Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷ – зиёрат ё тиҷорат?


Додситонии вилояти Суғд ба тафтиши вуҷуди фасоду ришвахорӣ миёни масъулони сафарбарӣ ба маросими Ҳаҷ-2011 оғоз кардааст.

Ин тафтиш бар пояи шикояти Истадмурод Акрамов, намояндаи пешини Омбудсмени тоҷик дар шаҳри Хуҷанд аз сӯи додситонӣ ё прокуратураи Суғд сурат мегирад.

Ҷаноби Акрамов дар як номаи худ, ки дар баъзе аз расонаҳои Тоҷикистон ҳам ба нашр расид, аз фасоду ришвахории густарда ҳангоми сафарбарӣ ба зиёрати Хонаи Каъба аз сӯи масъулон ёдовар шуда, тафтиши онро тақозо карда буд.

Ҷамҳур Ҷиянов, ёвари калони додситони вилояти Суғд гуфт, "ҳар як маълумоте, ки дар навиштаи Акрамов ҳаст, додситонӣ онро санҷида, пас аз он қарор содир хоҳад кард." Дар сурати исбот шудани вуҷуди фасод аз ҷониби масъулони роҳандозии маросими Ҳаҷ, Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар Суғд низ ба тафтиши ин қазия хоҳад пардохт.

Истадмурод Акрамов дар соли 2011 миёни панҷуним ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон маросими Ҳаҷро адо кардааст. Ӯ мегӯяд, қонуншиканӣ ва фасоду ришвахорӣ аз ҷониби масъулони маъракаи сафарбарӣ ба Ҳаҷ дар кишвар ба як "одат" табдил шуда, бояд аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ ба таври ҷиддӣ таҳқиқ шавад.

Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "қонуншинкании аз ҳама ҷиддӣ ин аст, ки маблағи зиёрати Ҳаҷро раисони шӯъбаҳои дин ҷамъ карданд. Аслан маблағи Ҳаҷҷи 2011-ро барои шаҳрвандони Тоҷикистон 3 ҳазору 448 доллар эълон карда буданд, аммо аз ҳар як зоирон бе ягон санади расмӣ 3 ҳазору 600-долларӣ ҷамъ карданд. Баъди он аз бонк ба маблағи 3 ҳазору 448 доллар "квитансия" доданд."

Шикояти намояндаи собиқи Омбудсмени тоҷик дар Хуҷанд дар мавриди ришвахорӣ ҳангоми сафарбарӣ ба Ҳаҷ вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст. Мазбут Воҳидов, мутахассиси пешбари Идораи дини ҳукумати вилояти Суғд мегӯяд, аз шикояти Истадмурод Акрамов хабар доранд, вале онро "зиёдагӯӣ" мешуморанд.

"Маблағи Ҳаҷ аз тарафи Кумитаи оид ба корҳои дини ҷумҳурӣ 3 ҳазору 448 доллар муайян шуда буд ва ҳамин қадар аз зоирон ҷамъ карда шуд. Агар 3 ҳазору 600-долларӣ ҷамъ оварда ва квитансия дода бошем, маблағи зиёдатиашро кӣ ба давлат медиҳад?",-гуфт ӯ.

Ҷаноби Воҳидов ин нуктаро, ки мақомоти бархе аз шаҳру ноҳияҳои Суғд зоирони Хонаи Каъбаро барои саҳм гирифтан ба маблағгузорӣ дар корҳои хайр даъват карда буданд, рад нанамуд.

Дар оғози солҳои 2000-ум, замоне ки теъдоди ба ҳаҷравандагон дар Тоҷикистон афзоиш ёфт, мақомоти Кумитаи дин талош кард, ки танзими сафари Ҳаҷро ба ихтиёри ин ниҳоди динӣ бигирад ва соҳиби бозори гарме шавад, ки ширкатҳои сайёҳӣ аз гуселу пешвози зоирон ба вуҷуд оварда буданд.
XS
SM
MD
LG