Ин тасмим рӯзи душанбе дар як ҷаласаи изтирории масъулони вазорати маорифи Тоҷикистон гирифта шуд.
Дар ин бора Сиддиқ Муборак, сухангӯи вазорати маориф хабар дода ва гуфт, ки сардиҳои рӯзҳои ахир ба ҷараёни таълими хонандагон дар манотиқи кишвар мушкил пеш овардааст. Оқои Муборак гуфтааст, ин тасмим ҳамчунин ба хотири ҷилавгирӣ аз бемориҳои бештар миёни хонандагони мактабҳои миёна рӯи даст гирифта шудааст.
"Бинобар бориши зиёди барф, сардии ҳаво ва барои ҳифзи сиҳати хонандагон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ муваққатан таътил эълон карда шудааст",-гуфт ӯ.
Масъулони вазорати маориф мегӯянд, минбаъд ҷиҳати таъмини иҷрои барномаҳои таълимӣ дар мактабҳо барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ рӯзҳои шанбе дарс ва барои хонандагони синфҳои аз 5 то 11 дарсҳои иловагӣ ташкил карда мешаванд.
Дар се рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари кишвар барфи зиёде борида, ҳаво тақрибан то 20 дараҷа сард шуд.
Таътили чоррӯза дар мактабҳои Тоҷикистон дар ҳоле эълон мегардад, ки рӯзи шанбеи 4-уми феврал Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон аз сардии ҳаво дар кишвар ҳушдор дода буд. Ин марказ гуфт, то 8-уми феврал дар кишвар ҳавои сард, аммо бебориш боқӣ мемонад.
Масъулони Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки "бо қатъи бориши барфи шиддатнок ва сард гардидани ҳаво, дар роҳҳои кишвар эҳтимол яхбандӣ ба вуҷуд меояд."
Дар пайи ин ҳушдори Маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд баста шуда, баъди ду рӯз дубора фаъол гардид. Бо ин вуҷуд, ба қавли масъулони Маркази обу ҳавосанҷӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар дар ин рӯзҳо эҳтимоли резиши баҳман ва ё тарма дар манотиқи кӯҳӣ дар назар аст.
Бо ин ҳол, имсол барои нахустин бор аст, ки дар пайи сардиҳои зимистон хонандагон ба таътили кӯтоҳмуддат фиристода мешаванд. Ин вазъ дар зимистони 2008 низ ба вуҷуд омада буд.