Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Ӯ гуфт, “ин мутахассиси 46-солаи босниягӣ муҷаввизи мураббии дараҷаи PRO дорад. Кемал Алиспахич дар ин мақом Олимҷон Рафиковро иваз кард. Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Олимҷон Рафиков, ки иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии кишвар буд, изҳори миннатдорӣ намуд ва ба ӯ дар кори мураббигӣ муваффақият хост. Олимҷон Рафиков ба ҳайси сармураббии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе қаҳрамони Тоҷикистонро ба Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё, ки моҳи майи соли ҷорӣ шурӯъ мешавад, омода месозад."
Ба иттилои Валерий Турсунов, ноиби аввали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кемал Алиспахич, солҳои пешин дар дастаҳои "Сараево", "Железничар" (Сараево), "Слобода" (Ужитсе, Сербия), "Дуйсбург" (Олмон), "Кайсериспор" (Туркия) ва "Лозанна-Спорт" (Швейтсария) бозӣ кардааст.
Алиспахич шурӯъ аз соли 1997 дар мақоми сармураббии тимҳои "Лозанна" (U-21, Швейтсария), КФ "Этагниерес" (Швейтсария), "Железничар" (Босния ва Герсоговина), "Сараево" (Босния ва Ҳерзеговина), "Сабо" (Эрон), НК "Единство" (Бихач, Босния ва Ҳерзеговина), "Муган"(Саляни, Озарбойҷон), "Ал-Иттиҳод"(Алеппо, Сурия) кор кардааст.
Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар се чемпионат ва Ҷоми Босния ва Ҳерзеговина ғолиб омада, ду бор Суперкубоки Босния ва Герсеговина ва як маротиба Ҷоми Сурияро ба даст овардаааст.
Алиспахич ба ҷуз забони модариаш забонҳои немисӣ, туркӣ, фаронсавӣ ва русиро медонад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии нав ба бозии охирини сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Куриёи Шимолӣ, ки 29-уми феврал дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, дар Туркия омодагӣ хоҳад дид.
Инчунин Алиспахич дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар Ҷоми даъвати АФК-2012, ки 8-уми март дар Непал оғоз меёбад, сарварӣ мекунад. Дар шаҳри Катманду футболбозони тоҷик бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (9-уми март), Кореяи Шимолӣ (11-уми март) ва Филиппин (13-уми март) дар як гурӯҳ бозӣ хоҳанд кард.