Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои довталабони ҳаҷ маҳдудиятҳои нав ҷорӣ шуд


Имсол Кумитаи дини Тоҷикистон рафтани ҷавонони то 18-сола ва пирони аз 80-сола болоро ба зиёрати хонаи Каъба мамнӯъ кардаааст. Ин матлабро масъулини кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон баён доштаанд.

Абдуғаффор Юсупов, сардори шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили Ҳаҷи Кумитаи дин, ки бо радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт:

Бар асоси дастурамали тартиби сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра танҳо ба сокинони аз 18-сола то 80—сола барои сафари ҳаҷ иҷоза дода мешавад.”

"Мухолиф ба меъёрҳои дини ислом"

Ҳарчанд мақомот, ин тасмими худро рӯшан тавзеҳ надоданд, вале иддае бар ин боваранд, ки давлат мехоҳад ба ин восита пеши роҳи ҷавонҳоеро бигирад, ки ба нияти Ҳаҷ вориди Арабистони Саудӣ шуда, дигар барнамегарданд.

Худи мақомот низ борҳо гуфтаанд, ки дар кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ даҳҳо толибилмоне зиндагӣ ва таҳсил мекунанд, ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи онҳо иттилои кофӣ надорад.

Уламои дини ислом бошад, мегӯянд, ин тасмими Кумитаи дин агарчӣ аз назари давлатдорӣ муҳим аст, вале бо меъёрҳои дини ислом мухолифат дорад.

Домулло Қурайшхон, имомхатиби масҷиде дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки солҳои пеш ҳаҷкунандагонро роҳбаладӣ кардааст, мегӯяд, дини ислом барои адои Ҳаҷ маҳдудият надорад.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини ислом буда, барои ҳар фарди мусулмон дар тамоми умр як бор фарз аст. Агар ин фард ба балоғат расидаасту тавоноӣ дорад. Рӯҳониён мегӯянд, касе, ки ин тавоноиро дораду аз фарзи худо рӯ мегардонад, пас аз дидгоҳи шариат ҷурмеро муртакиб шудааст.

Вале маҳдудияти синну сол барои сафари имсолаи Ҳаҷ танҳо маҳдудияте нест, ки мақомоти Кумитаи дин пеши пои ҳоҷиён гузоштаанд.

Ҳоҷиён аз манобеъи даромадашон пурсида мешаванд

Кумитаи дин ҳамчунин аз онҳое, ки нияти ҳаҷ карданро доранд, хостааст, ки ҳангоми хонапурӣ намудани асноди лозим, манобеи даромадашонро низ возеҳ бинависанд. Иттилое, ки то ин дам ҳоҷиён маҷбур набуданд, ки дар бораи он ба касе чизе бигӯянд.

Вале як сокини ноҳияи Ашт, ки нахост исмаш фош шавад гуфт, бо кӯмаки фарзандонаш, ки муддатҳои тӯлонӣ дар Русия кор мекунанд, мушарраф шудааст, ки асноди лозим барои сафари Ҳаҷро ба мақомоти ноҳия супорад ва дар ин бора ба мақомот низ бигӯяд.

Абдуғаффор Юсупов, сардори шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили Ҳаҷи Кумитаи дин, мегӯяд, солҳои пеш баъзе аз сокинони Тоҷикистон манзилхои худро фурӯхта ба Ҳаҷ рафтаанд, ки агар аз як тараф ба шариати ислом дуруст нагирад, аз тарафи дигар оқибаташ ба хушӣ наанҷомидааст: «Мо ин гуна ҳолатҳоро дидем. Барои ҳамин манбаи даромадро ҳатмӣ кардем. Чунки ҳаҷ барои фарде фарз аст, ки имконоти кофӣ дошта бошад. Масалан, агар маблағи ҳаҷ тақрибан 3200 долларо ташкил диҳад, бояд ҳамин қадари дигар маблағ дар хонааш дошта бошад. Нашавад, ки баъд аз ҳаҷ рафтани ӯ фарзандонаш мӯҳтоҷи каси дигаре шаванд

Аммо Раҳматулло Валиев, коршиноси тоҷик, ин тасмимҳои ахири Кумитаи динро нақзи ҳуқуқи онҳое медонад, ки аввалан мусулмонанд ва баъдан солиманду тавоноӣ доранд: «Фикр мекунам, ин чиз бояд озод бошад. Ва инро ба эътиқоду виҷдони ҳар нафар ҳавола кунанд. Зеро ҳаҷ яке аз рукнҳои муҳими дини ислом аст. Ба назари ман, ин тасмимҳо пурра маҳдуд кардани озодии эътиқоди ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.»

Квотаи ҳаҷ барои Тоҷикистон афзоиш ёфт

Бо ин ҳол, имсол аз Тоҷикистон 5 ҳазору 500 нафар ба зиёрати хонаи Каъба хоҳанд рафт, ки дар муқоиса ба як соли пеш 500 нафар бештар будааст.

Мақомоти кумитаи дин мегӯянд, ҳуҷҷатгузории ин афрод дар мақомоти маҳаллӣ то 31-уми август анҷом шуда, сафари онҳо пеш аз иди Қурбон, ки пас аз ду моҳи иди Рамазон меояд, тавассути ҳавопаймоҳои дохилӣ анҷом хоҳад шуд, ки арзиши роҳкирои он дар муқоиса ба соли пеш 151 доллар арзонтар аст.

Агар як соли пеш барои Ҳаҷ рафтан 3342 доллар зарур буд, ҳоло кофист, ки 3191 доллар дошта бошед.

Мувофиқи шартномаи миёни Кумитаи дин ва Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ, парвози ҳоҷиён танҳо бо роҳи ҳавоӣ ва танҳо тавассути ҳавопаймоҳои дохилӣ анҷом мешавад ва он ҳам аз тариқи хатсайри Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд.
XS
SM
MD
LG