Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми видоъ бо сарнишинони чархболи Тоҷикистон


Акс аз сомонаи "Азия Плюс" гирифта шудааст.
Акс аз сомонаи "Азия Плюс" гирифта шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳувияти халабонҳои кушташуда дар Афғонистонро эълон карданд. Суқут таҳқиқ мешавад.

Ба гуфтаи мақомот, ин халабонҳо полковник Вадим Грудино, майор Бахтиёр Ҷӯраев ва лейтенантҳо Азизулло Мансуров ва Хушнуд Амирбеков мебошанд.

Ҷасадҳои ин халабонон рӯзи гузашта аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда шуд ва имрӯз ба ин муносибат дар Донишкадаи ҳарбии вазорати дифои Тоҷикистон маросими видоъ баргузор гашт.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи якшанбе хабаргузориҳо навиштанд, ки як чархбол дар ғарби вилояти Зобул, дар тақрибан 350-километрии ҷануби Кобул суқут кардааст. Ба дунболи ин хабар, мақомоти тоҷик таъйид карданд, ки он марбут ба нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон будааст.

Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, ин чархбол дар анҷоми амалиёти ғайринизомӣ ва расонидани кӯмакҳои башарӣ ба нуқоти дурафтодаи Афғонистон ширкат мекард. Ва ҳарчанд ҳайати хадамаи ин чархбол низ афсарони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон буданд, маъмурияти низомӣ надоштанд ва фақат барои барномаҳои ғайринизомӣ ва бозсозии Афғонистон парвоз анҷом медоданд.

Аммо бино бар хабарҳо, чархболҳо фармоиши ширкати "Supreme Food"-ро иҷро мекарданд, ки вазифаи асосии он таъмини нерӯҳои НАТО бо маводи ғизост. Аз ин лиҳоз оё ҳавопаймоҳои давлатии Тоҷикистон чӣ гуна ва зери кадом шароит ва ба манфиати кӣ бо иҷрои вазифаи тиҷоратӣ машғул буданд, суолбарангез боқӣ мемонад. Дар ҳоли ҳозир чандин ҳайати дигари халабонҳои тоҷик дар Афғонистон машғули парвоз ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомоти вазорати дифоъ, ин чархбол аз моҳи майи соли гузашта то кунун дар Афғонистон бар асоси қарордод парвоз анҷом медод. Ин парвозҳо ба гуфтаи вазорати дифоъ "дар доираи барқарорсозии вазъи баъди ҷангии давлати Афғонистон дар якҷоягӣ бо қувваҳои байналмилалӣ, мусоидат ба амнияти ин минтақа" анҷом мегирифтаанд.

Гуфтанист, соли гузашта низ бар асари як сониҳаи ҳавоӣ дар гарданаи Соланги Афғонистон, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои ширкати ҳавопаймоии "Помир" кор мекарданд, ҷони худро аз даст доданд.
XS
SM
MD
LG