"Хазинаи Амударё" дар охири қарни 19 аз ҷониби як гурӯҳ аз кишоварзони тоҷик аз мавзеи Тахти сангин, воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, ёфт ва ба бозаргонони ҳиндӣ фурӯхта шудааст.
Ин бозаргонон дар навбати худ бозёфтҳои гаронарзиши таърихиро ба сайёҳони биритониёӣ фурӯхта будаанд. Ҳамин тариқ, ин бозёфтҳои таърихӣ, ки ба асрҳои 3 ва 4-и пеш аз милод рост меоянд, дар осорхонаи Бритониёи Кабир ҷой гирифтанд.
Ҳамкори мо Сафаргул Олимӣ бо Музаффар Азизов, мудири бахши ҳифзу нигаҳдории бозёфтҳои таърихии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мусоҳибае анҷом дода ва пурсидааст, ки барои бозпас овардани нусхае аз "Хазинаи Амударё" чӣ корҳое анҷом ёфтанд?
Музаффар Азизов: "Ҳанӯз дар замони Шӯравии пешин баҳсҳо ва талошҳо буданд, то исбот кунанд, ки воқен бозёфтҳои Амударё моли мо - тоҷикон аст ва аз қаламрави кишвари мо, аз Тахти сангин ёфт шудааст. Олими шинохтаи рус Игор Рубинин Пчикинян, ки дар
Тахти сангин тадқиқоти бостоншиносӣ анҷом медод ва ман ҳам дар он ҳайъат будам, солҳои 1982-83 гуфта буд, ки Хазинаи Амударё дар ҳамин мавзеъ кашф шудааст. Яъне, аз ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон. Вале танҳо дар замони соҳибистиқлолии кишвар ва пас аз боздиди раисиҷумҳури мо аз ин ёдгориҳо дар осорхонаи Бритониё мо тавонистем ба ин ҳадаф бирасем. Мо бо ирсоли номае ба сафорати Бритониё дар Тоҷикистон дархост кардем, то имкон фароҳам шавад, ки мардуми мо низ аз ин ёдгории таърихии кишвари худ бархӯрдор бошанд. Инчунин гуфтем, ки дар навиштаҷоти он тағйирот ворид шавад. Яъне бояд навишта шавад, ки ин ганҷина аз ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон ёфт шудааст. Пас аз чанде мо ҷавоби мусбат гирифтем. Масъули осорхонаи Бритониё, дақиқтараш сарнигоҳдори ин ганҷина, Джон Куртис як диски аксҳои ин ганҷинаро ба осорхонаи ноҳияи Қубодиён тӯҳфа кард. Барои нусхабардории ин ганҷина бояд онҳо аввал барқарор карда мешуданд ва болояшон оби зарҳал кашида мешуд. Вазорати фарҳанг харҷи онро ба ӯҳдаи худ гирифт. Инчунин қарор аст, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе як конфронси байналмилалӣ роҷеъ ба Хазинаи Амударё баргузор шавад."
Озодӣ: Дар ин конфронс аз Бритониё ҳам намояндагон иштирок хоҳанд кард?
Музаффар Азизов: "Бале, бе ин намешавад. Ҳатман онҳо иштирок мекунанд. Як чиз боиси хушнудист, ки дар навиштаҷоти ганҷинаи Амӯдарё тағйирот ворид шудааст ва бо англисӣ навиштаанд, ки воқеан ин бозёфтҳо аз ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон ёфт шудааст. Мо пештар ҳам маълумот доштем, ки ин хазина аз чиҳо иборат аст, вале вақте диски рангаро сафорати Бритониё ба мо тӯҳфа кард, бештар дар бораи он маълумот ҳосил кардем."
Озодӣ: Оё гуфтушунидҳо ё талошҳо ба он ҳадде нарасид, ки ин ганҷинаи бебаҳои фарҳангии мардуми тоҷик дар шакли нусха не, балки дар аслаш баргардонида шавад?
Музаффар Азизов: "Медонед, осорхонаи Бритониё ягон ганҷина ё экспонатҳоро, ки маҳфуз медорад, барнамегардонад. Баъдан дар қарни 19, вақте ин хазина ёфт шуд, ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надошт. Дар ин музеи овозадор на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз тамоми гӯшаву канори олам, ҳатто аз Африқову Ҳиндустон низ бозёфтҳоро нигоҳ медоранд ва ҳифз мекунанд. Тасаввур кунед, агар ин гаҷинаи мо ба дасти савдогарону бозаргонони кишварҳои дигар меафтод, тақдираш чӣ мешуд? Шояд нобуд мешуд. Вале дар музеи
Бритониё онҳоро ҳифз карданд ва ба онҳо умри дубора бахшиданд. Бояд шукрона кунем, ки онҳо ҳастанд ва бояд онҳоро ба насли ҷавонамон шинос кунем. Ноумед шудан ҳам нашояд. Ягон вақту шароите фароҳам меояд, ки ин хазинаи мо дар аслаш баргардонида шавад. Аммо ҳоло барвақт аст дар ин бора гуфтан. Мутаассифона, бархе расонаҳо сару садо мекунанд, ки чаро барнагардонданду дигару дигар. Набояд фаромӯш кард, ки чанд муддат пеш чунин норизоиятҳо пайдо шуданд ва инҳо ба гӯши масъулини музеи Бритониё расид ва боз чанд муддати дигар лозим шуд, ки миёни мо гармӣ пайдо шавад ва дар ин самт ба ифоқа бирасем. Ё гирем, ин ганҷина баргардонида шуд, магар мо ҳоло осорхонае бо тамоми шароиту имконоти нигаҳдории онҳоро ва ё мутахассисони ботаҷрибаро дорем, ки онҳоро нигаҳдорӣ карда тавонанд? Не. Ҳарчанд осорхонаи нави мо сохта мешавад, бояд чунин шароиту имконотро дошта бошем ва баъдан талаб кунем, ки хазинаву ганҷинаҳои таърихии мо баргардонида шаванд. Вале ба ҳар сурат ноумед шудан лозим нест."

АКСҲОИ БЕШТАР АЗ "ХАЗИНАИ АМУДАРЁ"-РО ДАР ИН ҶО БУБИНЕД