Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархболи суқуткарда барои кӣ пул кор мекард?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Барои бори аввал аст, ки як чархболи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар хориҷ аз қаламрави ин кишвар суқут мекунад.

Суқути ин чархбол дар вилояти Зобули Афғонистон, ки марги чор шаҳрванди Тоҷикистонро дар пай дошт, суолу пурсишҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Як рӯз баъд аз суқути ин чархбол, вазорати дифои Тоҷикистон эътироф кард, ки чархболи суқуткарда вабаста ба нерӯҳои ҳавоии ин кишвар аст. Ва ҳар чаҳор хадамаи он низ, ки дар ин сониҳа кушта шуданд, шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд,

Сабаби суқути чархбол ҳоло таҳқиқ мешавад ва ду нафар аз мутахассисони вазорати дифоъи Тоҷикистон ҳам барои таҳқиқи ин қазия ба Афғонистон рафтанд. Аммо фарзияи ба ҳақиқат наздик суқути чархбол бар асари ҳавои номусоид ва тундбод унвон мешавад. Ҳоло дигар ин ҳам шояд чандон муҳим нест, зеро ҷонҳо аз даст рафт. Суоле, ки акнун матраҳ шудааст, ин аст, ки ин чархбол, ки марбути нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бошад, машғули анҷоми чӣ маъмурияте дар Афғонистон буд?

Вазорати дифои Тоҷикисон мегӯяд, ки чархболи мазкур машғули кӯмак ва мусоидат ба нерӯҳои ISAF ва НАТО дар Афғонистон буд ва ба барномаҳои барқарорсозии баъдиҷангии Афғонистон ширкат мекард.

Фарҳод Ибодуллоев, аз масъулини дафтари матбуотии вазорати дифоъ мегӯяд: «Чархболи мазкур аз моҳи майи соли 2011 ба мақсади интиқоли доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, оби ошомиданӣ ва дигар маводи хӯрока, ки барои истеъмоли рӯзмарра муҳим мебошанд, ба аҳолие, ки дар минтақаҳои душворгузари давлати Афғонистон зиндагӣ мекарданд, парвозҳои кӯмакрасонро амалӣ менамуд. Он дар доираи барқарорсозии вазъи баёди ҷангии давлати Афғонистон дар якҷоягӣ бо қувваҳои байналмилалии мусоидат ба аминят ISAF парвозҳоро анҷом медод.»

Аммо оё нерӯҳои мусаллаҳ ва техникаи онро дар хориҷ аз кишвар истифода кардан имкон дорад? Ва агар бале, бар асоси кадом муқаррарот? Ва бо иҷозаи кадом ниҳод ва мақом чархболи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ба кор гирифта шудааст? Зеро бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, истифодаи нерӯ ва ҷузвутомҳои артиши Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар танҳо бо иҷозаи парлумон имкон дорад.

Дар ҳоли ҳозир чархболҳои ширкати «Тоҷик айр» низ машғули кор дар Афғонистон ҳастанд, аммо ин ширкати тиҷоратист ва табиист, ки қарордоди тиҷоратӣ иҷро мекунад. Вале оё истисное барои истифодаи чархболи вазорати дифоъ ва чархболҳои Горди миллӣ, ки дар Афғонистон машғули кор ҳастанд, вуҷуд дорад?

Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд:
«Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар бе қарори расмии давлат ва парламент истифода бурда
Шодӣ Шабдолов, вакили МН ва раиси ҲКТ
Шодӣ Шабдолов, вакили МН ва раиси ҲКТ
намешаванд. Яъне вазорати дифоъ аз пеши худ наметавонад дар он ҷо кор барад. Аммо ин вазорат дар ихтиёри худаш таҷҳизот ва техника дорад, ки мумкин санаде дошта бошанд, ки мутобиқи он ин таҷҳизотро дар он ҷо ба кор бурдаанд.»

Ба ҳар сурат, ҷомеаи Тоҷикистон бори аввал ба як чунин қазия истифодаи чархболи нерӯҳои мусалаҳ дар хориҷи кишвар зимни баррасии парванди Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди президенти Тоҷикистон ошноӣ пайдо карда буд.

Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқдони тоҷик ва собиқ вакили дифои Ғаффор Мирзоев аз таҷрибаи худ мегӯяд: «Вазорати мудофиа ё Горди миллӣ бевосита ба номи Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳ гузориш мекунад оид ба иҷоза додан барои додан ба иҷора. Ва бевосита аз сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳ иҷоза мегиранд ва онро пиёда мекунанд.»

Аммо ҳамаи ин суханон дар ҳолест, ки шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки чархболҳои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Афғонистон ҳаргиз таҳти номи Тоҷикистон ё нишони вазорати дифоъ ва ё нишони Горди миллӣ амал
Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифоъ
Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифоъ
намекунанд. Ва онҳо сирфан қарордоди тиҷоратӣ дорад. Ва хадамаи он чархболҳо низ, аз ҷумла чор шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон на ба унвони афсарони вазорати дифоъ, балки ба унвони як мутахассиси мулкӣ бо ширкати корфармо қарордод доштанд. Ин чархбол ба гуфтаи шоҳидон, дар Афғонистон бо нишони "Supreme Food" парвоз анҷом медод.

Зимни қазияи ду халабони ширкати "Ролкан" дар Тоҷикистон маълум шуд, ки бисёре аз ҳавопаймоҳое, ки дар Афғонистон бар асоси қарордод парвоз мекунанд, санади расмӣ надорад. Дар воқеъ ба гуфтаи огоҳони умур, аксари ин ҳавопаймо ва чархболҳое, ки истифода мешаванд ва асноди баҳснок доранд, мутааллиқ ба ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла Русия, Украина, Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошанд. Шоҳидоне, ки дар Афғонистон дар барномаҳои кӯмакрасонӣ кор кардаанд, мегӯянд, ки ҳамаи ҳавопаймоҳои Тоҷикистон комилан фармоишҳои тиҷоратӣ анҷом медиҳанд ва ҳеҷ робитае ба кӯмаки баъдиҷангӣ ва нерӯҳои кӯмак ба амнияти НАТО надоранд. Ва ҳадафи аслӣ аз истифодаи онҳо дар Афғонистон, даромади пулӣ аст.

Назаршо Искандаров, коршиноси тоҷик, ки таҷрибаи чандсолаи парвозҳо дар Афғонистонро дорад ва бо вазъият ошно аст, мегӯяд: «Аслан нерӯҳои низомӣ ҳаққи ин гуна корҳоро надорад. Зеро он ҷо бояд афрод ва техникаи ғайри низомӣ кор кунад. Зеро ҳамаи борҳо ғайри низомӣ аст. Ҳамаи ин корҳо ба манзури даромад анҷом мегирад. Ду чархболи вазорати нерӯҳои марзбонӣ ҳам он ҷо буд, намедонам ҳоло ҳаст ё не. Вале аз Горди миллӣ ҳаст ва кор мекунад.»

Дар ҳоле чархболҳои вазорати дифоъ, Горди миллӣ ва нерӯҳои марзбонӣ дар парвозҳои тиҷоратӣ анҷом медиҳанд, ки дар чанд муддати охир Тоҷикистон чандин бор ба чархбол ниёзи шадид пайдо кард, аммо барои рафъи ниёзи худ чархбол надошт. Аз ҷумла охирин маврид дар банди барф мондани сарбозони марзбон дар ноҳияи Шӯрообод буд, ки дархости чархбол барои наҷоти онҳо шуд, аммо чархоле набуд. Қабл аз он як кӯҳнаварди украинӣ дар Помир сарозер ва кушта шуд, ки чандин рӯз мурдаи он дар интизори чархбол буд ва ин ҳол боиси масхараи Тоҷикитсон дар расонаҳои байналмилалӣ шуда буд.

Аммо аз он ҳам ҷолибтар, вақте ҳодисаи селхезии Кӯлоб пеш омад, ниёз ба чархбол пайдо шуд, боз ҳам чархболе набуд. Аммо мардум аз пойгоҳи 201-и Русия домангир шуд, ки чаро барои рафъи мушкил чархболе надод. Он гоҳ на ҳама медонистанд, ки чандин чархболи Тоҷикистон қарордоди тиҷоратӣ дар хориҷ аз кишвар анҷом медиҳанд.

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили МН аз ҲНИТ
Саидумар Ҳусайнӣ, вакили МН аз ҲНИТ
Акнун бархе аз коршиносон ва вакилони маҷлис мегӯянд, ки бояд истифода аз чархболҳо дар Тоҷикистон ва додани онҳо ба иҷора танзим шавад ва зимни ин танзим, пеш аз ҳам ниёзи худи Тоҷикистон ба ин василаҳои техникӣ мадди назар гирифта шавад.

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили МН мегӯяд: «Дуруст аст, ки дар ҳама ҷо як иддаоро мекунанд, ки ин чархбол машғули кӯмак ва расонидани борҳои ғайри низомӣ буд. Аммо аз сӯи вазорати дифоъ такрор шудани ин гап, баръакс шубҳаро бар меангезад ва фикр мешавад, ки шояд ин даъвоҳо барои он аст, ки ҳадафи аслӣ пинҳон бимонад. Хуб давлат ҳақ дорад, ки воситаҳо ва техникаҳоро ба он ҷо бифиристад, аммо ин дар сурате бояд бошад, ки худи двлат ва миллати худат ба он ниёз надошта бошад. Ҳоло аз ҳар тараф болои мо таҳдид аст, худое нахоста як иттифоқе пеш биояд, чӣ хоҳем кард? Барои ҳамин, ин техника, ки хеле гарон ҳаст ва буҷаи вазорати дифои мо ҳам мушкил дорад, беҳтараст, ки дар дохили кишвар ва дар ҳолати омодабош қарор дошта бошад. Вале мо намедонем ба дурустӣ ин чархболҳо чӣ корро он ҷо анҷом медоданд, пули он чанд аст ва ба давлат чанд фоида мерасонад.»

Бархе коршиносон ҳам мегӯянд, ки бояд комиссияи ҷамъиятӣ ва ё парлумоние барои таҳқиқи ҳақиқати истифодаи чархболҳои Тоҷикистон дар Афғонистон ва наҳваи интиқоли ҳаққи истифодаи онҳо таъсис шавад.

Чархболи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо чаҳор хадамаи он - Вадим Грудино, Бахтиёр Ҷӯраев, Азизулло Мансуров ва Хушнуд Амирбеков аз моҳи майи соли гузашта то кунун дар Афғонистон парвози тиҷоратӣ анҷом медод. Агар ба қавли масъулини вазорати дифоъ бовар кунем, ки ин нерӯҳо ба барқарории баъдиҷангии Афғонистон ва таъмини амният кӯмак мекард, ин чаҳор нафар қаҳрамонанд.

Се нафар аз хадамаи ин чархбол зодагони Бадахшони кӯҳӣ ва дуруфтода буданд. Вақте ҷасади ин афрод тавассути ҳавопаймои НАТО ба Душанбе оварда шуд, Тоҷикистон боз ҳам чархболе, ки ин ҷанозаҳоро ба Бадахшон интиқол диҳад, надошт. Ва ҳафтсад километр роҳи кӯҳӣ ва яхбаставу пурхатарро ин ҷанозаҳо дар болои як КАМАЗ ва дар ду рӯз интиқол шуданд.
XS
SM
MD
LG