Бориши барфу фаромадани туман кор дар фурудгоҳи байнулмилалиро ба мушкил рӯ ба рӯ намуда, мақомоти фурудгоҳ барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ҳаводиси ногувор маҷбур ба гирифтани ҳамчунин тасмим шудаанд.
Аз шаби гузашта то кунун садҳо мусофир дар фурудгоҳи Душанбе интизори парвоз нишастаанд. Инҳо умдатан мусофирони хатсайрҳои Сургут, Cанкт-Петербург, Екатеринбург ва Новосибирски Русия ҳастанд, ки бо гузашти ҳар соат мусофирони бештаре ба дигар хатсайрҳо ба ин мусофирон ҳамроҳ мешаванд.
Ба далели бориши барф ва ҳавои номусоид, ҳавопаймоҳои ин хатсайрҳо дар фурудгоҳи Хуҷанд нишастанд ва интизори бозпарвоз ба Душанбе мебошанд. Аммо фурудгоҳи Душанбе аз баъди зуҳр агарчанд иҷозаи парвози чанд ҳавопайморо додааст, аммо ҳамчунон барои қабули ҳавопаймоҳо баста аст.
Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи Душанбе мегӯяд: «Ба хотири он, ки биниш маҳдуд аст, қабул ва парвози ҳавопаймоҳо қатъ карда шуд. Барои он, ки дар чунин ҳолатҳо парвоз ва нишасти ҳавопаймоҳо хатарнок аст. Баъди зуҳр бархе парвозҳо аз ин тараф сурат гирифт. Аммо қабули ҳавопаймоҳо ҳанӯз иҷоза нашудааст.Давоми шаб мебинем, ки чӣ мешавад.»
Масъулини фурудгоҳ мегӯянд, иҷозаи қабули ҳавопаймоҳо ба беҳбуди вазъи ҳаво ва коҳиши абролудагии осмони Душанбе вобаста мебошад. Феълан на танҳо фурудгоҳ, балки ҳамаи Душанберо абри тирае зер кардааст ва барф ба шиддат меборад. Аммо беҳбуди ҳаворо кай метавон интизор шуд?
ҲАВОИ ТАҒЙИРЁБАНДА. ТОҶИКИСТОН ДАР ИНТИЗОРӢ САРДӢ
Масъулини Маркази ҳавошиносӣ мегӯянд, ки дар шаби панҷум ба шашум ва рӯзи оянда ҳарорати ҳаво як дараҷа хунуктар ва бориш ҳамчунон идома хоҳад дошт. Валентина Версикова, корманди Маркази ҳавошиносӣ мегӯяд: «Имшаб ва ҳамчунин фардо субҳ низ боридани барф идома хоҳад дошт. Ҳамчунин ҳаво абролуда хоҳад буд. Дар тӯли рӯз вазъи ҳаво тағйир мекунад. Ин гуна вазъи ҳаво дар саросари ҷумҳурӣ ҳукмфармо хоҳад буд.»
Масъулини Маркази ҳавошиносӣ мегӯянд, ки аз рӯзи чоршанбе ба баъд, яъне аз рӯзи 7-ум то 9-уми декабр вазъи ҳаво тағйир хоҳад кард, аммо аз рӯзи даҳум ба баъд дубора бориши барф ва ҳавои сарде Тоҷикистонро интизор хоҳад буд.
Дар тӯли ду моҳи ахир ин барои дуввумин бор аст, ки Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба далели номусоидии ҳаво парвозҳоро муваққатан бозмедорад. Моҳи октябри низ фурудгоҳи Душанбе қабули парвозҳоро як муддате мутавақиф карда буд, аммо далели он ғубори шадиди афғонӣ буд.
ҲАРАКАТ ДАР ШОҲРОҲҲО ДУШВОР ШУДААСТ
Аммо бориши барфу борон ва ҳавои номусоид бештар аз ҳама то кунун мусофирон дар роҳҳои Тоҷикистон, хоса дар масриди Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғро зиён расонидааст. Борҳо дар тӯли ду ҳафтаи ахир ҳаракати нақлиёт дар масири Душанбе - Хоруғ ва Душанбе - Хуҷанд қатъ шудааст. Дар ҳоли ҳозир ҳам ағбаи Шаҳристон ба далели барфу борон убури корвонҳоро бо маҳдудият ва реҷаи махсус анҷом медиҳад. Як рӯз ҳаракати мошинҳо ба шимол ва як рӯз аз шимол ба ҷануб сурат мегирад.
Роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ ҳам се рӯз дар мавзеи Кишти Шурообод масдуд буд ва акнун дубора боз шудааст. Аммо охирин хабар ҳокӣ аз кушта шудани як ронанда бо номи Аҷамёр Курбони 22-сола дар ин масир аст, ки ба КАМАЗ-аш сангпора бархӯрдааст. Ва як мусофир бо исми Гавҳар Қурбоноваи 60-сола ҳам бар асари садама дар масири Душанбе -Хоруғ ҷон додааст. Масъулин танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз ҳодиса дар роҳҳоро, худдорӣ аз сафар бидуни зарурати хос медонанд.