Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар Фейсбук бо Радиои Озодӣ бипайвандед!


Сафҳаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук
Сафҳаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук

Дар шабакаи Фейсбук чизе бештар аз сабти барномаҳои радиоӣ, видеоҳо ва навиштаҳои моро хоҳед дид.

Шумори корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дорад. Дар ним соли гузашта наздик ба 8 000 нафар ба сафи онҳо пайвастанд ва теъдоди умумии “фейсбукиён” дар кишвар ҳоло 22 620 нафарро ташкил медиҳад. Дар се моҳи охир даҳҳо гурӯҳу маҳфил ва ҷомеаҳои фейсбукии тоҷикистониён таъсис ёфтаанд, ки бархе аз онҳо акнун барои ом баста буда, дар дохили худ “меҷӯшанд” ва гоҳе ҳавру буғе ба берун меафкананд.

Радиои Озодӣ дар ин шабака нав нест, аммо ҳаргиз талош накардааст, хонандагонро дар гурӯҳ ё маҳфилҳои пӯшида ҷамъ оварад. Баръакс, тамоми маводе, ки Радиои Озодӣ дар ин шабака нашр мекунад, ба ҳар хоҳишманд дастрас буда, ҳар фейсбукие, ки мехоҳад, метавонад, ба ин мавод шарҳ нависад, назар диҳад, ҷанбаъҳои нави мавзӯъро ба миён гузорад ва ҳатто ба кормандони Радиои Озодӣ супорише фиристанд.

Сабти овозии ҳамаи барномаҳои Радиои Озодӣ, беҳтарин мақолаҳо, аксҳо, гузоришҳоеи видеоии моро метавонад дар сафҳаи вижаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук пайдо кунед. Аммо на танҳо ин, балки бештар аз ин ҳама, дар сафҳаи мо дар Фейсбук аксҳое, ки дар торнамои радио нашр нашудаанд ё дар замони мухталиф дар гузашта омода гаштаанд, дар шакли албомҳо пешкаши бинандагон мешаванд.

Инчунин дар сафҳаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук ҳар сари чанд рӯз назарсанҷиҳое ҷараён мегирад, ки Шумо бо як клик ё “нохун задан” метавонед, назари хешро баён доред. Барои намуна, назарсанҷии охир, ақидаву сӯҳбатҳоро дар бораи завқу ормони ҷавонони тоҷик баҳам зад. Пурсиш ин буд, ки оё бузургтарин орзуи ҷавонони тоҷик чист ва дар посух ба он аз гузинаҳои “мансаби баланд”, “таҳсил ва дониши олӣ”, “издивоҷ”, “рафтан ба хориҷа”, “харидани мошини БМВ” аксарияти кул “таҳсил ва дониши олӣ”-ро интихоб карданд, ки метавонад, мояи ифтихори ҷавонони тоҷик бошад.

То ин лаҳза Радиои Озодӣ дар Фейсбук зиёда аз 4500 шарик, дӯст ва ҳамсӯҳбат дорад, ки бо як "нохун задан" маводи радио ба ҳами онҳо мерасад. Агар Шумо ҳам дар Фейсбук сафҳаи худро доред, дар бахши ҷустуҷӯ ё бо истифода аз ибораҳои кабуди ин навишта сафҳаи моро пайдо кунед ва тугмаи "писанд" (like)-ро фишор диҳед. Он гоҳ ба қатори дӯстону шарикону ҳамсафарони Радиои Озодӣ ҳамроҳ мешавед ва мо аз меҳмон шудани Шумо шоду сарафроз мегардем. Он гоҳ хоҳед тавонист, ба матолиби мо дар Фейсбук шарҳу назар нависед ва ё хабару маълумоти муҳиму наверо ба таваҷҷӯҳи ҳамкорони мо расонед, дар назарсанҷиҳо саҳм бигиред.

Бисёр вақт сӯҳбате, ки дар Радиои Озодӣ ё торнамои он сар шудааст, дар Фейсбук идома мекунад ва ҳамчунин хеле мешавад, ки ҷумла ё иборае дар Фейсбук ба гузориш ё таҳлиле сабаб гашта, дар барномаҳои Радиои Озодӣ садо медиҳад ва дар торнамои он ҷойгир мешавад. Чунин намунаҳо зиёданд.

Чизе, ки беш аз ҳама дар Фейсбуки тоҷикистониён ва дар навбати аввал миёни фейсбукиёни Радиои Озодӣ эҳсос мешавад, гармӣ ва меҳрубонии онҳост, ки ба ҳамаи мо нерӯи бузурге медиҳад. Ин ҷо ҳарфи дурушт тақрибан шунида намешавад, ҳарчанд гоҳе мубоҳисон дар ҳимоят аз мавзеи худ хеле сахту шадид сӯҳбат мекунанд, ба сатҳи таҳқиру тавҳин поин намеоянд. Ба ҳар ҳол, ин як хубию рӯшании фейбукиёни Радиои Озодист.

Субҳи имрӯз ҳамагӣ пас аз чанд лаҳзаи нашри аксҳо аз хокбориш ва чангбод дар Душанбе фейсбукиёни мо изҳори нигаронӣ карданд, ки чунин ҳаво барои беморони астма, аллергия ва дилкасалҳо хеле бад аст ва ё пешакӣ онҳоро огоҳ карда бошанд, ки эҳтиёт кунанд. Бо чунин дӯстону шарикон Радиои Озодӣ дар Фейсбук роҳи дарозеро дар пеш хоҳад дошт ва ҳамеша, то замоне ки ҳаст, ҳамсафари онҳо хоҳад буд. Роҳи сафед!
XS
SM
MD
LG