат карданд. Ин лоиҳаи қонун фикр мекунам бо ҳамин хотир пешниҳод шудааст. Ин кори Думаи давлатии Русия аст ва баҳри ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандони худаш қабул мекунад».
Дар замони муқовиматҳои дохилӣ дар Тоҷикистон 302 низомии ин кишвар кушта ва ҳудуди 400 тани дигар захм бардоштаанд.