Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия мегӯяд, дар ҷараёни дидори ахираш аз Эрон мақомҳои ҷумҳурии исломиро тарғиб кардааст, то музокироти ҳастаиро бо шаш қудрати ҷаҳонӣ аз сар бигиранд.
Вай дар бораи вокуниши мақомҳои Эрон ба пешниҳоди ӯ гуфтааст, "онҳо мувофиқат карданд."
Дар ҳамин ҳол, як дипломат аз кишварҳои гурӯҳи 5+1 ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, Эрон то кунун ба номаи Кетрин Аштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо посух надодааст.
Ин дипломат, ки хост номаш фош нашавад, гуфтааст, "он чи ки дархост кардаем, нисбатан содда мебошад. Мо ниёз дорем, ки онҳо дар бораи мавзӯъҳои марбут ба барномаи ҳастаии ин кишвар, ки қарор аст дар дастури музокирот қарор бигирад, комилан рӯшан ва шаффоф бошанд. Онҳо бояд ин масъаларо аз тариқи расмӣ ва рӯшан баён кунанд."
Аз ин пеш, Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон дар як конфронси хабарӣ ба ҳамроҳи Аҳмад Довудоғлу гуфта буд, ки Саид Ҷалилӣ, музокиракунандаи ҳастаии Эрон, посух ба хонум Аштонро ба сафири Туркия хоҳад супурд.
Даври пешини музокироти Эрон ва намояндагони кишварҳои 5+1, яъне Бритониё, Амрико, Чин, Русия ва Фаронса ба ҳамроҳи Олмон, дар моҳи январи соли гузашта бидуни натиҷае баргузор шуд.
Дар ин музокирот дар ҳоле ки гурӯҳи 5+1 моил буд, то меҳвари ин гуфтугӯ барномаи ҳастаии ҷумҳурии исломӣ бошад, Эрон хоҳони музокира дар бораи масоили байнулмилалӣ буд.